Дониёл 8 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ҲАШТУМ Дар рӯъё падид омадани қӯчқоре назди наҳр ва нарбузе. 1 Дар соли сеюми салтанати подшоҳ Балшасар, ба ман, Дониёл, рӯъёе зоҳир шуд, баъд аз он ки бори аввал ба ман зоҳир шуда буд. 2 Ва дар рӯъё дидам, — ман худро дар Шушани пойтахт, ки дар вилояти Элом воқеъ аст, дидам; — ва дар рӯъё дидам, ки ман назди наҳри Улой мебошам. 3 Ва чашмонамро боло бардошта, дидам, ки инак, қӯчқоре назди наҳр истодааст, ва он ду шох дорад, ва шохҳояш баланд аст, вале яке аз дигаре баландтар аст, ва баландтараш дертар баромад. 4 Дидам, ки ин қӯчқор ба самти ғарб ва шимол ва ҷануб шох мезанад, ва ҳеҷ ҳайвоне наметавонад пеши он истодагӣ намояд, ва касе нест, ки аз дасти он халос кунад; ва он ҳар чи мехост, мекард, ва бузург мешуд. 5 Ва ман назар мекардам, ва инак, нарбузе аз ғарб бар рӯи тамоми замин меояд; пойҳояш ба замин намерасид; ва шохе дар мобайни чашмони нарбуз намоён буд. 6 Ва ба тарафи он қӯчқори соҳиби ду шох, ки дида будам назди наҳр истодааст, равона шуд ва бо шиддати хашми худ сӯи он давид. 7 Ва онро дидам, ки ба қӯчқор наздик шуда, бо ғазаб ба он ҳамла овард, ва қӯчқорро зада, ду шохи онро шикаст; ва қӯчқорро маҷоле набуд, ки пеши он истодагӣ намояд, ва он варо бар замин афканда, поймол намуд, — ва касе набуд, ки қӯчқорро аз дасташ халос кунад. 8 Ва нарбуз ниҳоятдараҷа бузург шуд, ва ҳангоме ки пурзӯр гардид, шохи калонаш шикаст, ва дар ҷои он чор шох пайдо шуд, ки сӯи чор боди осмон нигаронида шуда буд. 9 Ва аз яке аз онҳо як шохи майдае баромад, ки ба самти ҷануб ва ба самти шарқ ва ба самти замини дилписанд бағоят бузург шуд. 10 Ва ин шох то лашкари осмон бузург шуд, ва як қисми лашкар ва ситорагонро бар замин афканда, поймол намуд. 11 Ва он то Сарвари лашкар бузург шуд, ва қурбонии доимӣ аз Ӯ гирифта шуд, ва макони муқаддаси Ӯ тарк карда шуд; 12 Ва ба қурбонии доимӣ ба василаи маъсият хотима дода хоҳад шуд; ва ростӣ бар замин афканда хоҳад шуд; ва ин шох дар тамоми кораш комьёб гардид. 13 Ва ман муқаддасеро шунидам, ки сухан мегуфт, ва ин муқаддас ба фалонӣ сухан ронда, гуфт: «Рӯъё дар бораи қурбонии доимӣ ва дар бораи маъсияти харобиовар, ки қудс ва лашкарро поймол намудааст, то ба кай хоҳад буд?» 14 Ва ба ман гуфт: «То ду ҳазору сесад шом ва субҳ; ва он гоҳ адл дар қудс барқарор хоҳад шуд». 15 Ва воқеъ шуд вақте ки ман, Дониёл, ин рӯъёро дидам, ва маънои онро меҷустам, — инак, дар рӯ ба рӯям мисли қиёфаи марде намудор шуд. 16 Ва ман аз даруни Улой овози одамиро шунидам, ки хитоб намуда, мегуфт: «Эй Ҷаброил! Ба вай ин рӯъёро бифаҳмон». 17 Ва ӯ ба он ҷо, ки ман истода будам, омад, ва чун омад, ман ҳаросон шуда, бар рӯи худ афтодам; ва ӯ ба ман гуфт: «Бидон, эй писари одам, ки ин рӯъё ба замони охир тааллуқ дорад». 18 Ва ҳангоме ки ӯ ба ман сухан мегуфт, ман рӯй бар замин мадҳуш будам; вале ӯ ба ман даст расонд, ва маро дар ҷое ки истода будам, ба по хезонд. 19 Ва гуфт: «Инак, ман туро аз он чи дар охири ғазаб рӯй хоҳад дод, огоҳ менамоям, чунки ин замон ба охир хоҳад расид. 20 Қӯчқори соҳиби ду шох, ки ту дидаӣ, подшоҳони Модай ва Форс мебошанд. 21 Ва он нарбуз подшоҳи Юнон аст, ва шохи калоне ки дар мобайни чашмони ӯ буд, подшоҳи аввалин аст. 22 Ва ин ки он шох шикаст ва дар ҷояш чортои дигар баромад, ин яъне аз он халқ чор салтанат барпо хоҳанд шуд, вале қувваташон мисли куввати ӯ нахоҳад буд. 23 Ва дар охири салтанати онҳо, вақте ки осиён бадкории худро ба анҷом мерасонанд, подшоҳи бешарм ва дасисакоре хоҳад бархост; 24 Ва қувваташ бузург хоҳад буд, вале на ба сабаби қуввати худи ӯ; ва харобиҳои аҷибе ба амал хоҳад овард, ва дар аъмолаш комьёб хоҳад шуд, ва зӯроварон ва қавми муқаддасонро ба ҳалокат хоҳад расонд; 25 Ва ба туфайли ақлаш дар дасисакорӣ муваффақият ба даст хоҳад овард, ва дар дили худ мағрур хоҳад шуд, ва бисьёр осоиштагонро ба ҳалокат хоҳад расонд, ва бар зидди Сарвари сарварон қиём хоҳад кард, ва бе он ки дасте расида бошад, шикаст хоҳад хӯрд. 26 Ва рӯъёи оид ба шом ва субҳ, ки дар бораи он сухан рафт, дуруст аст, валекин ту ин рӯъёро пинҳон намо, зеро ки он баъд аз айёми зиёде ба вуқӯъ хоҳад омад». 27 Ва ман, Дониёл, музтариб шуда, якчанд рӯз бемор хобидам; ва чун бархостам, ба корҳои подшоҳ машғул шудам; ва аз рӯъё дар ҳайрат будам, вале касе инро пай набурд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden