Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Айюб 24 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ БИСТУ ЧОРУМ Давоми ҷавоби Айюб.

1 Чаро аз ҷониби Қодир вақтҳо таъин карда нашудааст? Ва чаро орифони Ӯ рӯзҳои Ӯро намебинанд?

2 Марзаҳоро мекӯчонанд; рамаро медузданд ва мечаронанд.

3 Хари ятимонро гирифта мебаранд; наргови бевазанро ба гарав мегиранд.

4 Бенавоёнро аз роҳ мегурезонанд: мазлумони замин якҷоя пинҳон мешаванд.

5 Инак онҳо, мисли харони ваҳшӣ дар биёбон, ба фаъолияти худ берун омада, хӯроки худро ҷустуҷӯ мекунанд: дашт ба ҳар яке барои бачагонаш ризқу рӯзӣ мерасонад.

6 Дар саҳро хӯшаҳои бо алаф омехтаро медараванд, ва ангури дерпази токзори шарирро мечинанд.

7 Бараҳна мехобанд, бе он ки либосе дошта бошанд, ва дар сармо онҳоро рӯпӯше нест.

8 Аз бориши кӯҳсор тар мешаванд, ва азбаски паноҳгоҳе надоранд, кӯҳпораро қучоқ мекунанд.

9 Ятимро аз пистон ҷудо карда мебаранд, ва бачаи мискинро ба гарав мегиранд.

10 Онҳоро водор мекунанд, ки бараҳна, бе либос роҳ раванд; ва гуруснагон бандҳои гандумро мебардоранд;

11 Дар миёни деворҳо равған мекашанд; дар чархуштҳо ангур зер мекунанд, ва ташна мемонанд.

12 Аз даруни шаҳр мардум фиғон мекашанд, ва ҷони маҷрӯҳон истиғоса мебарад, вале Худо инро мазаммат намекунад.

13 Инҳо аз ҷумлаи душманони рӯшноӣ мебошанд, тариқҳои онро эътироф намекунанд, ва дар роҳҳояш қадам намегузоранд:

14 Қотил пеш аз дамидани субҳ мехезад, мискин ва бенаворо мекушад, ва шабона бо дуздӣ машғул мешавад.

15 Чашми зинокор низ мунтазири бегоҳирӯзист, вай мегӯяд: „Чашми касе маро нахоҳад дид“, — ва ба рӯяш ниқоб мепӯшад,

16 Дар торикӣ ба хонаҳо нақб меканад. Рӯзона худро пинҳон медоранд, рӯшноиро намедонанд.

17 Зеро субҳ барои ҳамаашон зулмот аст, чунки воҳимаҳои зулмотро мешиносанд.

18 Вай бар рӯи об сабук аст; қисмати вай бар замин нафрин аст: ба роҳи токзор дигар рӯ нахоҳад овард.

19 Чунон ки хушкӣ ва гармӣ оби барфро фурӯ мебарад, ончунон дӯзах гуноҳкоронро.

20 Батн варо фаромӯш хоҳад кард; кирм аз вай лаззат хоҳад бурд; вай дигар зикр нахоҳад ёфт; ва ноинсофӣ мисли дарахт хоҳад шикаст.

21 Вай ба зани бефарзанде ки назоидааст, ситам мекунад, ва ба бевазан некӣ намекунад.

22 Вай баҳодуронро низ бо қуввати худ мағлуб менамояд; вай бармехезад, ва ҳеҷ кас дар ҳаёти худ эмин нест.

23 Ба вай Ӯ амният мебахшад, ва бар он вай такья мекунад; ва чашмони Ӯ бар роҳҳои онҳост.

24 Ба пояи аъло мерасанд, — ва ба як тарфатулъайн нест мешаванд; ва ба залолат афтода, мисли ҳама пажмурда мегарданд, ва мисли сари хӯша бурида мешаванд.

25 Ва агар чунин набошад, кист, ки тавонад маро такзиб кунад, ва сухани маро ҳеҷу пуч гардонад?»

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan