Дониёл 2 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ДУЮМ Рӯъёи Набукаднесар. Ҳакимон таъбири онро наметавонанд ошкор кунанд. 1 Ва дар соли дуюми подшоҳии Набукаднесар, Набукаднесар хобҳо медид, ва рӯҳи ӯ музтариб шуд, ва хобаш аз ӯ дур шуд. 2 Ва подшоҳ амр фармуд, ки ғайбдонон ва афсунгарон ва дуохонон ва мунаҷҷимонро бихонанд, то ки онҳо ба подшоҳ хобҳои ӯро бигӯянд. Ва онҳо омада, ба ҳузури подшоҳ истоданд. 3 Ва подшоҳ ба онҳо гуфт: «Хобе дидам, ва рӯҳи ман музтариб шуд — мехоҳам хобро бидонам». 4 Ва мунаҷҷимон ба подшоҳ ба забони арамӣ гуфтанд: «То абад зинда бош, эй подшоҳ! Хобро ба бандагони худ бигӯй, ва мо таъбири онро баён хоҳем кард». 5 Подшоҳ ба мунаҷҷимон ҷавоб гардонда, гуфт: «Аз ҷониби ман чунин қароре қабул шудааст, ки агар хоб ва таъбири онро ба ман ошкор накунед, пора‐пора хоҳед шуд, ва хонаҳотон харобазор хоҳад гардид, 6 Вале агар хоб ва таъбири онро ошкор кунед, тӯҳфаҳо ва инъомҳо ва ҷалоли азиме аз ҷониби ман пайдо хоҳед кард; пас, хоб ва таъбири онро ба ман бигӯед». 7 Бори дигар онҳо ҷавоб гардонда, гуфтанд: «Подшоҳ хобро ба бандагони худ бигӯяд, ва мо таъбири онро баён хоҳем кард». 8 Подшоҳ ҷавоб гардонда, гуфт: «Ман яқин медонам, ки шумо фурсат меҷӯед, чун мебинед, ки аз ҷониби ман чунин қароре қабул шудааст, 9 Ки агар хобро ба ман ошкор накунед, барои шумо фақат як ҳукмнома аст. Суханони дурӯғу ботилро шумо ният доштед ба хузури ман бигӯед, то ки вақт мурур намояд; пас, хобро ба ман бигӯед, ва ман хоҳам донист, ки таъбири онро метавонед ба ман ошкор кунед». 10 Мунаҷҷимон ба ҳузури подшоҳ ҷавоб гардонда, гуфтанд: «Касе бар рӯи замин нест, ки инро тавонад ба подшоҳ ошкор кунад, дар сурате ки ҳеҷ подшоҳи бузург ва пуриқтидор чунин чизро аз ҳеҷ ғайбдон, афсунгар ва мунаҷҷим талаб накардааст. 11 Ва он чи подшоҳ талаб мекунад, чунон мушкил аст, ки ғайр аз худоёне ки масканашон бо башар нест, ҳеҷ каси дигар наметавонад онро ба ҳузури подшоҳ ошкор кунад». 12 Аз ин сабаб подшоҳ ба ғазаб омада, бағоят хашмгин шуд ва амр фармуд, ки ҳамаи ҳакимони Бобилро несту нобуд кунанд. 13 Ва фармон дода шуд, ки ҳакимон бояд кушта шаванд; ва Дониёл ва рафиқонашро ҷустуҷӯ мекарданд, то он шахсонро ба қатл расонанд. 14 Он гоҳ Дониёл ба сардори посбонони подшоҳ — Арьюк, ки барои куштани ҳакимони Бобил берун омада буд, бо машварат ва ҳикмат муроҷиат намуд; 15 Ба Арьюк, ки мансабдоре ба ҳузури подшоҳ буд, рӯ оварда, гуфт: «Чаро аз ҷониби подшоҳ чунин фармони сахт дода шудааст?» Он гоҳ Арьюк асли масъаларо ба Дониёл баён намуд. 16 Ва Дониёл омада, аз подшоҳ илтимос кард, ки ба ӯ мӯҳлат бидиҳад, то таъбири хобро ба подшоҳ ошкор намояд. 17 Он гоҳ Дониёл ба хонаи худ рафта, ба рафиқонаш Ҳананьё, Мишоил ва Азарьё дар ин бобат хабар дод, 18 То аз Худои осмон дар бораи ин роз марҳамат талаб кунанд, то ки Дониёл ва рафиқонаш бо дигар ҳакимони Бобил несту нобуд нашаванд. Роз ба Дониёл ошкор шуд. 19 Дар он шаб ин роз ба Дониёл дар рӯъё ошкор шуд, ва Дониёл Худои осмонро муборак хонд, 20 Ва Дониёл сухан ронда, гуфт: «Исми Худо аз азал то абад муборак бод, ки ҳикмат ва қудрат аз они Ӯст! 21 Ва Ӯ вақтҳо ва замонҳоро тағьир медиҳад, подшоҳонро сарнагун мекунад ва подшоҳонро барқарор менамояд, ба ҳакимон ҳикмат ва ба оқилон дониш мебахшад. 22 Ӯ чизҳои амиқ ва ниҳонро ошкор мекунад, он чиро, ки дар зулмот аст, медонад, ва нур бо Ӯ сокин аст. 23 Ман туро, эй Худои падаронам, шукрона ва ҳамд мегӯям, барои он ки ҳикмат ва қудрат ба ман бахшидаӣ, ва алҳол он чиро, ки аз ту илтимос намудем, ба ман ошкор кардӣ, зеро ки масъалаи подшоҳро ба мо ошкор кардӣ». 24 Баъд аз ин, Дониёл назди Арьюк, ки подшоҳ қатли ҳакимони Бобилро ба вай супурда буд, рафт; ва омада, ба вай гуфт: «Ҳакимони Бобилро ба қатл нарасон; маро ба ҳузури подшоҳ бибар, ва ман таъбири хобро ба ӯ баён хоҳам кард». 25 Он гоҳ Арьюк фавран Дониёлро ба ҳузури подшоҳ овард, ва ба ӯ чунин гуфт: «Ман шахсеро аз асирони Яҳудия пайдо кардам, ки вай метавонад таъбири хобро ба подшоҳ бигӯяд». 26 Дар ҷавоб подшоҳ ба Дониёл, ки Балтшасар ном дошт, гуфт: «Оё ту метавонӣ хоберо, ки ман дидаам, бо таъбири он ба ман бигӯӣ?» 27 Дониёл ба ҳузури подшоҳ ҷавоб гардонда, гуфт: «Розеро, ки подшоҳ пурсидааст, ҳакимон, афсунгарон, ғайбдонон ва ҷодугарон наметавонанд ба подшоҳ баён намоянд. 28 Аммо Худое дар осмон ҳаст, ки Ошкоркунандаи розҳост, ва Ӯ подшоҳ Набукаднесарро аз он чи дар айёми охир ба вуқӯъ хоҳад омад, огоҳ кардааст. Хоби ту ва рӯъёи сари ту бар бистари ту ин буд: 29 Ту, эй подшоҳ, бар бистари худ дар он хусус фикру хаёл кардаӣ, ки баъд аз ин чиҳо ба вуқӯъ хоҳад омад, — ва Ошкоркунандаи розҳо туро аз он чи ба вуқӯъ хоҳад омад, огоҳ кардааст. 30 Валекин ба ман на аз сабаби ҳикмате ки бештар аз ҳамаи зиндаҳо дорам, ин роз ошкор шудааст, балки аз барои он ки таъбири хоб ба подшоҳ маълум шавад, ва ту фикру хаёли дили худро бидонӣ. Хоби фаромӯшгардида ба ёди подшоҳ оварда шуд. 31 Ту, эй подшоҳ, чунин рӯъёе дидаӣ: инак, як ҳайкали бузург; ин ҳайкали бузург, ки бисьёр дурахшон буд, дар рӯ ба рӯи ту меистод, ва намуди саҳмгине дошт. 32 Сари ин ҳайкал аз тиллои холис, сина ва бозуҳояш аз нуқра, шикам ва ронҳояш аз мис буд; 33 Соқҳояш аз оҳан, пойҳояш қисман аз оҳан ва қисман аз гил буд. 34 Ту дидаӣ, ки санге канда шуд, бе он ки дасте расида бошад, ва пойҳои оҳанин ва гилини ҳайкалро зад ва онҳоро гард‐гард кард. 35 Он гоҳ оҳан, гил, мис, нуқра ва тилло якбора гард‐гард шуда, мисли коҳрезаи хирмангоҳи тобистон гардид, ва бод онҳоро гирифта бурд, ва ному нишоне аз онҳо боқӣ намонд; ва он санг, ки ҳайкалро зада буд, ба кӯҳи бузурге табдил ёфта, тамоми заминро пур кард. Хобро таъбир кардани Дониёл. 36 Хоб ҳамин аст, ва таъбири онро ба ҳузури подшоҳ хоҳем гуфт. 37 Ту, эй подшоҳ, шоҳаншоҳе ҳастӣ, ки Худои осмон ба ту салтанат, қудрат, тавоноӣ ва ҷалол бахшидааст; 38 Ва дар ҳар ҷое ки банӣ‐одам, ҳайвоноти саҳро ва мурғони ҳаво сукунат доранд, онҳоро ба дасти ту супурда, туро бар ҳамаи онҳо ҳукмраво гардонидааст, — он сари тилло ту ҳастӣ. 39 Баъд аз ту салтанати дигаре барпо хоҳад шуд, ки аз салтанати ту пасттар бошад, ва салтанати сеюми дигаре, — салтанати мисин, — ки он бар тамоми замин ҳукмфармо хоҳад шуд. 40 Ва салтанати чорум мисли оҳан қавӣ хоҳад буд; чунон ки оҳан ҳама чизро пора‐пора ва гард‐гард мекунад, он низ, мисли ҳамин оҳани шикананда, ҳамаи ин чизҳоро пора‐пора хоҳад кард ва хоҳад шикаст. 41 Ва ин ки ту пойҳо ва ангуштонро дидаӣ, ки қисман аз гили кулолгар ва қисман аз оҳан буд, ин яъне мамлакати тақсимшудаест, ки қадаре аз қуввати оҳан дар он хоҳад буд, чунон ки ту оҳани бо гили кулолӣ омехтаро дидаӣ. 42 Ва чунон ки ангуштони пойҳо қисман аз оҳан ва қисман аз гил буд, ончунон ин салтанат қисман қавӣ ва қисман зудшикан хоҳад буд. 43 Ва ин ки ту оҳани бо гили кулолӣ омехтаро дидаӣ, ин яъне онҳо бо насли одам омезиш хоҳанд ёфт, валекин бо ҳамдигар пайванд нахоҳанд шуд, чунон ки оҳан бо гил пайванд намешавад. 44 Ва дар айёми он подшоҳон Худои осмон салтанате барпо хоҳад кард, ки он то абад барҳам нахоҳад хӯрд; ва ин салтанат ба қавми дигаре супурда нахоҳад шуд: он ҳамаи ин салтанатҳоро гард‐гард ва несту нобуд хоҳад кард, вале худаш то абад хоҳад истод. 45 Чунон ки ту дидаӣ, ки санге аз кӯҳ канда шуд, бе он ки дасте расида бошад, ва охан, мис, гил, нуқра ва тиллоро пора‐пора кард, ончунон Худои бузург подшоҳро аз он чи баъд аз ин ба вуқӯъ хоҳад омад, огоҳ кардааст. Пас, хоб дуруст ва таъбири он амин аст!» Ба бузургӣ расидани Дониёл. 46 Он гоҳ подшоҳ Набукаднесар рӯйнокӣ афтода, ба Дониёл саҷда бурд ва амр фармуд, ки барои ӯ ҳадияҳо ва бухур биёранд. 47 Подшоҳ ба Дониёл ҷавоб гардонда, гуфт: «Ба ростӣ Худои шумо Худои худоён ва Хукмфармои подшоҳон ва Ошкоркунандаи розҳо мебошад, зеро ки ту тавонистӣ ин розро ошкор намоӣ!» 48 Он гоҳ подшоҳ ба Дониёл бузургӣ бахшид ва инъомҳои сершумор ва гаронбаҳо ба ӯ дод, ва ӯро ҳоким бар тамоми вилояти Бобил, ва раиси сардорон бар ҳамаи ҳакимони Бобил таъин намуд. 49 Ва Дониёл аз подшоҳ илтимос кард, ва ӯ Шадрак, Мешак ва Абднаҷуро бар корҳои вилояти Бобил гузошт. Ва Дониёл дар боргоҳи подшоҳ буд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden