Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Айюб 34 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ СИЮ ЧОРУМ Давоми нутқи Элиҳу.

1 Ва Элиҳу суханашро давом дода, гуфт:

2 «Эй хирадмандон, суханони маро бишнавед; ва эй донишмандон, ба ман гӯш андозед.

3 Зеро ки гӯш суханонро месанҷад, чунон ки ком таъми хӯрокро фарқ мекунад.

4 Биёед, барои худ адлу инсофро интихоб кунем, дар миёни худ бифаҳмем, ки чизи накӯ чист?

5 Зеро ки Айюб гуфт: „Ҳақ ба ҷониби ман аст, вале Худо маро аз адлу инсоф маҳрум намудааст;

6 Гарчанде ки адлу инсоф бо ман аст, каззоб ҳисоб ёфтаам; гарчанде ки ҷинояте накардаам, дарди ман бедавост“.

7 Он мард кист, ки мисли Айюб тамасхурро мисли об бинӯшад,

8 Бо бадкирдорон ҳамроҳ шавад ва бо мардуми шароратпеша қадамгузор бошад?

9 Зеро ки ӯ гуфт: „Барои одам фоидае нест аз он ки иродаи Худоро ба ҷо оварад“.

10 Бинобар ин, эй соҳибдилон, маро бишнавед: калло ва ҳошо, ки аз Худо шарорате сар барзанад, ва аз Қодир ноинсофие.

11 Зеро ки Ӯ музди одамро аз рӯи амали вай адо мекунад, ва мувофиқи роҳи ҳар кас ба вай подош медиҳад.

12 Дар ҳақиқат, Худо шароратро пеша намекунад, ва Қодир адлу инсофро таҳриф наменамояд.

13 Кист, ки Ӯро ҳокими замин таъин карда бошад? Ва кист, ки тамоми дуньёро ба дасти Ӯ супурда бошад?

14 Агар Ӯ дили Худро сӯи Худ нигаронида, рӯҳи Худ ва нафаси Худро назди Худ фароҳам оварад, —

15 Тамоми башар якбора нест хоҳад шуд, ва одамизод ба хок хоҳад баргашт.

16 Пас, агар хирад дорӣ, инро бишнав, ба садои суханонам гӯш андоз.

17 Оё бадхоҳи адлу инсоф метавонад салтанат ронад? Ва оё ту Одили Кабирро ба шарорат айбдор мекунӣ?

18 Оё ба подшоҳ гуфтан мумкин аст, ки „сафил ҳастӣ“; ё ба яке аз наҷибон, ки „шарир ҳастӣ“?

19 Ва ҳол он ки Ӯ ба мирон рӯйбинӣ намекунад, ва сарватдорро аз бенаво афзал намедонад, чунки ҳамаашон амали дастҳои Ӯ ҳастанд.

20 Онҳо дар як он мемиранд, ва нисфи шаб қавм ба шӯр омада, ба ҳуҷум мегузаранд, ва зӯроваронро нест мекунанд, бе он ки ба онҳо даст расонанд.

21 Зеро ки чашмони Ӯ бар роҳҳои кас аст, ва ҳамаи қадамҳои варо мебинад.

22 На торикӣ ҳаст ва на зулмот, ки бадкирдорон дар он ҷо тавонанд пинҳон шаванд.

23 Зеро боз ба зиммаи кас намегузорад, ки назди Худо ба мурофиа биёяд.

24 Зӯроваронро, бе он ки тафтиш намояд, шикаст медиҳад, ва дигаронро ба ҷои онҳо мемонад.

25 Чунки кирдорҳошонро медонад, ва дар як шаб онҳоро вожгун мекунад, ва онҳо маҳв мешаванд.

26 Онҳоро барои шарораташон пеши назари ҳама зарба мезанад,

27 Чунки онҳо аз пайравии Ӯ дур шудаанд ва ҳамаи роҳҳои Ӯро нафаҳмидаанд

28 Ва боиси он гардидаанд, ки фарьёди бенавоён ба Ӯ расидааст, ва Ӯ фиғони мазлумонро шунидааст.

29 Агар ӯ сокит карда бошад, кист, ки тавонад зътироз намояд? Ва агар Ӯ рӯи Худро пӯшида бошад, кист, ки тавонад ба Ӯ назар андозад? Ин хоҳ нисбат ба халқе ва хоҳ нисбат ба одаме баробар аст.

30 Ӯ риёкорро аз подшоҳӣ маҳрум мекунад, то касоне ки қавмро ба дом меоваранд, салтанат наронанд.

31 Оё мумкин аст, ки одам ба Худо бигӯяд: „Ҷазо дидаам, бе он ки бадкирдорие карда бошам;

32 Он чиро, ки намебинам, Ту ба ман бифаҳмон, ва агар гуноҳе карда бошам, дигар нахоҳам кард“?

33 Оё мукофоти амал фақат ба ҳасби фикри ту бояд дода шавад, ки чунин гиламанд ҳастӣ? Оё онро фақат ту бояд интихоб намоӣ, ва на ман? Ва дар ин хусус ту чӣ медонӣ, ки бигӯӣ?

34 Соҳибони фаҳм хоҳанд гуфт, ва ҳар марди бохирад низ, ки маро мешунавад:

35 „Айюб на аз рӯи дониш сухан меронад, ва суханонаш ба хирад мувофиқ нест“.

36 Орзумандам, ки Айюб то ба охир озмуда шавад, барои он ки мисли хабисон ҷавоб мегардонад,

37 Зеро ки бар хатои худ ҷиноятро зам мекунад, дар миёни мо даст бар ҳам месояд ва бар зидди Худо бисьёр сухан меронад».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan