Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Айюб 35 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ СИЮ ПАНҶУМ Давоми нутқи Элиҳу.

1 Ва Элиҳу суханашро давом дода, гуфт:

2 «Оё инро адлу инсоф ҳисоб мекунӣ, ки гуфтаӣ: „Ман аз Худо одилтарам“?

3 Зеро ки гуфтаӣ: „Адолатам барои Ту чӣ фоидае хоҳад дошт? Ва ман чӣ нафъе хоҳам бурд, ки он агар аз гуноҳам бештар бошад?“

4 Ман ба ту ҷавоб мегардонам, ва ба ёронат бо ту:

5 Ба осмон назар андоз ва бубин, ва бар фалак бингар, ки аз ту баландтар аст.

6 Агар хатое карда бошӣ, ба Ӯ чӣ метавонӣ бикунӣ? Ва агар ҷиноятҳоят афзуда бошад, ба Ӯ чӣ зиёне метавонӣ бирасонӣ?

7 Агар одил бошӣ, ба Ӯ чӣ метавонӣ бидиҳӣ? Ё Ӯ аз дасти ту чӣ чизе хоҳад гирифт?

8 Шарорати ту барои касест, ки мисли ту бошад, ва адолати ту барои одамизод аст.

9 Аз ситамҳои зиёд фиғон мекашанд, аз дасти зӯроварон истиғоса мебаранд,

10 Вале касе намегӯяд: „Куҷост Худои Офаридагори ман, ки шабонгоҳ сурудҳо ато мекунад,

11 Моро бештар аз ҳайвоноти рӯи замин таълим медиҳад ва бештар аз мурғони ҳаво ҳикмат мебахшад?“

12 Дар он ҷо ба сабаби ғурури бадкорон фарьёд мезананд, вале Ӯ иҷобат намекунад.

13 Зеро ки Худо фарьёди ботилро намешунавад, ва Қодир ба он назар намекунад.

14 Агарчи гуфтаӣ, ки ту Ӯро намебинӣ, бо вуҷуди ин, даъвои ту пеши Ӯст, ва ту дар интизори Ӯ бош.

15 Ва алҳол, азбаски дар ғазаби Худ ҳанӯз насанҷидааст, ва ҷиноятро ба хубӣ надонистааст,

16 Бинобар ин Айюб даҳони худро ба ёвагӯӣ кушода, бе он ки донад, бисьёр сухан меронад».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan