Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Айюб 41 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ЧИЛУ ЯКУМ Давоми он.

1 Инак, умеди дастгир кардани вай беасл аст; фақат аз дидани вай, охир, кас ба даҳшат хоҳад афтод.

2 Чунон шахси диловаре нест, ки варо барангезад; пас кист, ки ба ҳузури Ман истодагӣ намояд?

3 Кист, ки аз Ман пешдастӣ кардааст, ва Ман талофӣ бидиҳам? Зери тамоми осмон ҳар чиз аз они Ман аст.

4 Дар бораи андоми вай хомӯш нахоҳам монд, ва дар бораи иқтидор ва зебоии ҷуссаи вай.

5 Кист, ки тавонад рӯи либоси варо яла кунад? Кист, ки тавонад ба дандонҳои дуқатораи вай наздик ояд?

6 Кист, ки тавонад дарҳои башараи варо воз кунад? Доираи дандонҳои вай даҳшатангез аст.

7 Сипарҳои қавии вай пур аз ифтихор аст; бо мӯҳри сахте маҳкам карда шудааст;

8 Бо якдигар тавре пайвастааст, ки аз миёнашон ҳаво намегузарад;

9 Ба ҳамдигар тавре часпида, васл ёфтааст, ки ҷудо намешавад.

10 Аз атсаҳои вай нур падид меояд, ва чашмони вай мисли пилкҳои шафақи субҳ аст.

11 Аз даҳони вай машъалҳо берун меояд, шарораҳои оташ мепарад.

12 Аз сӯрохҳои бинии вай дуд мебарояд, мисли деги ҷӯшон ва қамишҳои сӯзон.

13 Нафаси вай ахгарҳоро дармегиронад, ва аз даҳони вай аланга берун меояд.

14 Бар гардани вай қувват ҷойгир шудааст, ва даҳшат ба ҳузури вай мерақсад.

15 Қурчҳои шиками вай маҳкам часпида, бар вай сахт шудааст ва овезон намешавад.

16 Дили вай мисли санг сахт аст, ва мисли осиёсанги зерин ноҷунбон аст.

17 Вақте ки вай бармехезад, паҳлавонон ба ҳарос меафтанд, ва аз даҳшат дасту по гум мекунанд.

18 Шамшере ки ба вай бизананд, истодагӣ нахоҳад кард, ҳамчунин найза, мизроқ ва тир.

19 Вай оҳанро мисли хасе медонад, ва мисро мисли чӯби пӯсидае.

20 Тири камон варо дар гурез намеоварад, сангҳои фалахмон барои вай ба пари коҳ табдил меёбад.

21 Гурз мисли пари коҳе ҳисоб меёбад; ва ба савти найза вай механдад.

22 Дар таҳти ҷисмаш пулакчаҳои мисли сафолпора тезе дорад, гӯё ки ғаллакӯбаки тездандонро бар гил мегустаронад.

23 Гирдобро мисли дег ба ҷӯш меоварад, дарьёро ба потилаи дорупазӣ монанд мегардонад.

24 Дар ақиби худ роҳи дурахшоне боқӣ мегузорад, ба тавре ки варта ба назар сафедмӯй менамояд.

25 Бар рӯи хок мислаш нест, ки чунин нотарс офарида шуда бошад.

26 Ба ҳар чизи олӣ нотарс менигарад: вай бар ҳамаи даррандагон подшоҳ аст».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan