Айюб 4 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЧОРУМ Нутқи якуми Алифоз. 1 Ва Алифози Темонӣ ҷавоб гардонда, гуфт: 2 «Агар касе кӯшиш намуда ба ту сухане гӯяд, оё тоқати шунидан дорӣ? Вале кист, ки тавонад аз сухан гуфтан худдорӣ кунад? 3 Инак, ту бисьёр касонро панд додаӣ, ва дастҳои бемадорро тақвият намудаӣ. 4 Суханони ту рӯҳафтодаро ба по мехезонд, ва зонуҳои ларзонро ту қувват мебахшидӣ. 5 Вале акнун ба сари худат омадааст, ва ту бетоқат шудаӣ; навбат ба худат расидааст, ва ту аз рӯҳ афтодаӣ. 6 Оё таваккали ту ба худотарсии ту ва умеди ту ба беайбии роҳҳои ту нест? 7 Як мулоҳиза намо: кист, ки бегуноҳ бошад, ва талаф шуд? Ва росткорон дар куҷо нобуд шуданд? 8 Чунон ки ман дидаам, касоне ки барои хабосат шудгор намуда, ноинсофиро кишт мекунанд, ҳосили онро медараванд; 9 Аз нафаси Худо талаф мешаванд, ва аз дами ғазаби Ӯ маҳв мегарданд. 10 Наъраи шер, ва овози арсалон, ва дандонҳои шербачаҳо мешиканад; 11 Наррашер, ки нахҷире намеёбад, талаф мешавад, ва бачаҳои модашер пароканда мешаванд. 12 Ва пеши ман чизе махфӣ зоҳир шуд, ва гӯши ман пичирросе аз ҷониби он шунид. 13 Дар миёни андешаҳое ки аз рӯъёҳои шаб пайдо мешавад, вақте ки одамонро хоб зер мекунад, 14 Маро тарсу ларз фаро гирифта, ҳамаи устухонҳоямро ба ларза андохт. 15 Ва рӯҳе аз пешам гузашт; мӯйҳои баданам сих шуд. 16 Ӯ рост истод, вале шамоилашро нашинохтам, фақат сурате дар пеши назарам буд; хомӯшӣ ҳукмфармо буд, ва овозе шунидам: 17 „Оё инсон ба ҳузури Худо одил мешавад? Оё мард ба ҳузури Офаридагори худ пок мешавад?“ 18 Модоме ки Ӯ ба бандагони Худ эътимод надорад, ва дар фариштагони Худ нуқсон меёбад, 19 Чӣ қадар зиёдтар дар сокинони хонаҳои гилин, ки асосашон хок аст, ва мисли куя зуд маҳв мешаванд: 20 Аз субҳ то шом пора‐пора гардида, ба сурати абадӣ талаф мешаванд, бе он ки касе ба онҳо диққат диҳад. 21 Оё риштаи ҳаёташон дар онҳо бурида намешавад? Ва онҳо мемиранд, дар ҳолате ки ҳикмат пайдо намекунанд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden