Айюб 25 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ БИСТУ ПАНҶУМ Нутқи сеюми Билдод: инсон ба ҳузури Худо чист? 1 Ва Билдоди Шуҳӣ ҷавоб гардонда, гуфт: 2 «Ҳукмронӣ ва тарс дар Ӯст; дар афрозҳои Худ осоиштагӣ ба вуҷуд меоварад. 3 Оё фавҷҳои Ӯ сону шумор доранд? Ва кист, ки нури Ӯ бар вай тулӯъ намекарда бошад? 4 Вале инсон чӣ гуна ба ҳузури Худо одил шавад? Ва зодаи зан чӣ гуна пок бошад? 5 Инак, ҳатто моҳ чандон рӯшноӣ намедиҳад, ва ситорагон дар назари Ӯ пок нестанд, 6 Алалхусус инсон, ки мисли кирм аст, ва писари одам, ки мисли митта аст». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden