Дониёл 10 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ДАҲУМ Рӯъёи ҷалоли Худо. 1 Дар соли сеюми Куруш, подшоҳи Форс, ба Дониёл, ки Балтшасар ном дошт, ваҳй омад, — ваҳйе ки ҳақиқӣ буд ва ҷанги калоне дошт; ва ӯ ваҳйро фаҳмид ва ба рӯъё сарфаҳм рафт. 2 Дар он айём ман, Дониёл, се ҳафта мотам доштам. 3 Нони болаззат нахӯрдаам, ва гӯшту шароб ба даҳонам надаромадааст, ва равғане ба баданам намолидаам, то даме ки он се ҳафта пур шуд. 4 Ва дар рӯзи бисту чоруми моҳи якум ман дар канори наҳри бузурги Даҷла будам. 5 Ва чашмони худро боло бардошта, дидам: инак, марде ки ҷомаи катон дар бар, ва камарбанде аз тиллои Уфоз бар камар дошт. 6 Ва ҷасади ӯ мисли забарҷад буд, ва чеҳрааш мисли барқи дурахшон, ва чашмонаш мисли машъалҳои сӯзон, ва дасту пойҳояш монанди миси сайқалдор, ва садои гуфтораш мисли ғулғулаи селоб. 7 Ва танҳо ман, Дониёл, ин рӯъёро дидам, ва касоне ки бо ман буданд, ин рӯъёро надидаанд, аммо ларзаи азиме онҳоро фаро гирифт, ва онҳо гурехтанд, то ки пинҳон шаванд. 8 Ва ман танҳо мондам, ва ин рӯъёи бузургро медидам, вале мачолам намонд, ва ранги рӯям канда, дигаргун шуд, ва ман тамоман беқувват гаштам. 9 Ва садои гуфторашро шунидам; ва чун садои гуфторашро шунидам, ман дар холати мадҳушӣ рӯйнокӣ афтода, рӯй бар замин хобидам. 10 Ва инак дасте ба ман расида, маро бар зонуҳо ва кафи дастҳоям ларзон‐ларзон бархезонд. 11 Ва ӯ ба ман гуфт: «Эй Дониёл, марди дилписанд! Суханонеро, ки ман ба ту мегӯям, бифаҳм, ва бар пойҳои худ биист, зеро ки алҳол назди ту фиристода шудаам». Ва чун ин суханонро ба ман гуфт, ман бархостам, дар ҳолате ки ларзон будам. 12 Ва ӯ ба ман гуфт: «Натарс, эй Дониёл, зеро аз рӯзи аввале ки дили худро ба он ниҳодӣ, ки бифаҳмӣ ва пеши Худои худ рӯзадор бошӣ, суханони ту мустаҷоб шуд, ва ман барои он суханони ту омадаам. 13 Валекин малаки салтанати Форс бисту як рӯз ба ман муқобилат намуд, ва инак Микоил, ки яке аз малакҳои аввалин аст, ба мадади ман расид, ва ман дар он ҷо, назди подшоҳони Форс мондам. 14 Ва омадаам, то туро аз он чи дар айёми охир ба қавми ту воқеъ хоҳад шуд, хабардор намоям, зеро ки боз рӯъёе барои он айём ҳаст». 15 Ва чун ба ман чунин суханонро гуфт, бар рӯи худ ба замин афтодам ва лол шудам. 16 Ва инак махлуқе ба сурати банӣ‐одам ба лабҳоям даст расонд, ва ман даҳон кушода, ба сухан даромадам, ва ба махлуқе ки пеши ман истода буд, гуфтам: «Эй оғоям! Аз ин рӯъё банд аз бандам ҷудо шуд, ва ман тамоман беқувват гаштаам. 17 Пас чӣ гуна бандаи ин оғоям бо ин оғоям тавонад сухан ронад? Ман, охир, ҳанӯз қуввате надорам, ва рамақе дар ман намондааст». 18 Ва махлуқи одаммонанд боз ба ман даст расонда, маро тақвият намуд, 19 Ва гуфт: «Натарс, эй марди дилписанд! Салом бар ту бод! Қавидил ва далер бош!» Ва чун инро гуфт, қувват гирифтам ва гуфтам: «Бигӯ, эй оғоям, зеро ки ту маро тақвият намудаӣ». 20 Ва ӯ гуфт: «Оё ту медонӣ, барои чӣ назди ту омадаам? Алҳол бармегардам, то ки бо малаки Форс ҷанг кунам; ва ман чун берун равам, малаки Юнон хоҳад омад. 21 Аммо туро аз он чи дар китоби ҳақиқат навишта шудааст, хабардор хоҳам кард; ва касе нест, ки маро ба зидди инҳо тақвият намояд, магар ки малаки шумо Микоил. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden