Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Айюб 26 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ БИСТУ ШАШУМ Ҷавоби ҳаштуми Айюб: нутқи Билдод метавонад касро ба ноумедӣ дуҷор созад, лекин Айюб ба Худо имон меоварад.

1 Ва Айюб ҷавоб гардонда, гуфт:

2 «Чӣ гуна ту ба беқуввате мадад расондӣ, ва бозуи бемаҷолеро раҳо кардӣ!

3 Чӣ гуна ту ба беҳикмате машварат додӣ, ва ҳақиқати ҳолро ба хубӣ фаҳмондӣ!

4 Барои кӣ ин суханонро гуфтӣ? Ва рӯҳи кист, ки аз ту берун омад?

5 Арвоҳи мурдагон дар зери об, ва сокинони он ба ларза меоянд.

6 Дӯзаҳ пеши назари Ӯ бараҳна аст, ва барои Абаддон рӯпӯше нест.

7 Шимолро бар хало мегустаронад, заминро бар нестӣ меовезад.

8 Обро дар абрҳои Худ банд мекунад, ва ҳеҷ саҳобе зери он намекафад.

9 Рӯи тахти Худро мепӯшонад, абри Худро бар он паҳн мекунад.

10 Хате бар рӯи об мекашад, то ба ҳадди рӯшноӣ ва торикӣ.

11 Сутунҳои осмон ба ларза меояд, ва аз итоби Ӯ ба даҳшат меафтад.

12 Бо қуввати Худ баҳрро ба шӯр меоварад, ва бо хиради Худ раҳабро захмдор мекунад.

13 Аз рӯҳи Ӯ осмон шукӯҳ ёфтааст; дасти Ӯ аждари болдорро нобуд кардааст.

14 Инак, инҳо ҳиссаест аз роҳҳои Ӯ; ва чӣ сухани андаке дар ҳаққи Ӯ шунидаем! Вале раъди қудрати Ӯро кист, ки тавонад пай барад?»

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan