Дониёл 4 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЧОРУМ Фармони подшоҳ. 1 Ман, ки Набукаднесар ҳастам, дар хонаи худ ором будам ва дар қасри худ зиндадил. 2 Хобе дидам, ки маро ҳаросон кард, ва андешаҳои болои бистарам ва рӯъёҳои сарам маро ба изтироб афканд. 3 Ва фармоне аз ҷониби ман дода шуд, ки ҳамаи ҳакимони Бобилро ба хузури ман биёранд, то ки онҳо таъбири хобро ба ман бигӯянд. Се рӯъёи Набукаднесар. 4 Он гоҳ ғайбдонон, афсунгарон, мунаҷҷимон ва ҷодугарон омаданд, ва ман хобро ба онҳо гуфтам, вале онҳо таъбири онро натавонистанд ба ман баён намоянд. 5 Ва ниҳоят Дониёл, ки номаш мисли номи худои ман Балтшасар аст, ва рӯҳи худоёни муқаддас дар ӯст, ба ҳузури ман омад, ва ман хобро ба ӯ гуфтам. 6 «Эй Балтшасар, ки раиси ғайбдонон ҳастӣ, чун медонам, ки рӯҳи худоёни муқаддас дар туст, ва ҳеҷ розе аз ту пӯшида нест! Чунин аст рӯъёҳои хобе ки ман дидаам, ва таъбири онро ба ман бигӯй: 7 Дар рӯъёҳои сарам бар бистарам медидам, ва инак дарахте дар васати дуньё мебошад, ва баландии азиме дорад. 8 Ин дарахт бузург ва мустаҳкам гардида, баландияш то ба осмон расид, ва то ақсои тамоми дуньё намоён мешуд. 9 Баргҳояш зебо, ва мевааш фаровон, ва ғизо барои ҳама дар он буд; ҳайвоноти саҳро дар зери он паноҳ меёфтанд, ва мурғони ҳаво бар шохаҳояш лона месохтанд, ва тамоми башар аз он ғизо мегирифтанд. 10 Дар рӯъёҳои сарам бар бистарам медидам, ва инак фариштаи муқаддасе аз осмон фурӯд омад, 11 Ва бо овози баланд фарьёд зада, гуфт: „Дарахтро бибуред ва шохаҳояшро бишканед, баргҳояшро биафшонед ва меваашро пароканда намоед; бигзор ҳайвонот аз зераш, ва мурғон аз шохаҳояш дур шаванд. 12 Аммо решаи асосиашро дар замин бимонед, ва бигзор ӯ бо бандҳои оҳан ва мис дар миёни сабзаи саҳро аз шабнами осмон тар шавад, ва бо ҳайвонот насиби ӯ алафи замин бошад; 13 Дили инсон аз ӯ кашида гирифта шавад, ва дили ҳайвон ба ӯ дода шавад, ва ҳафт замон бар ӯ бигзарад. 14 Ин гап аз рӯи қарордоди фариштагон аст, ва ин масъала аз рӯи ҳукми муқаддасон аст, то зиндагон бидонанд, ки Ҳаққи Таоло бар салтанати одамизод ҳукмфармост, ва онро ба ҳар кӣ бихоҳад, медиҳад, ва пасттарини одамонро бар он таъин мекунад“. 15 Ин хобро ман, ки подшоҳ Набукаднесар ҳастам, дидаам, ва ту, эй Балтшасар, таъбири онро бигӯй, чунки ҳамаи ҳакимони Бобил натавонистанд таъбири онро ба ман бифаҳмонанд, валекин ту метавонӣ, зеро ки рӯҳи худоёни муқаддас дар туст». Таъбири ин се рӯъё. 16 Он гоҳ Дониёл, ки Балтшасар ном дорад, ягон соат моту мабҳут шуд, ва фикру хаёлаш ӯро ба ҳарос андохт. Подшоҳ хитоб намуда, гуфт: «Эй Балтшасар, хоб ва таъбири он бигзор туро ба ҳарос наандозад!» Балтшасар ҷавоб гардонда, гуфт: «Эй оғои ман, ин хоб ба душманонат, ва таъбири он ба бадхоҳонат бошад! 17 Дарахте ки ту дидаӣ, ки бузург ва мустаҳкам гардида, баландияш то ба осмон расид, ва ба тамоми дуньё намоён мешуд, 18 Ва баргҳояш зебо, ва мевааш фаровон, ва ғизо барои ҳама дар он буд, ва ҳайвоноти саҳро дар зери он сокин буданд, ва мурғони ҳаво бар шохаҳояш лона месохтанд, — 19 Ин ту ҳастӣ, эй подшоҳ, ки бузург ва мустаҳкам гардидаӣ, ва бузургии ту афзуда, то ба осмон расидааст, ва салтанати ту — то ба ақсои замин. 20 Ва ин ки подшоҳ фариштаи муқаддасро дидааст, ки вай аз осмон фурӯд омада, гуфтааст: „Ин дарахтро бурида, несту нобуд кунед, аммо решаи асосиашро дар замин бимонед, ва бигзор ӯ бо бандҳои оҳан ва мис дар миёни сабзаи саҳро аз шабнами осмон тар шавад, ва бо ҳайвоноти саҳро насиби ӯ бошад, то ки ҳафт замон бар ӯ бигзарад“, — 21 Ҳамин аст таъбири он, эй подшоҳ, ва ҳамин аст қарордоди Ҳаққи Таоло, ки ба сари оғоям подшоҳ меояд. 22 Ва туро аз миёни одамон бадар хоҳанд ронд, ва маскани ту бо ҳайвоноти саҳро хоҳад буд, ва туро мисли говон алаф хоҳанд хӯронид, ва туро аз шабнами осмон тар хоҳанд кард, ва ҳафт замон бар ту хоҳад гузашт, то эътироф кунӣ, ки Ҳаққи Таоло бар салтанати одамизод хукмфармост, ва онро ба ҳар кӣ бихоҳад, медиҳад. 23 Ва ин ки амр фармудаанд, ки решаи асосии дарахтро бимонед, ин яъне салтанати ту боқӣ хоҳад монд, агар эътироф кунӣ, ки осмон хукмронӣ менамояд. 24 Аммо, эй подшоҳ, бигзор машварати ман ба ту писанд ояд, ва ту хатоҳои худро бо аъмоли нек, ва гуноҳҳои худро бо шафқат ба камбағалон қатъ намо, — бо ин роҳ оромии ту тӯл хоҳад ёфт». 25 Ҳамаи ин ба подшоҳ Набукаднесар рӯй дод. 26 Баъд аз гузаштани дувоздаҳ моҳ, бар қасри хисравӣ дар Бобил сайру гардиш карда, 27 Подшоҳ ба сухан оғоз намуд ва гуфт: «Ин, охир, Бобили бузург аст, ки ман онро барои хонаи салтанат бо тавоноии қудрати худ ва ба шарафи ҷалоли худ бино кардаам!» Се рӯъё ба амал омад; беморӣ ва сиҳатьёбии подшоҳ. 28 Ин сухан ҳанӯз ба забони подшоҳ буд, ки овозе аз осмон баромад: «Дар ҳаққи ту, эй подшоҳ Набукаднесар, мегӯем: салтанат аз ту дур шудааст! 29 Ва туро аз миёни одамон бадар хоҳанд ронд, ва маскани ту бо ҳайвоноти саҳро хоҳад буд, ва туро мисли говон алаф хоҳанд хӯронид, ва ҳафт замон бар ту хоҳад гузашт, то эътироф кунӣ, ки Ҳаққи Таоло бар салтанати одамизод ҳукмфармост, ва онро ба ҳар кӣ бихоҳад, медиҳад». 30 Дар ҳамон соат ин чиз бар Набукаднесар ба амал омад, ва ӯ аз миёни одамон бадар ронда шуд, ва мисли говон алаф хӯрд, ва аз шабнами осмон баданаш тар шуд, ба тавре ки мӯйҳояш мисли парҳои уқоб, ва нохунҳояш мисли чанголи мурғон калон шуд. 31 Ва баъд аз итмоми он айём ман, ки Набукаднесар ҳастам, чашмонамро сӯи осмон бардоштам, ва ақлам ба ман баргашт, ва Ҳаққи Таолоро муборак хондам, ва Ҳайи Лоямутро ситоиш намудам ва ҳамд гуфтам, ки салтанати Ӯ ҷовидонист ва малакути Ӯ то абад аст. 32 Ва ҳамаи сокинони замин ҳеҷ ҳисоб меёбанд, ва Ӯ ба лашкари осмон ва сокинони замин бар тибқи иродаи Худ амал мекунад, ва касе нест, ки дасти Ӯро рад намояд ва ба Ӯ бигӯяд: «Чӣ мекунӣ?» 33 Дар ҳамон вақт ақлам ба ман баргашт, ва ба шарафи салтанати ман шукӯҳ ва шавкатам ба ман баргашт, ва маро мушовирон ва акобири ман талабиданд, ва бар салтанати худ аз нав барқарор гардидам, ва кибриёи ман афзунтар шуд. 34 Алҳол ман, ки Набукаднесар ҳастам, Подшоҳи осмонро ҳамд ва сано ва такбир мегӯям, ки тамоми аъмоли Ӯ ростист, ва роҳҳои Ӯ адолат аст, ва Ӯ касонеро, ки бо ғурур роҳ мераванд, метавонад паст кунад. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden