Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Айюб 42 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ЧИЛУ ДУЮМ Ҳукмномаи Айюб дар ҳаққи худи ӯ.

1 Ва Айюб ба Худованд ҷавоб гардонда, гуфт:

2 «Медонам, ки ҳар кор аз дасти Ту меояд, ва нияти Туро боздоштан мумкин нест.

3 „Он кист, ки машваратро бемаънӣ пинҳон мекунад?“ Ба яқин, ман дар бораи чизҳое ки фаҳм накардаам, фикр баён намудаам, дар бораи корҳои аҷоибе ки аз ақли ман берун аст, ва ман онҳоро намедонам.

4 „Канӣ, бишнав, ва ман сухан хоҳам ронд: ман ба Ту савол хоҳам дод, ва Ту ба ман бифаҳмон“.

5 То ҳол ман овозаи Туро шунида будам, ва акнун чашмонам Туро дидааст,

6 Бинобар ин аз суханонам нафрат дорам, ва дар хок ва хокистар пушаймон мешавам».


Хотима: Айюб сафед шуда, сазовори шараф гардид.

7 Ва воқеъ шуд баъд аз он ки Худованд ин суханонро ба Айюб гуфт, Худованд ба Алифози Темонӣ чунин гуфт: «Ғазаби Ман бар ту ва бар ду дӯсти ту оташ гирифтааст, чунки дар бораи Ман мисли бандаи Ман Айюб сухани дуруст нагуфтед.

8 Ва акнун барои худ ҳафт наргов ва ҳафт қӯчқор бигиред, ва назди бандаи Ман Айюб биравед, ва барои худ қурбонии сӯхтанӣ бароваред, ва бандаи Ман Айюб барои шумо дуо хоҳад гуфт, зеро ки фақат рӯи ӯро иҷобат хоҳам намуд, бе он ки ба шумо бадӣ бикунам, чунки дар бораи Ман мисли бандаи Ман Айюб сухани дуруст нагуфтед».

9 Ва Алифози Темонӣ ва Билдоди Шуҳӣ ва Сӯфори Наъмотӣ рафтанд, ва он чи Худованд ба онҳо фармуд, ба ҷо оварданд, ва Худованд рӯи Айюбро иҷобат намуд.

10 Ва Худованд Айюбро ба вазъияти пештараи ӯ баргардонид, вақте ки ӯ барои дӯстони худ дуо гуфт; ва Худованд ба Айюб ҳар он чи пештар дошт, дучандон зиёд кард.

11 Ва ҳамаи бародарони ӯ ва ҳамаи хоҳарони ӯ ва ҳамаи ошноҳои пештараи ӯ назди ӯ омаданд, ва дар хонаи ӯ бо ӯ нон хӯрданд, ва дар бораи тамоми мусибате ки Худованд ба сари ӯ оварда буд, ба ӯ ҳамдардӣ изҳор намуда, ӯро тасаллӣ доданд, ва ҳар кас ба ӯ як қсито ва як ҳалқаи тилло дод.

12 Ва Худованд охири Айюбро бештар аз аввали ӯ баракат дод, ва ӯро чордаҳ ҳазор бузу гӯсфанд ва шаш ҳазор шутур ва ҳазор ҷуфт гов ва ҳазор модахар буд.

13 Ва ӯро ҳафт писар ва се духтар буд.

14 Ва духтари якумро Емимо, ва дуюмро Қесио, ва сеюмро Қерен‐Ҳаппух ном ниҳод.

15 Ва дар тамоми замин мисли духтарони Айюб занони хушлиқо ёфт намешуданд, ва падарашон ба онҳо дар миёни бародаронашон мерос дод.

16 Ва баъд аз он Айюб саду чил сол зиндагӣ кард, ва фарзандони худ ва фарзандони фарзандони худро то насли чорум дид.

17 Ва Айюб пир ва солхӯрда шуда, вафот ёфт.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan