Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Айюб 27 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ БИСТУ ҲАФТУМ Давоми ҷавоби Айюб.

1 Ва Айюб нутқи худро давом дода, гуфт:

2 «Қасам ба ҳаёти Худо, ки Ӯ маро аз адлу инсоф маҳрум намудааст, ва ба ҳаёти Қодир, ки ҷони маро талх кардааст,

3 Ки то даме ки ҷони ман дар тани ман аст, ва нафаси Худо дар димоғи ман аст,

4 Лабҳоям ноинсофона сухан нахоҳад ронд, ва забонам дурӯғ нахоҳад гуфт!

5 Ҳошо, ки ман шуморо ҳақ шуморам: то дами мурданам нахоҳам гузошт, ки беайбии маро аз ман дур кунед.

6 Адли худро маҳкам нигоҳ доштаам, ва онро тарк нахоҳам кард; дили ман аз аввали ҳастиам маро мазаммат накардааст.

7 Душмани ман мисли шарир хоҳад буд, ва мухолифи ман мисли ноинсоф.

8 Зеро риёкор чӣ умеде дорад, вақте ки Худо ӯро маҳв мекунад, вақте ки ҷони ӯро мегирад?

9 Оё Худо фарьёди ӯро хоҳад шунид, вақте ки мусибате ба сари ӯ ояд?

10 Оё ӯ аз Қодир шодкомӣ хоҳад ёфт, ва ҳар вақт Худоро хоҳад хонд?

11 Он чиро, ки дар дасти Худост, ба шумо таълим хоҳам дод; он чиро, ки аз ҷониби Қодир аст, ниҳон нахоҳам кард.

12 Инак, шумо ҳамаатон инро дидаед; ва чаро чунин суханони хушкухолӣ мегӯед?

13 Чунин аст насибаи одами шарир аз ҷониби Худо, ва меросе ки золимон аз Қодир пайдо мекунанд.

14 Агар фарзандони ӯ бисьёр шаванд, тӯъмаи шамшер хоҳанд шуд; ва авлоди ӯ аз нон сер нахоҳанд шуд.

15 Бақияи онҳо аз вафот дар гӯр хоҳанд шуд; ва занони беваашон гирья нахоҳанд кард.

16 Агар ӯ нуқраро мисли хок ҷамъ оварад, ва либосро мисли гил тайёр кунад, —

17 Ӯ тайёр мекунад, вале онро одил хоҳад пӯшид, ва нуқраро бегуноҳ мерос хоҳад гирифт.

18 Хонаи худро ӯ мисли куя бино мекунад, ва мисли соябоне ки нигаҳбон месозад.

19 Ба сифати сарватдор хоб меравад, вале дигар чунин нахоҳад буд: чашмони худро мекушояд, — ва сарваташ нест шудааст.

20 Даҳшатҳо мисли об ӯро фаро мегирад; шабона ӯро тундбод мерабояд.

21 Боди шарқӣ мебардорад, ва меравад; ва ӯро аз маконаш лесида мебарад.

22 Ва бар ӯ тир меандозад, ва дареғ намедорад, агарчи ӯ зӯр мезанад, ки аз дасти он бигрезад.

23 Дар ҳаққи ӯ даст бар ҳам месояд, ва аз маконаш ба ҳоли ӯ ҳуштак мекашад.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan