Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Айюб 39 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ СИЮ НӮҲУМ Давоми он.

1 Оё ту вақти зоидани бузҳои кӯҳиро медонӣ? Дарди зоиши оҳуёнро мушоҳида кардаӣ?

2 Оё пур шудани моҳҳои хомиладории онҳоро метавонӣ дар шумор оварӣ? Ва оё вақти зоидани онҳоро медонӣ?

3 Онҳо хам шуда, бачаҳои худро мезоянд, борҳои худро берун мекунанд.

4 Бачаҳои онҳо кувват мегиранд, дар дашт калон мешаванд, баромада мераванд ва назди онҳо барнамегарданд.

5 Кист, ки хари ваҳширо ба озодӣ сар дод? Ва кист, ки бандҳои гӯрхарро яла кард,

6 Ки Ман чӯлро хонаи вай ва шӯразаминро маскани вай муқаррар намудаам?

7 Вай ҳаёҳуи шаҳрро тамасхур мекунад, шавқуни харбонро намешунавад;

8 Дар кӯҳсор барои худ чарогоҳ меёбад, ва ҳар навъ сабзаро ҷустуҷӯ мекунад.

9 Оё гови ваҳшӣ розӣ мешавад, ки ба ту хизмат кунад? Оё вай назди охури ту маскан мегирад?

10 Оё гови ваҳширо бо арғамчини он метавонӣ ба ҷӯяк бибандӣ? Оё вай аз ақиби ту кулӯхҳоро мола хоҳад кард?

11 Оё ба вай, ба сабаби пурқувват буданаш, умед хоҳӣ баст, ва кори худро ба вай ҳавола хоҳӣ кард?

12 Оё ба вай эътимод хоҳӣ кард, ки ҳосилоти туро бозгардонад, ва дар хирмангоҳат ҷамъ оварад?

13 Оё шутурмурғ бо шодӣ болафшон мешавад? Оё болафшонии вай монанди лаклак аст?

14 Зеро ки вай тухмҳои худро бар замин вогузор менамояд, ва бар рӯи хок онҳоро гарм мекунад,

15 Ва аз хотир мебарорад, ки пое онро пахш мекунад, ва ҳайвони саҳро онро маҷақ мекунад;

16 Ба бачаҳояш дилсахтӣ мекунад, гӯё ки аз они вай набошанд; меҳнаташ зоеъ шавад ҳам, вай парвое надорад,

17 Зеро ки Худо варо аз ҳикмат маҳрум кардааст, ва аз хирад ба вай насибе надодааст.

18 Вақте ки вай ба давиш баланд мешавад, бар асп ва савораи он механдад.

19 Оё ту ба асп қувват бахшидаӣ, ва гардани онро бо ёл пӯшондаӣ?

20 Оё ту онро мисли малах ба давутози пурғулғула овардаӣ, дар сурате ки садои баланди фах‐фахн он даҳшатангез аст?

21 Вай дар водӣ по мекӯбад, ва аз қуввати худ ба ваҷд меояд; ба истиқболи яроқ берун меравад.

22 Бар бим механдад ва ба ҳарос намеафтад, ва аз дами шамшер ақиб намегардад.

23 Тирдон бар вай ҷаранг‐ҷаранг мекунад, ва найзаю мизроқи дурахшанда.

24 Бо ғулғула ва хашм заминро барқвор тай мекунад, ва аз садои шох бетоқат шуда, пой мекӯбад.

25 Ҳар бор, ки шох садо диҳад, шеҳа мекашад, ва аз дур ҷангро ҳис мекунад, ва ғавғои мирон ва нидоро.

26 Оё аз хиради туст, ки қарчиғай парафшон мегардад ва болҳои худро ба самти ҷануб менигаронад?

27 Оё ба амри туст, ки уқоб сууд мекунад ва ошьёнаи худро дар баландӣ месозад?

28 Вай бар сари кӯҳпора маскан гирифта, фароғат мекунад, бар дандонаи кӯҳпора ва қалъа;

29 Аз он ҷо нахҷире ҷустуҷӯ мекунад: чашмонаш аз дур мебинад;

30 Ва чӯҷаҳояш хун мехӯранд, ва ҳар куҷо ки лошае бошад, вай он ҷост».

31 Ва Худованд суханашро давом дода, ба Айюб гуфт:

32 «Оё касе ки бо Қодир муҷодила менамояд, боз танбеҳ хоҳад кард? Мазамматкунандаи Худо бигзор ҷавоб гардонад!»

33 Ва Айюб ба Худо ҷавоб гардонда, гуфт:

34 «Инак, ман ҳақир ҳастам; ба Ту чӣ ҷавоб мегардонам? Дасти худро ба даҳонам мондаам.

35 Як карат гуфтаам, ва дигар нахоҳам гуфт, ва дубора такрор нахоҳам кард».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan