Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Айюб 31 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ СИЮ ЯКУМ Давоми ҷавоби Айюб.

1 Бо чашмони худ аҳд бастаам, ки ба дӯшиза назар наандозам.

2 Пас қисмати ман аз ҷониби Худо аз улув чӣ гуна аст? Ва мероси ман аз ҷониби Қодир аз афроз?

3 Ҳалокат, охир, барои ноинсоф аст, ва мусибат барои бадкирдорон.

4 Ӯ, охир, роҳҳои маро мебинад, ва ҳамаи қадамҳоямро дар шумор меоварад.

5 Агар бо роҳи ботил рафта бошам, ва пои ман сӯи макр шитофта бошад, —

6 Бигзор маро Худо бо тарозуи адл бисанҷад, ва беайбии маро бидонад.

7 Агар қадами ман аз роҳ баромада бошад, ва дили ман аз паи чашмонам рафта бошад, ва лаккае ба дастҳоям часпида бошад, —

8 Бигзор ман кишт кунам, ва дигаре бихӯрад, ва ҳосилоти ман решакан гардад.

9 Агар дили ман ба зане фирефта шуда бошад, ва назди дари ёри худ камин гирифта бошам, —

10 Бигзор зани ман барои дигаре ос кунад, ва дигарон ба вай ҳамбистар шаванд.

11 Чунки ин фисқу фуҷур аст, ва гуноҳи мансуб ба дорулқазост,

12 Зеро ин оташ аст, ки то ба ҳадди Абаддон хоҳад хӯрд ва тамоми маҳсулоти маро решакан хоҳад кард.

13 Агар ба даъвои ғулом ва канизи худ беэътиноӣ карда бошам, ҳангоме ки онҳо аз ман дод мехостанд, —

14 Пас, вақте ки Худо бархезад, чӣ кор хоҳам кард? Ва ҳангоме ки тафаққуд намояд, ба Ӯ чӣ ҷавоб хоҳам дод?

15 Охир, Ӯ ки маро дар батн офардидааст, варо низ офаридааст, ва ҳар дуро Ягона дар раҳим ба вуҷуд овардааст.

16 Агар аз иҷрои талаби бенавоён даст кашида бошам, ва чашмони бевазанро аз интизорӣ хаста карда бошам,

17 Ва луқмаи нони худро ба танҳоӣ хӯрда бошам, ва ятиме аз он нахӯрда бошад,

18 Дар сурате ки аз бачагиам ӯ бо ман, ҷун бо падар, калон шудааст, ва аз батни модарам бевазанро ҳидоят намудаам;

19 Агар касеро дида бошам, ки бе либос нобуд мешавад, ва мискинеро, ки пӯшок надорад;

20 Агар андомҳои ӯ маро баракат надода бошад, ва аз пашми гӯсфандони ман гарм нашуда бошад;

21 Агар дасти худро бар ятиме боло карда бошам, вақте ки назди дарвоза барои худ мадад медидам, —

22 Бигзор бозуи ман аз китфам ҷудо шуда афтад, ва соиди ман аз оринҷам бишканад,

23 Зеро ки ҳалокат аз ҷониби Худо барои ман тарсовар буд, ва пеши кибриёи Ӯ нотавон будам.

24 Агар тиллоро умеди худ дониста бошам, ва ба зари холис гуфта бошам: „Ту пушту паноҳи ман ҳастӣ“;

25 Агар шодӣ карда бошам аз он ки дороии ман фаровон аст, ва дастам сарвати бузурге пайдо кардааст;

26 Агар бар офтоб назар андохта бошам, вақте ки тулӯъ менамуд, ва бар моҳ, вақте ки бо камоли дурахшонӣ гардиш мекард,

27 Ва дили ман ба таври ниҳонӣ фирефта шуда, даҳони ман дастамро бӯсида бошад,

28 Ки ин низ гуноҳи мансуб ба дорулқазост, зеро ки Худои Таолоро инкор менамудам;

29 Агар аз мусибати душмани худ шодӣ карда бошам, ва аз ин ки вай бадӣ ёфтааст, ба ваҷд омада бошам, —

30 Ва ҳол он ки даҳони худро аз хато кардан нигоҳ дошта, бар ҷони вай лаънат нахостаам;

31 Агар аҳли хаймаи ман нагуфта бошад: „Кист, ки аз гӯшти вай сер нашудааст!“ —

32 Дар сурате ки ғарибе шабро дар кӯча намегузаронд: дарҳои худро барои роҳгузар мекушодам;

33 Агар ҷиноятҳои худро ҳамчун одамизод рӯпӯш карда, гуноҳи худро дар синаи худ пинҳон дошта бошам, —

34 Зеро ки аз ҷамоат бағоят ҳаросон мешудам, ва нафрати қабилаҳо маро дар даҳшат меандохт, ва ман хомӯш монда, аз дари худ берун намерафтам.

35 Кошки касе маро мешунид! Инак имзои ман! Бигзор Қодир ба ман ҷавоб диҳад! Кошки Даъвогари ман айбномае менавишт!

36 Ба яқин онро бар китфи худ бардошта мегаштам, мисли афсаре бар сари худ мениҳодам,

37 Шумораи қадамҳои худро ба Ӯ мегуфтам, мисли мире ба Ӯ наздик мешудам.

38 Агар замини ман аз дасти ман доду фарьёд бардошта, ҷӯякҳои он якҷоя гириста бошад;

39 Агар қуввати онро хӯрда бошам, бе он ки қиматашро адо кунам; ва агар ҷони соҳибони онро ба танг оварда бошам, —

40 Бигзор хорҳо ба ҷои гандум ва явшон ба ҷои ҷав бирӯяд». Суханони Айюб хотима ёфт.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan