Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Айюб 28 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ БИСТУ ҲАШТУМ Давоми ҷавоби Айюб.

1 Ба яқин, нуқра маъдане дорад, ва тилло маконе ки мегудозанд.

2 Оҳан аз хок гирифта мешавад, ва мис аз санг гудохта мешавад.

3 Одам ба торикӣ хотима медиҳад, ва то ниҳояти дараҷа сангҳоро дар торикӣ ва зулмот тафтиш мекунад.

4 Ғоре ба зери макони аҳолинишин мекананд, аз хотири пиёдагардҳои рӯи замин фаромӯш мешаванд, ва дур аз мардум овезон гардида, ба ҳар сӯ ҳаракат мекунанд.

5 Замине ки аз сатҳаш нон мерӯяд, андарунаш, мисли он ки аз оташ бошад, чаппагардон шудааст.

6 Сангҳояш макони ёқути кабуд аст, ва тиллои хока дорад.

7 Роҳи онро бози шикорӣ намедонад, ва чашми уқоб онро надидааст.

8 Даррандагон бар он қадам нагузоштаанд, ва арсалон бар он гузар накардааст.

9 Ба сангх хоро дасти худро дароз мекунад, кӯҳҳоро аз буньёдашон чаппа мегардонад.

10 Дар кӯҳпораҳо чӯйҳо меканад, ва чашмаш ҳар чизи гаронбаҳоро мебинад.

11 Наҳрҳоро аз таровиш мебандад, ва чизи ниҳонро ба рӯшноӣ мебарорад.

12 Валекин ҳикмат аз куҷо ёфт мешавад? Ва макони хирад куҷост?

13 Инсон қадри онро намедонад, ва он дар замини зиндагон ёфт намешавад.

14 Варта мегӯяд: „Он дар ман нест“; ва баҳр мегӯяд: „Назди ман нест“;

15 Зари холис дар ивази он дода намешавад, ва нуқра ба баҳои он баркашида намешавад.

16 Ба он на бо зари сурхи Ӯфир қимат дода мешавад, на бо ҷазъи гаронбаҳо ва ёқути кабуд.

17 Тилло ва оина ба он баробар нест, ва зевари зари холис наметавонад онро иваз намояд.

18 Марҷон ва булӯр зикр намеёбад, ва пайдо кардани ҳикмат аз ҷавоҳир душвортар аст.

19 Ёқути зарди ҳабаш ба он баробар нест; ба он бо зари сурхи покиза баҳо дода намешавад.

20 Валекин ҳикмат аз куҷо меояд? Ва макони хирад куҷост?

21 Ва ҳол он ки он аз чашми тамоми махлуқот пинҳон аст, ва аз мурғони ҳаво нуҳуфта аст.

22 Абаддон ва марг мегӯянд: „Овозаи онро бо гӯши худ шунидаем“.

23 Худо роҳи онро медонад, ва Ӯ аз макони он хабардор аст,

24 Зеро ки Ӯ то ба ақсои замин назар мекунад, ва он чиро, ки зери тамоми осмон аст, мебинад.

25 Ҳангоме ки Ӯ вазне барои бод муқаррар намуд, ва обҳоро бо мизоне ҷойгир кард,

26 Ва ҳангоме ки низоме барои борон қарор дод, ва роҳе барои барқи тундарҳо, —

27 Он гоҳ онро дид ва онро дар шумор овард, онро муҳайё кард, ва онро низ тафтиш намуд,

28 Ва ба одамизод гуфт: „Инак, тарси Худованд ҳикмат аст, ва аз бадӣ дур шудан хирад аст“».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan