Айюб 38 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ СИЮ ҲАШТУМ Айюб ба ҳузури Худованд. 1 Ва Худованд ба Айюб аз миёни тундбод ҷавоб гардонда, гуфт: 2 «Он кист, ки машварати Маро бо суханони бемаънӣ торик мекунад? 3 Канӣ, камари худро мисли мард бибанд: Ман ба ту савол хоҳам дод, ва ту ба Ман бифаҳмон. 4 Вақте ки Ман буньёди заминро мениҳодам, ту куҷо будӣ? Бигӯ, агар аз хирад хабардор бошӣ. 5 Кист, ки андозаҳои онро муайян намуд? Оё медонӣ? Ё кист, ки шоқулро бар он кашид? 6 Пояҳои он бар чӣ чиз ниҳода шудааст, ё кист, ки санги зовияи онро гузошт, 7 Дар суратеки ситорагони субҳ якҷоя тараннум мекарданд, ва ҳамаи фарзандони Худо нидоҳои шодӣ медоданд? 8 Ва кист, ки баҳрро бо дарвозаҳо баст, ҳангоме ки он аз батн ҷаста берун меомад, 9 Ҳангоме ки Ман абрро либоси он ва меғро парпечи он гардондам, 10 Ва низоми Худро барои он барқарор намудам, ва ғалақаю дарвозаҳо гузоштам, 11 Ва гуфтам: „То ба ин ҷо биё, ва аз он набояд бигзарӣ, ва дар ин ҷо саркашии мавҷҳоят боздошта хоҳад шуд“? 12 Оё ту дар яке аз рӯзҳои умри худ ба субҳидам амр фармудаӣ ва ба шафақ макони онро нишон додаӣ, 13 То ки ақсои заминро фаро гирад, ва шарирон аз он афшонда шаванд, 14 Ва он мисли локи зери мӯҳр тағьир ёбад, ва ҳама чиз мисли либоси рангин ба зуҳур ояд, 15 Ва шарирон аз нурашон маҳрум шаванд, ва бозуи баланд шикаста гардад? 16 Оё ту ба чашмаҳои қаъри баҳр фурӯд омадаӣ? Ва ба интиҳои варта рафта расидаӣ? 17 Оё дарвозаи мамот барои ту кушода шудааст? Ва дарвозаи зулмотро дидаӣ? 18 Оё ту ба фазои замин назар андохтаӣ? Бигӯ, агар аз ҳамааш хабардор бошӣ. 19 Роҳи маскани нур чӣ гуна аст, ва макони торикӣ куҷост, 20 То ки онро ба ҳудудаш бирасонӣ, ва роҳҳои хонаи онро ба хубӣ бидонӣ? 21 Ба яқин, ту ин чизҳоро медонӣ, зеро ки дар он вақт таваллуд ёфтаӣ, ва шумораи рӯзҳоят бузург аст. 22 Оё ту ба хазоини барф фурӯд омадаӣ, ва хазоини жоларо дидаӣ, 23 Ки онҳоро Ман барои замони тангӣ, барои рӯзи муҳориба ва ҷанг нигоҳ доштаам? 24 Бо кадом роҳ нур тақсим мешавад, ва боди шарқӣ бар замин паҳн мегардад? 25 Кист, ки маҷрое барои борони сел сохт, ва роҳе барои барқи тундарҳо, 26 То ки бар замини беодам бориш кунад, бар биёбоне ки касе дар он нест, 27 Барои он ки чӯли хушк ва халоро сероб намояд, ва аз он наботот бирӯёнад? 28 Оё борон падар дорад? Ё кист, ки қатраҳои шабнамро ба вуҷуд овард? 29 Кист, ки аз батнаш ях берун омад? Ва кист, ки қирави осмонро ба вуҷуд овард? 30 Об мисли санг сахт мешавад, ва сатҳи варта зери ях пинҳон мегардад. 31 Оё ту ақдҳои Парвинро бастаӣ? Ё бандҳои Ҷабборро метавонӣ бикшоӣ? 32 Оё ту метавонӣ бурҷҳои минтақатулбуруҷро дар сари вақташон берун оварӣ ва Дубби Акбарро бо бачагонаш роҳбарӣ намоӣ? 33 Оё ту низоми осмонро медонӣ? Оё ҳукми онро метавонӣ бар замин барқарор намоӣ? 34 Оё овози худро метавонӣ ба абрҳо баланд кунӣ, то ки туро оби фаровоне бипӯшонад? 35 Оё ту барқҳоро метавонӣ бифиристӣ, то ки онҳо бираванд ва ба ту бигӯянд: „Лаббай!“ 36 Кист, ки ҳикматро дар ботин ниҳод? Ё кист, ки хирадро ба шиҳоби соқиб бахшид? 37 Кист, ки бо ҳикмат абрҳоро дар шумор меоварад? Ва кист, ки машкҳои осмонро мегустаронад, 38 Дар сурате ки хок ба гил табдил ёфта, сахт мешавад, ва кулӯхҳо ба ҳамдигар мечаспад? 39 Оё ту нахҷирро барои шери мода сайд менамоӣ, ва иштиҳои шерҳои ҷавонро қонеъ мегардонӣ, 40 Вақте ки онҳо дар лонаҳо мехобанд, ё дар беша нишаста, камин мегиранд? 41 Кист, ки хӯроки зоғро муҳайё мекунад, вақте ки бачаҳояш сӯи Худо истиғоса мебаранд ва аз боиси бехӯрокӣ овора шуда мегарданд? |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden