Айюб 22 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ БИСТУ ДУЮМ Нутқи сеюми Алифоз. Ӯ мисли пештара Айюбро гуноҳкор мешуморад. 1 Ва Алифози Темонӣ ҷавоб гардонда, гуфт: 2 «Оё мард ба Худо фоида мерасонад? Ба яқин, соҳибфаҳм фақат ба худаш фоида мерасонад. 3 Оё ба ин ки ту одил бошӣ, Қодирро ҳоҷате ҳаст? Ва оё Ӯро фоидае ҳаст аз он ки ту роҳҳои худро беайб созӣ? 4 Оё аз боиси худотарсии ту Ӯ туро азият медиҳад? Бо ту ба мурофиа меояд? 5 Оё шарорати ту бузург нест? Ва гуноҳҳои ту беинтиҳо нест? 6 Яқин аст, ки ту аз бародарони худ ноҳақ гарав гирифтаӣ, ва либоси бараҳнагонро кашидаӣ. 7 Ба ташна об надодаӣ, ва аз гурусна нонро дареғ доштаӣ. 8 Вале шахси муштзӯр соҳиби замин буд, ва олимақом дар он сокин мешавад. 9 Бевазанонро тиҳидаст фиристодаӣ, ва бозувони ятимон шикаста шудааст. 10 Бинобар ин гирдогирди ту домҳост, ва тарси ногаҳонӣ туро дар изтироб андохтааст, 11 Ё торикӣ, ки чизеро дар он намебинӣ, ва оби фаровон туро пӯшонидааст. 12 Худо, охир, дар афрози осмон аст; ба сари ситораҳо бингар: чӣ гуна онҳо баланд аст! 13 Вале ту мегӯӣ: „Худо чӣ медонад? Оё Ӯ метавонад аз миёни тирагӣ доварӣ намояд? 14 Абрҳо пардаи Ӯст, ва Ӯ намебинад, ва дар гунбази афлок гардиш мекунад“. 15 Оё ту тариқи қадимиёнро пайравӣ менамоӣ, ки мардуми ҷафокор бо он равона буданд, 16 Ва онҳо бемаҳал маҳкум гардиданд, ва буньёдашон ба наҳре мубаддал шуд? 17 Чунки ба Худо гуфтанд: „Аз мо дур шав! Ва Қодир ба мо чӣ метавонад бикунад?“ 18 Ва ҳол он ки Ӯ хонаҳошонро аз нозу неъмат пур карда буд. Машварати шарирон аз ман дур бод! 19 Одилон инро дида, шод шуданд, ва бегуноҳ онҳоро тамасхур кард: 20 „Ба яқин, мухолифони мо талаф шудаанд, ва бақияи онҳоро оташ хӯрдааст“. 21 Пас, бо Ӯ мувофиқат намо, ва саломат бош; ба ин тариқ ба некӯӣ ноил хоҳӣ шуд. 22 Аз даҳони Ӯ таълимот биомӯз. ва гуфтори Ӯро дар дили худ ҷойгир намо. 23 Агар ба Қодир руҷӯъ намоӣ, бино хоҳӣ ёфт, ба шарте ки ноинсофиро аз хаймаи худ дур созӣ, 24 Ва хазинаи тиллоро дар хок ва зари Ӯфирро дар сангҳои селобҳо андозӣ, — 25 Он гоҳ Қодир хазоини тиллои ту ва нуқраи хушъиёр барои ту хоҳад буд, 26 Зеро ки он вақт аз Қодир шодкомӣ хоҳӣ ёфт, ва рӯи худро сӯи Худо хоҳӣ бардошт. 27 Сӯи Ӯ дуо хоҳӣ гуфт, ва Ӯ туро иҷобат хоҳад намуд, ва ту назрҳои худро иҷро хоҳӣ кард. 28 Ва чизеро ният кунӣ, ва он барои ту ба амал хоҳад омад, ва бар роҳҳои ту рӯшноӣ хоҳад дурахшид. 29 Агар сарпаст кунанд, хоҳӣ гуфт: „Баландӣ бидеҳ!“, ва Ӯ сархамро наҷот хоҳад дод; 30 Он касро низ, ки бегуноҳ набошад, раҳо хоҳад кард, ва ба туфайли покии дастҳои ту вай раҳо хоҳад шуд». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden