Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Айюб 7 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ҲАФТУМ Давоми нутқи Айюб.

1 Оё ҳаёти одамизод бар замин пурмашаққат нест, ва рӯзҳои ӯ мисли рӯзҳои муздур нест?

2 Чунон ки ғулом иштиёқманди соя аст, ва чунон ки муздур умедвори музди худ мебошад,

3 Ончунон моҳҳои пуразоб насиби ман гардидааст, ва шабҳои пуризтироб барои ман таъин шудааст.

4 Вақте ки мехобам, мегӯям: „Кай мехеста бошам?“ Ва шаб кашол меёбад, ва ман гирифтори бедорхобӣ шуда, то субҳидам аз паҳлу ба паҳлу мегардам.

5 Ҷисми ман бо кирмҳо ва лӯндаҳои хок пӯшида шудааст; пӯсти ман мекафад ва рим мекунад.

6 Рӯзҳои ман аз моку тезравтар аст, ва бо ноумедӣ анҷом меёбад.

7 Ба ёд овар, ки ҳаёти ман бод аст, ва чашми ман некиро дигар нахоҳад дид.

8 Чашми касе ки маро дидааст, маро дигар нахоҳад дид; чашмони Ту сӯи ман назар хоҳад кард, — ва дигар нахоҳам буд.

9 Чунон ки абр пароканда шуда, нопадид мегардад, ончунон касе ки ба гӯр фурӯ меравад, боло нахоҳад баромад,

10 Ба хонаи худ дигар нахоҳад баргашт, ва маконаш дигар ӯро нахоҳад шинохт.

11 Ман низ даҳони худро нахоҳам боздошт, аз тангии рӯҳи худ сухан хоҳам ронд, аз талхии ҷони худ шиква хоҳам кард.

12 Оё ман дарьё ҳастам, ё наҳанг, ки бар ман посбон гузоштаӣ?

13 Вақте ки мегӯям: „Ҷойхобам маро тасаллӣ хоҳад дод, ва бистарам андӯҳи маро хоҳад бардошт“, —

14 Ту маро бо хобҳо метарсонӣ, ва бо рӯъёҳо дар даҳшат меандозӣ,

15 Ва он гоҳ ҷони ман хафақонро, яъне маргро аз ин устухонҳои ман афзал медонад.

16 Аз ҷон безор шудаам, то абад зиндагӣ нахоҳам кард; маро тарк намо, зеро ки рӯзҳоям ҳеҷу пуч аст.

17 Чист инсон, ки ӯро писанд кунӣ, ва ба ӯ диққат диҳӣ,

18 Ва ҳар субҳ ӯро тафаққуд намоӣ, ва ҳар лаҳза ӯро биозмоӣ?

19 То ба кай аз ман рӯй намегардонӣ, маро вонамегузорӣ, то ки оби даҳони худро фурӯ барам?

20 Ҳатто гуноҳ карда бошам ҳам, ба Ту, эй нигаҳбони одамизод, чӣ метавонам бикунам? Чаро маро ҳадафи Худ гардондаӣ, ба тавре ки ман барои худ бори гарон шудаам?

21 Ва чаро ҷиноятамро намеомурзӣ, ва аз гуноҳам намегузарӣ? Зеро ки ҳоло дар хок хоҳам хобид, ва маро хоҳӣ ҷуст, — ва дигар нахоҳам буд».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan