Айюб 40 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЧИЛУМ Давоми он. 1 Ва Худованд ба Айюб аз миёни тундбод ҷавоб гардонда, гуфт: 2 «Канӣ, камари худро мисли мард бибанд: Ман ба ту савол хоҳам дод, ва ту ба Ман бифаҳмон. 3 Оё ту мехоҳӣ доварии Маро ботил намоӣ, Маро айбдор созӣ, то ки худро одил нишон диҳӣ? 4 Ва оё ту бозуе мисли Худо дорӣ, ва бо овозе мисли Ӯ метавонӣ гулдуррос занӣ? 5 Пас, худро бо кибриё ва ҷалол оро бидеҳ, ва пероҳани шукӯҳ ва шавкат бипӯш; 6 Ғазаб ва хашми худро бирез, ва ба ҳар мағрур назар андохта, ӯро залил намо; 7 Ба ҳар мағрур назар андохта, ӯро мутеъ гардон, ва шариронро дар маконашон поймол кун; 8 Онҳоро якҷоя дар хок ниҳон намо ва рӯйҳошонро дар ниҳонхонае банд кун. 9 Он гоҳ Ман низ туро ҳамд хоҳам гуфт, ки яминат метавонад туро мададгор шавад. 10 Инак баҳимут, ки варо ба монанди ту офаридаам; вай мисли гов алаф мехӯрад. 11 Инак, қуввати вай дар камари вай аст, ва тавоноии вай дар мушакҳои шикамаш. 12 Думи худро мисли арз меҷунбонад; рагҳои ронаш ба ҳам печидааст. 13 Узвҳояш мисли қубурҳои мисин аст, устухонҳояш мисли сихҳои оҳанин. 14 Вай нахустини корҳои Худост; фақат Офаридагори вай метавонад шамшери Худро ба вай наздик оварад. 15 Кӯҳҳо барои вай ғизо меоварад, ва тамоми ҳайвоноти саҳро дар он ҷо бозӣ мекунанд. 16 Зери буттаҳои нилуфар мехобад, дар сояи наистон ва дар ботлоқ. 17 Буттаҳои нилуфар варо бо сояи худ мепӯшонад, бедҳои лаби наҳр варо иҳота мекунад. 18 Инак, дарьё ба талотум меояд, аммо вай ҳаросон намешавад: Урдун пеши даҳонаш ҷаста берун ояд ҳам, вай ором хоҳад буд. 19 Оё варо касе дар пеши назари вай метавонад бигирад? Ё бинии варо бо қуллоб сӯрох кунад? 20 Оё ту метавонӣ аждарро бо шаст бикашӣ? Ва забонашро бо арғамчин фишор диҳӣ? 21 Оё ту метавонӣ аз бинии вай маҳор гузаронӣ? Ва ҷоғи варо бо хоре шикоф кунӣ? 22 Оё вай ба ту бисьёр зорӣ хоҳад кард? Оё бо мулоимат ба ту сухан хоҳад ронд? 23 Оё вай бо ту иттифоқ хоҳад баст? Оё варо ба сурати абадӣ ба ғуломӣ хоҳӣ гирифт? 24 Оё варо мисли гунҷишке бозӣ хоҳӣ доронд? Ва барои канизони худ варо хоҳӣ баст? 25 Оё аҳли сайд варо хоҳанд фурӯхт? Оё варо дар миёни тоҷирони канъонӣ тақсим хоҳанд кард? 26 Оё ту метавонӣ пӯсти варо бо найзаҳо сӯрох кунӣ, ва сари варо бо сихи моҳигирон? 27 Агар дасти худро ба вай бирасонӣ, муборизаро дар ёд хоҳӣ дошт, ва дигар нахоҳӣ кард. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden