Айюб 2 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ДУЮМ Айюб бори дуюм ба ихтиёри шайтон супурда шуд. 1 Ва рӯзе воқеъ шуд, ки писарони Худо омаданд, то ки пеши Худованд ҳозир шаванд; ва шайтон низ дар миёни онҳо омад, то ки пеши Худованд ҳозир шавад. 2 Ва Худованд ба шайтон гуфт: «Аз куҷо омадӣ?» Ва шайтон ба Худованд ҷавоб гардонда, гуфт: «Аз давр задан бар замин ва аз гаштугузор кардан бар он». 3 Ва Худованд ба шайтон гуфт: «Оё ба бандаи Ман Айюб диққат додӣ, ки мисли ӯ марди беайб ва росткор ва худотарсе ки аз бадӣ дур мешавад, бар замин нест? Ва ӯ ҳанӯз ба беайбии худ қоим аст, ва ҳол он ки ту Маро бар зидди ӯ барангехтӣ, то ӯро бесабаб нобуд кунам». 4 Вале шайтон ба Худованд ҷавоб гардонда, гуфт: «Пӯст дар ивази пӯст аст, ва ҳар чизе ки одамизод дорад, барои ҷони худ хоҳад дод; 5 Аммо дасти Худро дароз карда, ба устухон ва гӯшти ӯ бизан, — Туро ба ҳузурат дашном хоҳад дод». 6 Ва Худованд ба шайтон гуфт: «Инак, ӯ дар дасти туст; фақат ҷони ӯро нигоҳдорӣ намо». 7 Ва шайтон аз пеши Худованд рафт, ва Айюбро аз кафи нояш то фарқи сараш ба махави сахт гирифтор кард. 8 Ва ӯ сафолпорае гирифт, то ки худро бо он бихорад, дар ҳолате ки андаруни хокистар нишаста буд. Айюб ва зани ӯ. 9 Ва занаш ба ӯ гуфт: «Оё ту ҳанӯз ба беайбии худ қоим ҳастӣ? Худоро дашном деҳ ва бимир». 10 Вале ӯ ба вай гуфт: «Ту мисли яке аз сифлагон сухан меронӣ; наход ки некиро аз Худо қабул кунему бадиро қабул накунем?» Дар ҳамаи ин Айюб бо лабҳои худ хатое накард. Айюб ва се дӯсти ӯ. 11 Вақте ки се дӯсти Айюб тамоми ин бадиеро, ки ба сари ӯ омада буд, шуниданд, ҳар яке аз макони худ: Алифози Темонӣ ва Билдоди Шуҳӣ ва Сӯфори Наъмотӣ роҳсипор гардида, муттафиқ шуданд, ки бо ҳамдигар омада, ба ӯ ҳамдардӣ изҳор намоянд ва ӯро тасаллӣ диҳанд. 12 Чун аз дур чашм андохта, ӯро нашинохтанд, овози худро баланд карда, гиристанд, ва ҳар яке ҷомаи худро чок заданд, ва хок бар сари худ сӯи осмон пошиданд. 13 Ва ҳафт рӯзу ҳафт шаб бо ӯ бар замин нишастанд, ва касе ба ӯ сухане нагуфт, зеро диданд, ки дарди ӯ бағоят сахт аст. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden