Айюб 3 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ СЕЮМ Нутқи якуми Айюб. Шикоят ва андӯҳи ӯ. 1 Баъд аз он Айюб даҳони худро кушода, рӯзи худро нафрин кард. 2 Ва Айюб нидо карда, гуфт: 3 «Нест бод рӯзе ки дар он таваллуд ёфтам, ва шабе ки дар он гуфта шуд: „Наринае ба вуҷуд омад!“ 4 Бигзор он рӯз тира шавад, онро Худо аз афроз ба ҳисоб наоварад, ва рӯшноӣ бар он надурахшад! 5 Бигзор онро тирагӣ ва зулмот фурӯ барад, абр бар он сокин шавад, кусуфоти рӯз онро дар даҳшат андозад! 6 Бигзор он шабро торикӣ дар бар гирад, он ба рӯзҳои сол шарик нашавад, ба шумораи моҳҳо дохил нагардад! 7 Инак, бигзор он шаб нозой бошад, таронасароӣ дар он шунида нашавад! 8 Бигзор онро нафринкунандагони рӯз, ки метавонанд аждарро бедор кунанд, лаънат гӯянд! 9 Бигзор ситораҳои шоми он тира шавад, он ба нуре интизорӣ барад, — вале набошад, ва бигзор мижгони саҳарро набинад, 10 Барои он ки дарҳои батни модарамро набаст ва азобро аз чашмонам пинҳон накард! 11 Чаро вақте ки аз батн берун омадам, намурдам? Ва ҳангоме ки аз раҳим баромадам, ҷон надодам? 12 Чаро зонуҳо маро қабул кард? Ва чаро ба ман сина доданд, ки бимакам? 13 Дар он сурат ҳоло мехобидам ва фароғат менамудам, хоб мекардам ва ором меёфтам, 14 Бо подшоҳон ва мушовирони замин, ки барои худ вайронаҳоро бино мекунанд; 15 Ё бо мирон, ки тилло доштаанд, ва хонаҳои худро аз нуқра пур кардаанд; 16 Ё мисли афгонаи гӯронидашудае номавҷуд мебудам, мисли тифлоне ки рӯшноиро надидаанд. 17 Дар он ҷо шарирон хашмгиниро бас мекунанд, ва дар он ҷо бемаҷолон ором меёбанд. 18 Бандиён бо якҷоягӣ роҳат мекунанд, овози назоратчиро намешунаванд. 19 Хурд ва калон дар он ҷо баробаранд, ва ғулом аз оғои худ озод аст. 20 Чаро рӯшноӣ ба сиёҳбахт дода мешавад, ва зиндагӣ ба касони талхком, 21 Ки онҳо ба марг интизорӣ мебаранд, ва он намеояд, ва онро бештар аз ганҷ ҷустуҷӯ менамоянд, 22 Ва ҳар гоҳ, ки қабр пайдо кунанд, шодикунон ба ваҷд меоянд ва хурсанд мешаванд? 23 Чаро зиндагӣ ба марде дода мешавад, ки роҳаш гум шудааст, ва Худо дар гирдогирди ӯ хорбанд сохтааст? 24 Пеш аз нони ман оҳу воҳи ман меояд, ва наъраҳоям мисли об ҷараён дорад. 25 Зеро тарсу биме ки доштам, бар ман ғолиб шуд, ва чизе ки аз он метарсидам, ба сарам омад. 26 Маро осоиш нест, ва оромӣ нест, ва фароғат нест, ва мусибат фаро расидааст». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden