Дониёл 3 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ СЕЮМ Ғурури Набукаднесар ва подош барои он. Ҳайкали тилло. 1 Подшоҳ Набукаднесар ҳайкале аз тилло сохт, ки қадаш шаст зироъ ва бараш шаш зироъ буд; онро дар водии Дуро дар вилояти Бобил барқарор намуд. 2 Ва подшоҳ Набукаднесар фиристод, ки ҳокимон, сардорон ва волиён, мушовирон, хазинадорон, доварон, муваккалони бошишгоҳҳо ва ҳамаи ҳукуматдорони вилоятҳоро ҷамъ кунанд, то онҳо ба расми кушоди ҳайкале ки подшоҳ Набукаднесар барқарор намуда буд, биёянд. 3 Он гоҳ ҳокимон, сардорон ва волиён, мушовирон, хазинадорон, доварон, муваккалони бошишгоҳҳо ва ҳамаи ҳукматдорони вилоятҳо ба расми кушоди ҳайкале ки подшоҳ Набукаднесар барқарор намуда буд, ҷамъ шуданд, ва дар рӯ ба рӯи ҳайкале ки Набукаднесар барқарор намуда буд, истоданд. 4 Ва ҷарчӣ бо овози баланд нидо кард: «Ба шумо, эй қавмон, умматҳо ва забонҳо, фармон медиҳем: 5 Чун садои шайпур, сурнай, тор, чилтор, чанг, қӯшнай ва дигар асбоби мусиқиро бишнавед, афтода, ба ҳайкали тиллое ки подшоҳ Набукаднесар барқарор намудааст, саҷда баред. 6 Ва ҳар кӣ наафтад ва саҷда набарад, дарҳол андаруни кӯраи оташи сӯзон андохта хоҳад шуд». 7 Бар тибқи ин, ҳамин ки ҳамаи қавмҳо садои шайпур сурнай, тор, чилтор, чанг ва дигар асбоби мусиқиро шуниданд, — ҳамаи қавмҳо, умматҳо ва забонҳо ба ҳайкали тиллое ки подшоҳ Набукаднесар барқарор намуда буд, саҷда бурданд. Се ҷавони яҳудӣ аз саҷда бурдан ба ҳайкал сар тофтанд. 8 Дар айни замон баъзе калдониён дар ҳаққи яҳудиён чуғӯл карданд: 9 Онҳо ба подшоҳ Набукаднесар шикояткунон гуфтанд: «Эй подшоҳ, то абад зинда бош! 10 Ту, эй подшоҳ, фармон додаӣ, ки ҳар кӣ садои шайпур, сурнай, тор, чилтор, чанг, қӯшнай ва дигар асбоби мусиқиро бишнавад, афтода, ба ҳайкали тилло саҷда барад. 11 Ва ҳар кӣ наафтад ва саҷда набарад, андаруни кӯраи оташи сӯзон андохта хоҳад шуд. 12 Шахсони яҳудие ҳастанд, ки ту онҳоро бар корҳои вилояти Бобил таъин намудаӣ, яъне Шадрак, Мешак ва Абднаҷу; ин шахсон туро, эй подшоҳ, писанд намекунанд, худоёни туро ибодат наменамоянд ва ба ҳайкали тиллое ки ту барқарор кардаӣ, саҷда намебаранд». 13 Он гоҳ Набукаднесар бо хашм ва ғазаб фармон дод, ки Шадрак, Мешак ва Абднаҷуро биёранд; ин шахсонро ба ҳузури подшоҳ оварданд. 14 Набукаднесар ба онҳо хитоб намуда, гуфт: «Эй Шадрак, Мешак ва Абднаҷу, оё шумо қасдан худоёни маро ибодат намекунед ва ба ҳайкали тиллое ки ман барқарор намудаам, саҷда намебаред? 15 Алҳол, агар шумо тайёр бошед, пас чун садои шайпур, сурнай, тор, чилтор, чанг, қӯшнай ва дигар асбоби мусиқиро бишнавед, афтода, ба ҳайкали тиллое ки ман сохтаам, саҷда баред, хуб хоҳад буд; вале агар саҷда набаред, дарҳол андаруни кӯраи оташи сӯзон андохта хоҳед шуд; ва кист он Худое ки шуморо тавонад аз дасти ман раҳо кунад?» 16 Шадрак, Мешак ва Абднаҷу ба подшоҳ ҷавоб гардонда, гуфтанд: «Эй Набукаднесар! Моро ҳоҷати он нест, ки дар ин бора ба ту ҷавоб диҳем. 17 Моро Худое ҳаст, ки Ӯро ибодат менамоем, ва Ӯ қодир аст моро аз кӯраи оташи сӯзон бираҳонад, ва аз дасти ту, эй подшоҳ, низ раҳо хоҳад кард. 18 Ва ҳатто агар на ин тавр аст, туро, эй подшоҳ, маълум бод, ки мо худоёни туро ибодат нахоҳем кард ва ба ҳайкали тиллои ту, ки барқарор намудаӣ, саҷда нахоҳем бурд». Кӯраи оташи сӯзон ба онҳо осебе нарасонд. 19 Он гоҳ Набукаднесар бар Шадрак, Мешак ва Абднаҷу пур аз ғазаб гардид, ва намуди рӯяш дигаргун шуд, ва хитоб намуда, амр фармуд, ки кӯраро аз оташи муқаррарӣ ҳафтчандон бештар оташ дардиҳанд. 20 Ва ба пурзӯртарин мардони лашкари худ фармон дод, ки Шадрак, Мешак ва Абднаҷуро бандубаст намуда, дар кӯраи оташи сӯзон биандозанд. 21 Он гоҳ ин шахсонро дар ҷомаҳо, кулоҳҳо, аммомаҳо ва либосҳои онҳо бандубаст карданд ва андаруни кӯраи оташи сӯзон андохтанд. 22 Азбаски фармони подшоҳ сахт буд, ва кӯра ниҳоятдараҷа оташ дардода шуда буд, он касонро, ки Шадрак, Мешак ва Абднаҷуро дар оташ андохтанд, шарораи оташ кушт. 23 Ва он се шахс, яъне Шадрак, Мешак ва Абднаҷу, дар ҳолате ки бандубаст шуда буданд, андаруни кӯраи оташи сӯзон афтоданд. 24 Он гоҳ подшоҳ Набукаднесар мутаҳайир шуда, саросемавор бархост ва ба мушовиронаш хитоб намуда, гуфт: «Оё мо се шахси бандубастшударо андаруни оташ наандохтем?» Онҳо ба подшоҳ ҷавоб гардонда, гуфтанд: «Хақ асту рост, эй подшоҳ!» 25 Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Ман, охир, чор мардро мебинам, ки бе бандубаст андаруни оташ гардиш мекунанд, ва ҳеҷ осебе ба онҳо нарасидааст; ва намуди марди чорум ба писари Худо монанд аст». Набукаднесар Худои Исроилро муборак хонд ва Ӯро мадҳ намуд. 26 Он гоҳ Набукаднесар ба даҳани кӯраи оташи сӯзон наздик омад ва хитоб намуда, гуфт: «Эй Шадрак, Мешак ва Абднаҷу, эй бандагони Худои Таоло, берун омада, наздик шавед!» Он гоҳ Шадрак, Мешак ва Абднаҷу аз даруни оташ берун омаданд. 27 Ва ҳокимон, сардорон ва волиён ва мушовирони подшоҳ ҷамъ шуда, он мардонро диданд, ки оташ ба баданҳои онҳо таъсир накардааст, ва мӯи сарашон парт нашудааст, ва ҷомаҳошон тағьир наёфтааст, ва ҳатто бӯи оташ ба онҳо нарасидааст. 28 Набукаднесар хитоб намуда, гуфт: «Муборак аст Худои Шадрак, Мешак ва Абднаҷу, ки фариштаи Худро фиристода, бандагони Худро наҷот додааст, ки онҳо ба Ӯ таваккал доштанд, ва ба фармони подшоҳ муқобилият намуданд, ва баданҳои худро нисор карданд, то ки ба ҳеҷ худои дигар, ҷуз Худои худашон, ибодат ва саҷда нанамоянд. 29 Ва аз ҷониби ман фармон дода мешавад, ки аз ҳар қавм, уммат ва забон касе ки дар ҳаққи Худои Шадрак, Мешак ва Абднаҷу сухани носазое бигӯяд, пора‐пора карда хоҳад шуд, ва хонаи вай харобазор хоҳад гардид, зеро худои дигаре нест, ки мисли Ӯ тавонад наҷот диҳад». 30 Он гоҳ подшоҳ ба Шадрак, Мешак ва Абднаҷу дар вилояти Бобил бузургӣ бахшид. 31 Подшоҳ Набукаднесар ба ҳамаи қавмҳо, умматҳо ва забонҳое ки бар тамоми замин сокинанд: осоиштагии шумо афзун бод! 32 Аломот ва мӯъҷизотеро, ки Худои Таоло ба ман нишон додааст, ман салоҳ донистам баён намоям. 33 Чӣ бузург аст аломоти Ӯ ва чӣ аҷоиб аст мӯъҷизоти Ӯ! Малакути Ӯ малакути ҷовидонист, ва салтанати Ӯ то абад аст! |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden