Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Айюб 33 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ СИЮ СЕЮМ Давоми нутқи Элиҳу.

1 Ва акнун, эй Айюб, суханони маро бишнав ва ба ҳамаи гуфтаҳоям гӯш андоз.

2 Инак, лабҳои худро кушодам: забонам дар даҳонам сухан меронад.

3 Суханонам ифодаи дили софи ман аст, ва лабҳоям дониши холисро баён мекунад.

4 Рӯҳи Худо маро ба вуҷуд овардааст, ва нафаси Қодир ба ман ҳаёт бахшидааст.

5 Агар тавонӣ, ба ман ҷавоб гардон: пеши ман ба мунозира ҳозир шав.

6 Инак, ман нисбат ба Худо мисли ту ҳастам: ман низ аз гил сиришта шудаам.

7 Инак, бими ман туро дар даҳшат нахоҳад андохт, ва фишори ман бар ту гарон нахоҳад омад.

8 Ба яқин, ту дар гӯши ман сухан рондӣ, ва ман садои каломатро шунидам:

9 „Ман пок ҳастам ва бе маъсият; ман айбе надорам, ва гуноҳе дар ман нест;

10 Инак, Ӯ баҳонаҳо бар ман меҷӯяд, маро душмани Худ ҳисоб мекунад,

11 Пойҳоямро дар ишкел меандозад, ҳамаи роҳҳои маро мепояд“.

12 Ана дар ҳамин хусус ба ту ҷавоб мегардонам, ки ҳақ ба ҷониби ту нест, чунки Худо аз инсон бузургтар аст.

13 Чаро ба Ӯ даъво мекунӣ, ки аз тамоми аъмоли Худ ҳисобот намедиҳад?

14 Зеро ки Худо ба як тарз сухан меронад, ва ба тарзи дуюм, агар ба он суханаш сарфаҳм нараванд:

15 Дар хоб, дар рӯъёи шаб, вақте ки одамонро хоб зер мекунад; вақте ки бар бистар ғанабашон мебарад.

16 Он гоҳ Ӯ гӯши одамонро мекушояд ва панд дода, бар онҳо асаре мегузорад,

17 То ки одамизодро аз амали бад дур кунад, ва ғурурро аз мард пинҳон дорад.

18 Ҷони варо Ӯ аз гӯр маҳфуз медорад, ва ҳаёти варо аз нобуд шудан ба дами шамшер.

19 Ё ки вай болои бистари худ аз дарде азият мекашад, ва изтироби устухонҳояш пурзӯр аст,

20 Ва ҳаёти вай аз нон нафрат дорад, ва ҷони вай аз хӯроки лазиз.

21 Ҷисми вай барбод меравад, ба тавре ки дида намешавад, ва устухонҳояш, ки ноаён буд, барҷаста мебарояд.

22 Ва ҷони вай ба гӯр наздик мешавад, ва ҳаёташ ба малакулмавт.

23 Агар барои вай фариштае, як ҳимоятгаре аз байни ҳазор бошад, то ки росткории одамро баён намояд, —

24 Дар он сурат Ӯ ба вай раҳм карда, ба он фаришта хоҳад гуфт: „Варо аз фурӯд омадан ба гӯр раҳо намо; Ман кафорате пайдо кардаам“.

25 Ҷисми вай бештар аз ҷавониаш тароват хоҳад гирифт: вай ба айёми наврасии худ хоҳад баргашт.

26 Ба ҳузури Худо дуо хоҳад гуфт, ва он мустаҷоб хоҳад шуд, ва рӯи Ӯро бо шодӣ хоҳад дид, ва Ӯ ба инсон адолати варо хоҳад баргардонид.

27 Вай ба мардум рӯ оварда, хоҳад гуфт: „Гуноҳ кардам ва роҳи ростро каҷ кардам, ва сазои ман дода нашуд;

28 Ҷони маро аз фурӯд омадан ба гӯр Ӯ раҳо намуд, ва ҳаёти ман аз нур баҳра мебарад“.

29 Инак, ҳамаи ин чизҳоро Худо бо мард ду‐се дафъа ба амал меоварад,

30 То ки ҷони варо аз гӯр баргардонад ва бо нури ҳаёт мунаввар созад.

31 Диққат намо, эй Айюб, маро бишнав; хомӯш нишин, ва ман сухан хоҳам ронд.

32 Агар сухане дошта бошӣ, ба ман ҷавоб гардон; бигӯ, зеро мехоҳам, ки адолати худро исбот намоӣ.

33 Вагар на, ту маро бишнав; хомӯш бош, ва ман ҳикматро ба ту таълим хоҳам дод».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan