Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Айюб 5 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ПАНҶУМ Давоми он.

1 Пас, даъват намо, вале кист, ки ба ту ҷавоб гардонад? Ва ту ба кадоме аз муқаддасон муроҷиат хоҳӣ кард?

2 Зеро ки хашм беақлро мекушад, ва ҳасад соддалавҳро ба ҳалокат мерасонад.

3 Ман дидаам, ки беақле реша медавонд, ва ногаҳон маскани ӯ гирифтори бало шуд.

4 Фарзандони ӯ аз наҷот маҳрум мешаванд, ва назди маҳкама озор мекашанд, ва халоскунандае нест,

5 Дар сурате ки ҳосилоти ӯро гуруснагон мехӯранд, ва аз даруни хорбандҳо онро чида мегиранд, ва ғоратгарон молу мулки ӯро фурӯ мебаранд.

6 Зеро ки ҷафо аз хок намерӯяд, ва азоб аз замин намесабзад,

7 Балки одамизод барои азоб зоида мешавад, чунон ки шарораҳо парида боло мебароянд.

8 Аммо ман ба Худо илтиҷо менамудам, ва даъвои худро ба Худо месупурдам,

9 Ки Ӯ корҳои бузурги беҳадду ҳисобе мекунад, корҳои аҷоибе ки сону шумор надорад:

10 Ӯ бар рӯи замин борон медиҳад, ва бар рӯи саҳроҳо об мефиристад.

11 Ӯ афтодагонро ба мартабаи баланд мерасонад, ва ғамзадагон наҷот ёфта, сарбаланд мешаванд.

12 Ӯ дасисаҳои маккоронро вайрон мекунад, ва дастҳошон ноил намешавад.

13 Ӯ хирадмандонро ба макри худашон гирифтор мекунад, ва машварати каҷкорон барбод меравад;

14 Онҳо рӯзона ба торикӣ дучор меоянд, ва пешингоҳ, мисли он ки шаб бошад, даст‐дасткунон роҳ мераванд.

15 Ӯ бенаворо аз шамшери даҳони онҳо ва аз дасти зӯровар наҷот медиҳад.

16 Ва умеде барои бемаҷол пайдо мешавад, ва ноинсофӣ даҳони худро мебандад.

17 Инак, хушо касе ки Худо варо танбеҳ намудааст! Пас, ҷазои Қодирро рад накун,

18 Зеро ки Ӯ маҷрӯҳ мекунад ва Худаш ҷароҳатбандӣ менамояд; Ӯ зарба медиҳад, ва дасти Худаш шифо мебахшад;

19 Дар шаш мусибат туро раҳо мекунад, ва дар ҳафтумаш ба ту осеб намерасад;

20 Дар вақти қаҳтӣ туро аз мурдан халос мекунад, ва дар ҷанг аз дасти шамшер.

21 Аз пеши забон пинҳон хоҳӣ шуд, ва аз фалокат, вақте ки ояд, нахоҳӣ тарсид.

22 Бар тороҷ ва бар қаҳтӣ хоҳӣ хандид, ва аз ҳайвоноти замин нахоҳӣ тарсид,

23 Зеро ки бо сангҳои саҳро ту иттифоқ хоҳӣ кард, ва ҳайвоноти саҳро бо ту сулҳ хоҳанд баст.

24 Ва хоҳӣ донист, ки хаймаи ту саломат аст, ва чун маскани худро тафаққуд намоӣ, чизе камӣ нахоҳад кард.

25 Ва хоҳӣ донист, ки насли ту сершумор аст, ва авлоди ту мисли алафи замин.

26 Ва дар куҳансолӣ ба қабр хоҳӣ рафт, мисли бандҳои ғалла, ки дар мавсимаш ғарам карда мешавад.

27 Он чи мо тафтиш кардаем, ин ҷост, ва он дуруст аст; пас ту онро бишнав, ва барои худ бидон».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan