Айюб 36 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ СИЮ ШАШУМ Давоми нутқи Элиҳу. 1 Ва Элиҳу суханашро давом дода, гуфт: 2 «Андаке ба ман сабр намо, то ба ту изҳор кунам, зеро ки боз суханон дар ҳаққи Худо дорам. 3 Фикри худро аз дур баён хоҳам кард, ва ба Офаридагори худ васфи адолатро хоҳам гуфт. 4 Зеро ки ҳақиқатан суханони ман дурӯғ нест: шахси комилфикре бо ту сухан меронад. 5 Инак, Худо тавоност ва касеро тарк намекунад; ҳам дар қувват тавоност ва ҳам донодил аст. 6 Шарирро зинда намегузорад, ва доди мазлумонро медиҳад. 7 Чашмони Худро аз одилон дур намекунад, балки онҳоро ба сурати абадӣ бо подшоҳон бар тахт мешинонад, ва онҳо сарафроз мешаванд. 8 Вале агар онҳо бо завлонаҳо баста шуда бошанд, ва гирифтори қайди мусибат гардида бошанд, 9 Дар он сурат аъмолашонро ба онҳо мефаҳмонад, ва ҷиноятҳошонро, ки афзудааст; 10 Ва гӯшашонро барои панд мекушояд, ва ба онҳо мегӯяд, ки аз хабосат даст кашанд. 11 Агар онҳо гӯш кунанд ва Ӯро ибодат намоянд, рӯзҳои худро дар хушбахтӣ мегузаронанд, ва солҳои худро дар хурсандӣ. 12 Ва агар гӯш накунанд, ба дами шамшер нобуд мешаванд, ва бе он ки донише пайдо кунанд, мемиранд. 13 Валекин касоне ки дили пур аз риё доранд, дарғазаб мешаванд, ва ба Ӯ истиғоса намебаранд, вақте ки онҳоро гирифтори қайди мусибат мекунад. 14 Ҷонашон дар ҷавонӣ фано мешавад, ва ҳаёташон дар миёни аҳли фисқу фуҷур. 15 Мусибатзадагонро Ӯ ба воситаи мусибаташон халос мекунад, ва гӯшашонро бо фишор мекушояд. 16 Ва ҳатто туро Ӯ аз даҳони бадбахтӣ берун меоварад ба вусъатобод, ки мусибате дар он ҷо набошад; ва ҳар таоме ки бар суфраи ту фурӯд меомад, пур аз равған мебуд. 17 Вале ту аз даъвоҳои шарир пур ҳастӣ; доварӣ ва бозхости Ӯ туро фаро хоҳад гирифт. 18 Барҳазар бош, ки мабодо ғазабат туро фирефта намуда, ба зарбаи Ӯ гирифтор кунад: ва кафорати бисьёр набояд туро дар иштибоҳ андозад. 19 Оё истиғосаи ту қимате дорад барои он ки Ӯ туро ба вусъатобод барорад? Ва тамоми ин шиддату қуввате ки ба зидди Ӯ ба кор мебарӣ? 20 Орзуманди он шабе набош, ки қавмҳо дар он аз ҷояшон нест мешаванд. 21 Эҳтиёт намо, ба маъсият моил нашав, зеро ки онро бештар аз итоат баргузидаӣ. 22 Инак, Худо бо қуввати Худ олист; кист, ки мисли Ӯ таълим диҳад? 23 Кист, ки роҳи Ӯро амр фармуда бошад? Ва кист, ки бигӯяд: „Ту ноинсофӣ кардаӣ“? 24 Дар ёд дошта бош, ки корҳои Ӯро такбир гӯӣ, ки онҳоро мардум месароянд. 25 Ҳамаи одамон онҳоро мебинанд; ҳар кас ба онҳо аз дур назар меандозад. 26 Инак, Худо муаззам аст, ба тавре ки мо наметавонем Ӯро бишиносем; шумораи солҳои Ӯ ҳадду ҳисоб надорад. 27 Ӯ қатраҳои обро ҷудо мекунад; онҳо андаруни буғ борони зулол мегардад, 28 Ки онро абрҳо фурӯ рехта, бар одамон фаровон меборонад. 29 Кист, ки тавонад амали абрҳои густурда ва гулдурроси хаймаи Ӯро дарк намояд? 30 Инак, нури Худро бар он мегустаронад ва қаъри баҳрро мепӯшонад. 31 Ба ин васила қавмҳоро доварӣ мекунад, ба фаровонӣ ризқу рӯзӣ медиҳад. 32 Нурро дар кафҳои Худ ниҳон медорад, ва онро амр мефармояд, ки ба ҳадафе бизанад. 33 Гулдурроси он аз наздик омадани он хабар медиҳад, ва тундбод аз ҷӯшиши ғазаби Ӯ. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden