Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Дониёл 7 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ҲАФТУМ Рӯъёҳои Дониёл: дар рӯъё падид омадани ҳайвонҳо.

1 Дар соли якуми Балшасар, подшоҳи Бобил, Дониёл бар бистари худ хобе ва рӯъёҳои сари худро дид; он гоҳ хобро навишта, асли масъаларо баён кард.

2 Дониёл ба сухан оғоз намуда, гуфт: «Шабона дар рӯъёи худ дидам, ва инак, чор боди осмон бар баҳри бузург ҳамла оварданд,

3 Ва чор ҳайвони калон, ки аз ҳамдигар фарқ доштанд, аз баҳр берун омаданд.


Ҳайвони якум — салтанати Набукаднесар.

4 Якуми онҳо мисли шер буд, вале болҳои уқобро дошт; ва дидам, ки болҳои он канда шуд, ва он аз замин бардошта шуд, ва мисли одамизод бар пойҳояш гузошта шуд, ва дили одамӣ ба он дода шуд.


Ҳайвони дуюм — салтанати Форс.

5 Ва инак, ҳайвони дигари дуюм, ки мисли хирс буд, ва дар як тараф меистод, ва дар даҳони он, дар миёни дандонҳояш, се дандони ашкӣ буд, ва ба он чунин гуфтанд: „Бархез ва гӯшти бисьёре бихӯр!“


Ҳайвони сеюм — салтанати Мақдуния.

6 Баъд аз он дидам, ва инак, ҳайвони дигаре ки мисли паланг буд, ва бар тахтапушташ чор боли мурғро дошт; ва ин ҳайвон чор калла дошт, ва салтанат ба он дода шуда буд.


Ҳайвони чорум — салтанати Рум.

7 Баъд аз он дар рӯъёҳои шаб дидам, ва инак, ҳайвони чорум, ки саҳмгин ва даҳшатангез ва бисьёр бақувват буд, ва дандонҳои калони оҳанин дошт; вай мехӯрд ва пора‐пора мекард, ва боқимондаро бо пойҳои худ поймол менамуд, ва аз ҳамаи ҳайвонҳое ки пеш аз вай буданд, фарқ дошт, ва шохаш даҳто буд.


Салтанатҳои даҳ подшоҳ ва шохи майда.

8 Ба он шохҳо менигаристам, ва инак, як шохи дигари майдае аз миёни онҳо баромад, ва сето аз шохҳои пештара пеши он решакан гардид, ва инак, дар ин шох чашмоне буд мисли чашмони одамизод, ва даҳоне буд, ки густохона сухан меронд.


Атиқулайём ва Писар.

9 Ва дидам, ки тахтҳо барқарор гардид; ва Атиқулайём нишаста буд; либоси Ӯ мисли барф сафед, ва мӯйсари Ӯ мисли пашм пок буд; тахти Ӯ — шарораҳои оташ, чархҳои он — оташи сӯзон;

10 Наҳри оташ аз пеши Ӯ ҷорӣ шуда, берун меомад; ҳазорон‐ҳазор ба ӯ хизмат мекарданд, ва беварҳо‐бевар ба ҳузури ӯ меистоданд; доварӣ ба муҳокима нишаст, ва дафтарҳо кушода шуд.

11 Он гоҳ ман дидам, ки аз боиси садои суханони густохонае ки он шох мегуфт, дар пеши назарам он ҳайвон кушта шуд, ва ҷасадаш нобуд гардида, дар оташ андохта шуд.

12 Ва ҳайвонҳои боқӣ аз салтанаташон дур карда шуданд, валекин дарозии умр то замоне ва муддате ба онҳо дода шуд.

13 Дар рӯъёҳои шаб ман дидам, ва инак, мисли Писари одам бо абрҳои осмон меомад, ва то Атиқулайём расид, ва ба ҳузури Ӯ наздик оварданд.

14 Ва салтанат ва ҷалол ва малакут ба Ӯ дода шуд, то ки ҳамаи қавмҳо, умматҳо ва забонҳо Ӯро ибодат намоянд; салтанати Ӯ салтанати ҷовидонист, ки завол нахоҳад ёфт ва малакути Ӯ нест нахоҳад шуд.


Таъбири падид омадани ҳайвонҳо.

15 Рӯҳи ман, Дониёл, андаруни ҷасадам мушавваш гардид, ва рӯъёҳои сарам маро ҳаросон кард.

16 Ман ба яке аз истодагон наздик шуда, ҳақиқатро дар бораи ҳамаи ин аз ӯ пурсидам, ва ӯ ба ман сухан ронда, асли масъаларо ба ман фаҳмонд:

17 „Ин ҳайвонҳои калон, ки чорто ҳастанд, чор подшоҳанд, ки аз замин хоҳанд бархост.

18 Ва муқаддасони Ҳаққи Таоло салтанатро хоҳанд пазируфт, ва салтанатро то абад ва то абадулобод мерос хоҳанд гирифт“.

19 Он гоҳ ман хостам ҳақиқатро дар бораи ҳайвони чорум бидонам, ки он аз ҳамаи дигарон фарқ дошта, бағоят саҳмгин буд: дандонҳояш оҳанин ва чанголаш мисин буд, вай мехӯрд ва пора‐пора мекард ва боқимондаро бо пойҳои худ поймол менамуд;

20 Ва дар бораи даҳ шохе ки бар сари он буд, ва дар бораи шохи дигаре ки баромад, ва се шох пеши он решакан гардид, — дар бораи ҳамон шохе ки чашмон ва даҳоне дошт, ки густохона сухан меронд, ва намуди он аз дигарон калонтар буд.

21 Ва ман дидам, ки он шох бо муқаддасон ҷангида, бар онҳо ғолиб меомад,

22 То даме ки Атиқулайём омад, ва доварӣ ба муқаддасони Ҳаққи Таоло супурда шуд, ва замоне фаро расид, ва малакутро муқаддасон мерос гирифтанд.

23 Чунин гуфт: „Ҳайвони чорум салтанати чорум бар замин хоҳад буд, ки он аз ҳамаи салтанатҳо фарқ хоҳад дошт, ва тамоми заминро хоҳад хӯрд, ва онро поймол намуда, пора‐пора хоҳад кард.

24 Ва даҳ шох, ин яъне аз он салтанат даҳ подшоҳ хоҳанд бархост, ва подшоҳи дигаре баъд аз онҳо хоҳад бархост, ва ӯ аз подшоҳони аввалин фарқ хоҳад дошт, ва се подшоҳро сарнагун хоҳад кард,

25 Ва суханон бар зидди Ҳаққи Таоло хоҳад гуфт, ва муқаддасони Ҳаққи Таолоро мазлум хоҳад кард, ва дар роҳи тағьир додани мӯҳлатҳо ва шариат хоҳад кӯшид, ва онҳо то замоне ва ду замон ва нисфи замон ба дасти ӯ супурда хоҳанд шуд.

26 Ва доварӣ ба муҳокима хоҳад нишаст, ва салтанати ӯро аз ӯ гирифта, то охир несту нобуд хоҳанд кард.

27 Ва малакут ва салтанат ва кибриёи малакутҳо дар таҳти тамоми осмон ба муқаддасон, яъне ба қавми Ҳаққи Таоло дода хоҳад шуд, ки малакути Ӯ малакути ҷовидонист, ва ҳамаи салтанатҳо ба Ӯ хизмат ва итоат хоҳанд кард“.

28 Фарҷоми сухан то ин ҷост. Фикрҳои ман, Дониёл, маро бағоят мушавваш намуд, ва ранги рӯям дигаргун шуд, вале ин гапро дар дили худ нигоҳ доштам».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan