Айюб 8 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ҲАШТУМ Нутқи якуми Билдод, ки Айюбро риёкор мешуморад. 1 Ва Билдоди Шуҳӣ ҷавоб гардонда, гуфт: 2 «То ба кай чунин суханонро хоҳӣ гуфт? Ва гуфтори даҳонат боди пурталотуме хоҳад буд? 3 Оё Худо дар доварӣ каҷкорӣ менамояд? Ва Қодир адолатро каҷ мекунад? 4 Модоме ки писаронат назди Ӯ хато кардаанд, Ӯ онҳоро ба дасти гуноҳашон супурдааст. 5 Агар ту Худоро биҷӯӣ, ва аз Қодир илтиҷо намоӣ, 6 Ва агар ту пок ва росткор бошӣ, яқин аст, ки Ӯ бар ҳифзи ту хоҳад бархост, ва маскани адли туро мукаммал хоҳад кард. 7 Ва агар аввали ту назарногир бошад, охири ту бағоят нашъунамо хоҳад ёфт. 8 Зеро ки аз наслҳои қадим бипурс, ва ба тадқиқоти падарони онҳо диққат намо: 9 Мо дирӯза ҳастем, ва чизе намедонем, чунки рӯзҳои мо сояе бар замин аст. 10 Онҳо, охир, туро таълим хоҳанд дод, ба ту хоҳанд гуфт, ва суханонро аз таҳти дили худ берун хоҳанд овард. 11 Оё най бе ботлоқ қад мекашад? Оё қамиш бе об нумӯ мекунад? 12 Ҳанӯз дар айни таровати худ, бе он ки бурида шуда бошад, пеш аз ҳар алаф хушк мешавад. 13 Чунин аст тариқи ҳамаи худобехабарон; ва умеди кофир нест хоҳад шуд, 14 Ки худбоварии ӯ решакан мешавад, ва паноҳгоҳи ӯ хонаи анкабӯт аст: 15 Бар хонаи худ такья мекунад, вале наметавонад истодагӣ намояд; онро сахт медорад, вале наметавонад қоим бошад. 16 Пеши офтоб нахл сабзу хуррам аст, ва навдаҳояш бар рӯи боғаш паҳн мешавад, 17 Решаҳояш назди чашма ба ҳам мепечад, аз миёни сангҳо гузашта меравад, 18 Аммо агар аз ҷои худ канда шавад, ҷояш онро инкор карда, мегӯяд: „Туро надидаам!“ 19 Ана ҳамин аст шодмонии роҳи он! Ва аз хок дигарон хоҳанд сабзид. 20 Инак, Худо беайбро тарк наменамояд, ва бадкешонро дастгирӣ намекунад. 21 Ӯ боз даҳонатро аз ханда пур хоҳад кард, ва лабҳоятро аз нидои шодмонӣ. 22 Бадхоҳонат пероҳани хиҷолат дар бар хоҳанд кард, ва хаймаи шарирон маҳв хоҳад шуд». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden