Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Айюб 30 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ СИЮМ Давоми ҷавоби Айюб.

1 Ва алҳол ба ҳоли ман касоне механданд, ки синнашон аз синни ман камтар аст, ва ман розӣ намешудам ба он ки падарони онҳоро бо сагони рамаи худ бимонам.

2 Қувваи бозувони онҳо низ ба ман чӣ лозим буд? Тароваташон нест шуда буд.

3 Аз мӯҳтоҷӣ ва гуруснагӣ бемадор шуда, ба чӯли тираи хушку хало мегурехтанд,

4 Шӯргиёҳ ва баргҳои буттаҳоро мечиданд, ва решаҳои ратам хӯроки онҳо буд.

5 Аз байни ҷамоат бадар ронда мешуданд, ба сари онҳо мисли дуздон дод мегуфтанд.

6 Дар дараҳои рӯдҳо маскан мегирифтанд, дар ғорҳои замин ва сахраҳо.

7 Дар миёни буттаҳо оху фиғон мекарданд, зери хорзор паноҳ меёфтанд.

8 Ин мардуми нобакор, ин мардуми гумном низ, ба ин сабаб аз замин рад шудаанд!

9 Валекин алҳол ман суруди таҳқиромези онҳо гардидаам, ва барояшон калимаи тамасхур шудаам.

10 Онҳо аз ман нафрат доранд, аз ман дур мешаванд, ва аз туф кардан бар рӯи ман худдорӣ намекунанд.

11 Зеро ки Ӯ зеҳи камони маро кушода, маро зеру забар кардааст, ва онҳо лаҷоми худро ба хузури ман сар додаанд.

12 Аз тарафи рост издиҳоми бачагон бархоста, пойҳоямро ба танг меоваранд, ва роҳҳои ҳалокатовари худро бар ман равона мекунанд.

13 Роҳи маро вайрон карда, фалокати маро афзун менамоянд, дар сурате ки монеае барояшон нест.

14 Мисли он ки аз рахнаи фарохе бошад, сӯи ман меоянд, ба сони тундбод ҳуҷум меоваранд.

15 Даҳшатҳо маро фаро гирифта, мисли боде ҳиммати маро таъқиб мекунад, ва комьёбии ман мисли абре гузашта рафтааст.

16 Ва алҳол ҷонам андаруни ман ба ҳаяҷон меояд: рӯзҳои уқубат маро дар бар гирифтааст.

17 Шаб устухонҳоямро шикофта, аз ҳам ҷудо мекунад, ва рагҳоям ором надорад.

18 Бо қуввати азими Ӯ либосам тағьир ёфтааст, ва он маро мисли гиребони куртаам зер мекунад.

19 Маро Ӯ дар гил андохтааст, ва ман монанди хок ва хокистар шудаам.

20 Сӯи Ту истиғоса мебарам, ва иҷобат намекунӣ; ба дуо меистам, фақат бар ман назар меандозӣ.

21 Нисбат ба ман бераҳм гардидаӣ, бо қудрати дасти Худ ба ман кина меварзӣ.

22 Маро бо бод бардошта, бар он савор кардӣ, ва маро бо тундбоде вожгун менамоӣ.

23 Медонам, ки Ту маро ба марг хоҳӣ расонид, ва ба хонае ки барои ҷамъ омадани ҳамаи зиндаҳост.

24 Ба яқин ба хоктӯдае даст дароз нахоҳад кард, вақте ки кас дар мусибати худ фақат аз ин хусус истиғоса мебарад.

25 Оё ман ба ҳоли каси бадрӯзе гирья намекардам? Оё ҷонам аз қисмати мискин ғамгин намешуд?

26 Ҳангоме ки ба некӣ умед мебастам, бадӣ омад, ва ҳангоме ки ба нур интизорӣ доштам, торикӣ фаро расид.

27 Амъоям ба ҷӯш меояд ва ором намеёбад; рӯзҳои мусибат маро истиқбол намудааст.

28 Тирарӯй шуда мегардам, вале на аз офтоб; дар миёни ҷамоат бархоста, истиғоса мебарам.

29 Бародари шағолон шудаам, ва ёри шутурмурғон.

30 Пӯстам сиёҳ шуда, аз танам фурӯ мерезад, ва устухонам аз ҳарорати баданам сӯхта хушк шудааст.

31 Барбати ман ба сӯгдорӣ табдил ёфтааст, ва наи ман ба садои гирьяндагон.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan