Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Айюб 23 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ БИСТУ СЕЮМ Ҷавоби ҳафтуми Айюб: ӯ муштоқи Худои Ҳай аст.

1 Ва Айюб ҷавоб гардонда, гуфт:

2 «Имрӯз низ шикваи ман талх аст, чунки зарбаи дасти Ӯ аз оҳу воҳи ман сахттар аст.

3 Кошки медонистам, ки Ӯро аз куҷо ёбам, то ки пеши тахти Ӯ биёям!

4 Даъвои худро ба ҳузури Ӯ пешниҳод менамудам, ва даҳонамро аз далелҳо пур мекардам.

5 Суханонеро, ки ба ҷавоби ман мегуфт, медонистам, ва он чи ба ман мегуфт, мефаҳмидам.

6 Оё бо қуввати азими Худ бо ман ҷидол менамуд? Не! Балки ба ман диққат медод.

7 Он гоҳ росткор ба Ӯ исбот мекард, ва ман аз дасти Довари худ ба сурати абадӣ раҳоӣ меёфтам.

8 Инак, ба тарафи шарқ меравам, вале Ӯ ёфт намешавад, ва ба тарафи ғарб, — вале Ӯро пайхас намекунам;

9 Ба тарафи шимол, вақте ки Ӯ ҳаракат мекунад, — Ӯро намебинам; ба тарафи ҷануб, вақте ки Ӯ рӯ меоварад, — Ӯро мушоҳида намекунам.

10 Зеро роҳеро, ки бар он истодаам, Ӯ медонад; агар маро меозмуд, мисли тилло мебаромадам.

11 Пои ман изи қадами Ӯро гирифта рафтааст: тариқи Ӯро нигоҳ доштаам, ва аз он сар натофтаам.

12 Аз ҳукми лабҳои Ӯ дур нашудаам; суханони даҳони Ӯро бештар аз ротибаи худ ниҳон доштаам.

13 Валекин Ӯ якраъй аст, ва кист, ки Ӯро баргардонад? Ва он чи дили Ӯ хоҳад, ба ҷо меоварад.

14 Ҳамин тавр Ӯ муқаддаротро дар ҳаққи ман анҷом медиҳад: ва мисли ин назди Ӯ бисьёранд.

15 Бинобар ин аз хашми Ӯ ба ҳарос меафтам; вақте ки мулоҳиза мекунам, аз Ӯ метарсам.

16 Худо дар дили ман ваҳм андохтааст, ва Қодир маро ҳаросон кардааст,

17 Зеро ки на аз торикӣ кори ман тамом шудааст, ва на аз дидори ман, ки онро зулмот пӯшондааст.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan