Айюб 37 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ СИЮ ҲАФТУМ Давоми нутқи Элиҳу. 1 Аз ин низ дили ман ба тапиш меафтад ва аз хонааш мебарояд. 2 Ғулғулаи овози Ӯро бодиққат бишнавед, ва садоеро, ки аз даҳони Ӯ мебарояд. 3 Онро ба зери тамоми осмон равона мекунад, ва нури Ӯ дар ақсои замин намоён аст. 4 Баъд аз он, овозе ба ғурриш меояд: Ӯ бо овози кибриёи Худ гулдуррос мезанад, ва ҳангоме ки овозаш шунида шуд, онҳоро боздорӣ намекунад. 5 Худо бо овози Худ ба таври аҷоиб гулдуррос мезанад, корҳои бузурге мекунад, ки барои мо ақлнорас аст. 6 Зеро ки ба барф мегӯяд: „Ба замин фурӯд ой“; ҳамчунин ба боридани борон ва ба боридани боронҳои пурзӯри Худ. 7 Дасти ҳар одамро мӯҳр мезанад, то ки тамоми мардум амали Ӯро бидонанд. 8 Он гоҳ ҳайвонот низ дар ғорҳои худ пинҳон мешаванд ва дар лонаҳои худ менишинанд. 9 Аз ҷануб тундбод меояд, ва аз шимол сармо. 10 Аз нафаси Худо ях ба вуҷуд меояд, ва сатҳи об яхбанд мешавад. 11 Ӯ нами зиёде бар абрҳо бор мекунад, ва саҳобҳои нури Худро мегустаронад. 12 Ва онҳо бар тибқи тадбирсозиҳои Ӯ ба ҳар тараф чарх мезананд, то ҳар чиро, ки ба онҳо амр фармояд, бар рӯи замини ободон ба амал оваранд, 13 Хоҳ онҳоро барои ҷазо ба замини Худ равона кунад, хоҳ барои эҳсонкорӣ. 14 Ба ин гӯш деҳ, эй Айюб! Биисту ба корҳои аҷоиби Худо бодиққат назар андоз. 15 Оё ту хабардор ҳастӣ, ки Худо бори Худро чӣ гуна бар онҳо мегузорад, ва нурро амр мефармояд, ки абрҳои Ӯро равшан кунад? 16 Оё ту аз мувозанаи абрҳо хабардор ҳастӣ, ки он аз корҳои аҷоиби Комилфикр аст? 17 Оё ту хабардор ҳастӣ, ки либосҳоят чӣ гуна гарм мешавад, вақте ки замин аз боди ҷанубӣ сокит мегардад? 18 Оё ту метавонӣ ба монанди Ӯ фалакро бигустаронӣ, ки он мисли оинаи фулуззӣ мустаҳкам аст? 19 Моро таълим деҳ, ки ба ин корҳои Ӯ чӣ гӯем? Мо аз боиси торикӣ наметавонем чизе ба забон оварем. 20 Оё васфи пурраи Ӯ қобили имкон аст, ки ман боз сухан ронам? Оё касе метавонад бигӯяд, ки чизе аз Ӯ пинҳон мемонад? 21 Ва ҳоло нури офтобро аз паси абрҳо намебинанд, гарчанде ки он бар фалак дурахшон аст; вале боде вазида, онро тоза хоҳад кард. 22 Аз шимол фурӯғи заррин меояд: ин акси шукӯҳи саҳмгинест, ки бар Худост. 23 Қодирро мо наметавонем дарьёбем: Ӯ дар қувват ва инсоф бузург аст ва дар адолат муаззам; ситам намекунад. 24 Бинобар ин, бояд ки одамон тарсгори Ӯ бошанд; лекин Ӯ ба ҳамаи донодилон назар намекунад». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden