Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Айюб 20 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ БИСТУМ Нумқи дуюми Сӯфор дар бораи бебақоии бахти шарирон.

1 Ва Сӯфори Наъмотӣ ҷавоб гардонда, гуфт:

2 «Аз он сабаб андешаҳоям маро ба ҷавоб гардондан таҳрик медиҳад, ки ман таҳқирро ҳис кардам:

3 Мазаммати пурмаломатро дар ҳаққи худ шунидам, ва рӯҳе аз даруни хирадам маро водор менамояд, ки ба ту ҷавоб диҳам.

4 Оё инро надонистаӣ, ки аз қадимулайём, аз замоне ки одамизод бар замин пайдо шудааст,

5 Таронасароии шарир кӯтоҳмуддат аст, ва шодии риёкор ба як тарфатулайн аст?

6 Ҳарчанд ки шавкаташ то ба осмон баланд гардад, ва сараш ба абрҳо бирасад,

7 Мисли наҷосаташ абадан нест хоҳад шуд; онҳое ки ӯро дида буданд, хоҳанд гуфт: „Ӯ куҷост?“

8 Мисли хоб хоҳад парид, ва ӯро нахоҳанд ёфт, ва мисли рӯъёи шаб аз назар ғоиб хоҳад шуд.

9 Чашме ки ӯро дида буд, дигар нахоҳад дид, ва маконаш дигар ба ӯ нахоҳад нигарист.

10 Писаронаш бо бенавоён мувосо хоҳанд кард, ва дастҳояш сарвати ӯро гардонда хоҳад дод.

11 Устухонҳояш, ки пур аз таровати ҷавонии ӯст, бо ӯ дар хок хоҳад хобид.

12 Агарчи дар даҳони ӯ бадӣ ширин аст, ва онро дар таги забонаш ниҳон мекунад,

13 Ва онро дареғ дошта, тарк намекунад, ва онро дар лунҷи худ нигоҳ медорад, —

14 Хӯроки ӯ дар амъояш табдил ёфта, андаруни ӯ мисли заҳри гурзаҳо хоҳад шуд.

15 Сарватеро, ки фурӯ бурда буд, қай хоҳад кард: онро Худо аз шиками ӯ бадар хоҳад ронд.

16 Ӯ заҳри гурзаҳоро хоҳад макид; забони афъӣ ӯро хоҳад кушт.

17 Ӯ ҷӯйборро нахоҳад дид: наҳрҳо ва ҷӯйҳои асал ва қаймоқро.

18 Дороии худро хоҳад баргардонид, ва онро фурӯ нахоҳад бурд; сарваташ ҳарчанд бузург бошад ҳам, аз он шод нахоҳад шуд.

19 Зеро ки ӯ бар бенавоён зулм карда, онҳоро партофтааст; хонаеро, ки бино накардааст, тороҷ намудааст.

20 Чунки дар шиками худ сериро надонистааст; аз бору буди худ чизеро халос нахоҳад кард.

21 Аз пурхӯрии ӯ чизе боқӣ намемонад, пас нозу неъмати ӯ пойдор нахоҳад буд.

22 Вақте ки ҳавасҳояш пурра ба иҷро расад, ӯ ба танг хоҳад омад; ҳар дасти ситамкаш бар ӯ қиём хоҳад кард.

23 Чун шикамашро пур кардан хоҳад, Худо шиддати ғазаби Худро бар ӯ равона хоҳад кард, ва онро мисли борон бар ҷисми ӯ меборонад.

24 Агар аз яроқи оҳанин гурезад, камони мисин ӯро шикоф хоҳад кард:

25 Ҷисмашро шикофта, аз тахтапушташ берун хоҳад омад, ва барқи синон аз заҳраи ӯ хоҳад гузашт; даҳшатҳо ӯро фаро хоҳад гирифт.

26 Тамоми торикӣ барои паноҳкардагони ӯ муҳайёст; оташе ки касе надамида бошад, ӯро хоҳад хӯрд ва он чиро, ки дар хаймаи ӯ боқист, талаф хоҳад кард.

27 Осмон гуноҳи ӯро ошкор хоҳад кард, ва замин ба муқобили ӯ хоҳад бархост.

28 Ҳосили хонаи ӯ талаф хоҳад шуд: дар рӯзи ғазаби Ӯ барбод хоҳад рафт.

29 Чунин аст қисмати одами шарир аз ҷониби Худо, ва қазову қадари ӯ аз ҷониби Қодир».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan