Дониёл 5 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ПАНҶУМ Тақдири Дониёл дар замони подшоҳии Балшасар ва Дорьёвеш. 1 Подшоҳ Балшасар барои ҳазор нафар акобири худ базми бузурге орост, ва дар ҳузури он ҳазор нафар шароб нӯшид. 2 Бо кайфи шароб Балшасар фармон дод, ки зарфҳои тилло ва нуқраеро, ки падараш Набукаднесар аз маъбади Ерусалим берун оварда буд, биёранд, то ки подшоҳ ва акобираш, манкӯҳаҳояш ва сурриягонаш аз онҳо бинӯшанд. 3 Он гоҳ зарфҳои тиллоро, ки аз қудси хонаи Худо, ки дар Ерусалим аст, гирифта шуда буд, оварданд, ва подшоҳ ва акобираш, манкӯҳаҳояш ва сурриягонаш аз онҳо нӯшиданд, — 4 Шароб менӯшиданд ва худоёнеро, ки аз тилло ва нуқра, мис, оҳан, чӯб ва санг буд, ҳамд мегуфтанд. Навиштае бар девор. 5 Дар ҳамон соат ангуштҳои дасти одам пайдо шуда, дар рӯ ба рӯи чароғдон, бар гаҷи девори қасри подшоҳ навишт, ва подшоҳ кафи дастро, ки менавишт, дид. 6 Он гоҳ ранги рӯи подшоҳ канд, ва фикру хаёлаш ӯро ҳаросон кард, бандҳои камараш бемаҷол гардид, ва зонуҳояш ларзида, ба хам мехӯрд. 7 Подшоҳ бо овози баланд фарьёд зад, ки афсунгарон, мунаҷҷимон ва ҷодугаронро биёранд. Подшоҳ ба ҳакимони Бобил хитоб намуда, гуфт, ки «ҳар касе ки ин навиштаро бихонад ва маънояшро ба ман бифаҳмонад, ҷомаи арғувон пӯшонида хоҳад шуд, ва тавқи заррин бар гарданаш овехта хоҳад шуд, ва ҳокими сеюм дар мамлакат таъин хоҳад гардид». 8 Он гоҳ ҳамаи ҳакимони Бобил омаданд, вале натавонистанд навиштаро бихонанд ва маънои онро ба подшоҳ бифаҳмонанд. 9 Подшоҳ бағоят ҳаросон шуд, ва ранги рӯяш канд, ва акобираш мушавваш гардиданд. 10 Малика суханони подшоҳ ва акобирашро шунида, ба базмгоҳ даромад; малика хитоб намуда, гуфт: «Эй подшоҳ, то абад зинда бош! Бигзор фикру хаёлат туро ҳаросон накунад, ва ранги рӯят наканад. 11 Шахсе дар мамлакати ту ҳаст, ки рӯҳи худоёни муқаддас дар ӯст, ва дар айёми падарат рӯшноӣ ва хирад ва ҳикмат, ба монанди ҳикмати худоён дар ӯ ёфт шудааст, ва подшоҳ Набукаднесар, падарат, ӯро раиси ғайбдонон, афсунгарон, мунаҷҷимон ва ҷодугарон таъин намудааст, — худи падарат, эй подшоҳ! 12 Азбаски рӯҳи олидараҷа ва дониш, ва лаёқати таъбир кардани хобҳо, ҳал намудани муаммоҳо ва кушодани гиреҳҳо дар ин Дониёл ёфт шудааст, ва подшоҳ ӯро Балтшасар ном ниҳодааст, пас бигзор алҳол Дониёлро бихонанд, ва ӯ таъбирро баён хоҳад кард». 13 Он гоҳ Дониёлро ба ҳузури подшоҳ оварданд, ва подшоҳ ба Дониёл хитоб намуда, гуфт: «Оё ту ҳамон Дониёл аз байни асирони Яҳудия ҳастӣ, ки падарам подшоҳ аз Яҳудия оварда буд? 14 Ва дар бораи ту шунидаам, ки рӯҳи худоён дар туст, ва рӯшноӣ ва хирад ва ҳикмати олидараҷа дар ту ёфт шудааст. 15 Ва алҳол, ҳакимон ва афсунгаронро ба ҳузури ман оварданд, то ки ин навиштаро бихонанд ва маънояшро ба ман бифаҳмонанд, валекин натавонистанд ин маъноро бигӯянд. 16 Ва ман дар бораи ту шунидам, ки ба ҳалли муаммоҳо ва кушодани гиреҳҳо қодир ҳастӣ. Пас, агар алҳол тавонӣ навиштаро бихонӣ ва маънои онро ба ман бифаҳмонӣ, ҷомаи арғувон хоҳӣ пӯшид, ва тавқи заррин бар гарданат овехта хоҳад шуд, ва ҳокими сеюм дар мамлакат таъин хоҳӣ гардид». Таъбири навиштаи асроромез. 17 Он гоҳ Дониёл ба ҳузури подшоҳ ҷавоб гардонда, гуфт: «Инъомҳои ту бигзор аз они ту бошад, ва мукофоти худро ба дигаре бидеҳ, аммо навиштаро ба подшоҳ хоҳам хонд ва маънояшро ба ӯ хоҳам фаҳмонд. 18 Эй подшоҳ! Худои Таоло ба падарат Набукаднесар салтанат ва бузургӣ ва ҷалол ва шавкат бахшид, 19 Ва аз боиси бузургие ки ба ӯ дода буд, ҳамаи қавмҳо, умматҳо ва забонҳо аз ӯ дар тарсу ларз буданд: ҳар киро мехост — мекушт, ва ҳар киро мехост — зинда мемононд, ҳар киро мехост — баланд мебардошт, ва ҳар киро мехост — ба залолат меандохт. 20 Вале вақте ки дилаш пурғурур ва рӯҳаш барои бадкорӣ сахт шуд, ӯ аз тахти салтанати худ сарнагун гардида, ҷалолаш аз ӯ гирифта шуд, 21 Ва ӯ аз миёни банӣ‐одам бадар ронда шуд, ва дилаш мисли дили ҳайвон гардид, ва масканаш бо гӯрхарон шуд; ӯро мисли говон алаф мехӯронданд, ва аз шабнами осмон баданаш тар мешуд, то эътироф кард, ки Худои Таоло бар салтанати одамизод ҳукмфармост, ва ҳар киро бихоҳад, бар он таъин мекунад. 22 Ва ту, эй писари ӯ Балшасар, дили худро ба тавозӯъ моил накардӣ, гарчанде ки ҳамаи инро медонистӣ; 23 Ва худро бар Худованди осмон баланд гирифтӣ, ва зарфҳои хонаи Ӯро ба ҳузури ту оварданд, ва ту ва акобири ту, манкӯҳаҳоят ва сурриягонат аз онҳо шароб нӯшидед, ва худоёнеро, ки аз нуқра ва тилло, мис ва оҳан, чӯб ва санг ҳастанд, ва намебинанд, намешунаванд ва намедонанд, ҳамд гуфтӣ, вале Худоеро, ки ҷонат дар дасти Ӯст, ва ҳамаи роҳҳоят пеши назари Ӯст, ҷалол надодӣ. 24 Он гоҳ аз ҷониби Ӯ кафи дасте фиристода шуд, ва ин навишта тасвир ёфт. 25 Ва ин аст навиштае ки тасвир ёфтааст: МНЭ, МНЭ, ТКЕЛ, ВУФАРСИН. 26 Чунин аст маънои ин суханон: МНЭ — Худо айёми салтанати туро ҳисоб карда, ба он хотима додааст; 27 ТКЕЛ — ту бар тарозу баркашида шудаӣ, ва вазни ту бағоят сабук баромадааст; 28 ФРС — салтанати ту тақсим карда, ба Модай ва Форс дода шудааст». 29 Он гоҳ Балшасар фармон дод, ва Дониёлро ҷомаи арғувон пӯшонданд, ва тавқи заррин бар гарданаш овехтанд, ва дар ҳаққи ӯ эълон карданд, ки ҳокими сеюм дар мамлакат мешавад. 30 Дар ҳамон шаб Балшасар, подшоҳи калдониён, кушта шуд. 31 Ва Дорьёвеши модаӣ соҳиби салтанат гардид, дар ҳолате ки шасту дусола буд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden