Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Айюб 18 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ҲАЖДАҲУМ Нутқи дуюми Билдод. Ӯ ногузир будани ҳалокати шариронро қайд менамояд.

1 Ва Билдоди Шуҳӣ ҷавоб гардонда, гуфт:

2 «То ба кай ба суханон идома хоҳӣ дод? Аввал мулоҳиза кунед, ва баъд сухан хоҳем ронд.

3 Чаро мисли чорпое ҳисоб ёбем ва дар назари шумо кундзеҳн намоем?

4 Эй, ки ҷони худро дар ғазаби худ медарӣ! Наход ки барои ту замин хароб шавад, ва кӯҳпора аз ҷояш кӯч кунад?

5 Бо вуҷуди ин, нури шарирон хомӯш хоҳад шуд, ва шарораи оташи онҳо рӯшноӣ нахоҳад дод.

6 Дар хаймаи ӯ нур тира хоҳад гардид, ва чароғаш бар ӯ хомӯш хоҳад шуд.

7 Қадамҳои пурзӯри ӯ танг хоҳад шуд, ва машвараташ ӯро вожгун хоҳад кард.

8 Зеро ки бо пойҳояш дар дом хоҳад афтод, ва бар рӯи тӯр роҳ хоҳад рафт.

9 Тузоқ пошнаи ӯро хоҳад қапид, ва қапқон ӯро сахт нигоҳ хоҳад дошт.

10 Ҷела барояш бар замин ниҳон аст, ва чапарак барояш дар сари роҳ.

11 Аз ҳар тараф даҳшатҳо ӯро хоҳад тарсонид, ва дар ҳар қадамаш ӯро таъқиб хоҳад кард.

12 Насли ӯ гуруснагӣ хоҳад кашид, ва ҳалокат барои афтодани ӯ тайёр аст;

13 Андоми ҷисми ӯро хоҳад хӯрд: нахустзодаи марг андоми ӯро хоҳад хӯрд.

14 Аз хаймаи ӯ, ки паноҳгоҳи ӯст, ронда хоҳад шуд, ва сӯи подшоҳи даҳшатҳо бурда хоҳад шуд.

15 Дар хаймаи ӯ, ки дигар аз они ӯ набошад, даҳшатҳо сокин хоҳад шуд; бар маскани ӯ кибрит боронида хоҳад шуд.

16 Решаҳои ӯ аз зер хушк хоҳад шуд, ва шоху барги ӯ аз боло бурида хоҳад шуд.

17 Зикри ӯ аз замин маҳв хоҳад шуд, ва номи ӯро бар рӯи саҳро касе нахоҳад хонд.

18 Ӯро аз рӯшноӣ ба торикӣ хоҳанд ронд, ва аз дуньё дур хоҳанд кард.

19 Дар оилаи ӯ на аберае ӯро хоҳад буд ва на наберае; ва дар иқоматгоҳҳои ӯ касе боқӣ нахоҳад монд.

20 Аз рӯи ӯ ғарбиён ҳайрон хоҳанд монд, ва шарқиён ба даҳшат хоҳанд афтод.

21 Ба яқин чунин аст масканҳои каси ноинсоф, ва ҳамин аст қисмати маконе ки Худоро намешиносад».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan