Айюб 9 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ НӮҲУМ Айюб ба Билдод ҷавоб мегардонад: ӯ гуноҳкор аст, лекин на риёкор. 1 Ва Айюб ҷавоб гардонда, гуфт: 2 «Яқин медонам, ки чунин аст, вале инсон чӣ гуна ба ҳузури Худо одил шавад? 3 Агар бихоҳад бо Ӯ баҳс кунад, яке аз ҳазор ҳам ба вай ҷавоб нахоҳад дод. 4 Ӯ донодил ва бо қуввати Худ ҷасур аст; кист, ки бар зидди Ӯ қиём карда, саломат монда бошад? 5 Ӯ кӯҳҳоро мекӯчонад, ва намефаҳманд; дар ғазаби Худ онҳоро чаппа мекунад. 6 Заминро аз ҷои он меҷунбонад, ва сутунҳои он ба ларза меояд. 7 Ба офтоб амр мефармояд, ва он тулӯъ намекунад; ва ситорагонро мӯҳр мезанад. 8 Танҳо Худаш осмонро мегустаронад, ва бар баландиҳои баҳр қадамгузор мешавад. 9 Дубби Акбар, Ҷаббор ва Парвин ва бурҷҳои ҷанубро офаридааст. 10 Корҳои бузурги беҳадду ҳисобе мекунад, ва корҳои аҷоибе ки сону шумор надорад. 11 Инак, аз пешам убур менамояд, вале Ӯро намебинам; ва бодвор гузашта меравад, вале Ӯро пайхас намекунам. 12 Инак, мерабояд; кист, ки Ӯро боздорад? Кист, ки ба Ӯ бигӯяд: „Чӣ мекунӣ“? 13 Худо ғазаби Худро бознамедорад; мададгорони раҳаб зери пои Ӯ пахш мешаванд. 14 Алалхусус ман магар метавонам ба Ӯ ҷавоб гардонам, ва суханони худро ба ҳузури Ӯ интихоб намоям? 15 Ҳарчанд ҳақ ба ҷониби ман бошад ҳам, ҷуръат надорам ҷавоб гардонам, балки назди Довари худ тазаррӯъ хоҳам кард. 16 Агар Ӯро мехондам, ва Ӯ ба ман ҷавоб медод, — бовар намекардам, ки овози маро шунидааст, 17 Чунки Ӯ маро бо тундбоди хашмаш шикаст медиҳад, ва ҷароҳатҳои маро бесабаб афзун мекунад, 18 Маро намегузорад, ки нафаси худро рост кунам, балки маро аз талхиҳо сер мекунад. 19 Агар ин бо қувват вобаста бошад, инак Ӯ ҷасур аст, ва агар бо доварӣ вобаста бошад, кист, ки маро хабар кунад? 20 Агар худро сафед кунам, даҳонам маро айбдор менамояд; ва агар беайб бошам, Ӯ маро каҷкор мешуморад. 21 Ман беайб ҳастам, ғами ҷони худро намехӯрам, аз зиндагии худ безор шудаам. 22 Фарқ надорад, бинобар ин мегӯям, ки Ӯ беайб ва шарирро ба ҳалокат мерасонад. 23 Агар тозиёна баногоҳ бикушад, ба яъси бегуноҳон Ӯ истеҳзо мекунад. 24 Замин ба дасти шарир дода шудааст; вай рӯи доварони онро мепӯшонад. Агар Ӯ набошад, пас кист? 25 Ва рӯзҳои ман аз даванда тезравтар аст, — медавад, некӣ намебинад, 26 Мисли заврақҳои бардӣ ба зудӣ мегузарад, мисли уқобе ки ба нахҷир дартоз ҳамла мекунад. 27 Агар бигӯям, ки „биё, андӯҳи худро фаромӯш кунам, туршрӯии худро бартараф намоям ва кушодарӯй гардам“, — 28 Аз азиятҳои худ саропо ба изтироб меоям, зеро медонам, ки Ту маро бегуноҳ ҳисоб нахоҳӣ кард. 29 Модоме ки ман айбдор ҳисоб ёбам, чаро бар абас заҳмат кашам? 30 Агар дар оби барф ғусл намоям ва дастҳои худро бо собун тоза кунам, 31 Он гоҳ маро дар ифлосӣ меғӯтонӣ, ба тавре ки либосҳоям аз ман нафрат хоҳад кард. 32 Зеро ки Ӯ мисли ман одамизод нест, ки тавонам ба Ӯ ҷавоб гардонам, ва якҷоя ба дорулқазо биравем. 33 Дар миёни мо ҳакаме нест, ки дасти худро бар ҳар дуи мо бигузорад. 34 Кошки асои Худро аз ман дур мекард, ва бими Ӯ маро дар даҳшат намеандохт! 35 Он гоҳ сухан мерондам ва аз Ӯ наметарсидам, зеро ки ман ба худии худ чунин нестам. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden