Доварон 10 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ДАҲУМ Тӯлоъ — довари ҳафтум. 1 Ва баъд аз Абималик Тӯлоъ ибни Фуоҳ ибни Дӯдӯ, марде аз сибти Иссокор бархост, то ки Исроилро наҷот диҳад; ва ӯ дар Шомир, дар кӯҳи Эфроим сукунат дошт. 2 Ва ӯ бар Исроил бисту се сол доварӣ намуд; ва ӯ вафот ёфта, дар Шомир дафн карда шуд. Ёир — довари ҳаштум. 3 Ва баъд аз ӯ Ёири ҷилъодӣ бархоста, бар Исроил бисту ду сол доварӣ намуд. 4 Ва ӯ сӣ писар дошт, ки бар сӣ харкурра савор мешуданд, ва онҳо сӣ шаҳр доштанд; онҳо то имрӯз деҳоти Ёир номида мешаванд, ки дар замини Ҷилъод воқеанд. 5 Ва Ёир вафот ёфта, дар Қомӯн дафн карда шуд. Бори шашум аз Худо дур шудани Исроил ва гирифтори асорат гардидани он. 6 Ва аз нав банӣ‐Исроил он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд, ва Баалҳо, ва Аштораҳо, ва худоёни Арам, ва худоёни Сидӯн, ва худоёни Мӯоб, ва худоёни банӣ‐Аммӯн, ва худоёни фалиштиёнро ибодат мекарданд; ва Худовандро тарк намуданд, ва Ӯро ибодат намекарданд. 7 Ва хашми Худованд бар Исроил аланга гирифт, ва Ӯ онҳоро ба дасти фалиштиён ва ба дасти банӣ‐Аммӯн таслим намуд. 8 Ва онҳо банӣ‐Исроилро дар он сол ба танг оварданд ва азият доданд; ҳаждаҳ сол дар ҳаққи тамоми банӣ‐Исроил, ки дар он тарафи Урдун, дар замини амӯриён, дар Ҷилъод буданд, зулм карданд. 9 Ва банӣ‐Аммӯн аз Урдун гузаштанд, то ки ба Яҳудо ва Биньёмин ва хонадони Эфроим низ ҷанг кунанд: ва исроилиён бағоят ба танг омаданд. 10 Ва банӣ‐Исроил сӯи Худованд истиғоса бурда, гуфтанд: «Мо пеши Ту гуноҳкор шудаем, зеро ки Худои худро тарк намуда, Баалҳоро ибодат кардаем». 11 Ва Худованд ба банӣ‐Исроил гуфт: «Ман, охир, шуморо аз мисриён, ва аз амӯриён, ва аз банӣ‐Аммӯн, ва аз фалиштиён наҷот додам; 12 Ва аҳли Сидӯн, ва Амолеқ, ва Моӯн шуморо ба танг оварданд, ва шумо сӯи ман истиғоса бурдед, ва Ман шуморо аз дасти онҳо наҷот додам. 13 Ва шумо Маро тарк карда, худоёни дигарро ибодат намудед, бинобар ин Ман шуморо дигар наҷот нахоҳам дод. 14 Биравед ва сӯи худоёне ки баргузидаед, истиғоса баред; бигзор онҳо шуморо дар вақти тангии шумо наҷот диҳанд». 15 Ва банӣ‐Исроил ба Худованд гуфтанд: «Мо гуноҳкор шудаем; ҳар он чи дар назари ту писанд ояд, ба мо бикун, фақат имрӯз моро раҳоӣ деҳ». 16 Ва онҳо худоёни бегонаро аз даруни худ дур карданд, ва Худовандро ибодат намуданд; ва дили Ӯ аз боиси азиятҳои Исроил маҳзун шуд. 17 Ва банӣ‐Аммӯн ҷамъ шуда, дар Ҷилъод ӯрду заданд; ва банӣ‐Исроил ҷамъ шуда, дар Мисфо ӯрду заданд. 18 Ва кавм, сарварони Ҷилъод, ба якдигар гуфтанд: «Он касе ки бар зидди банӣ‐Аммӯн ба ҷанг шурӯъ намояд, сардори ҳамаи сокинони Ҷилъод хоҳад буд». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden