Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Айюб 17 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ҲАФДАҲУМ Давоми нутқи Айюб.

1 Рӯҳи ман пажмурда шудааст, рӯзҳои ман ба поён мерасад, қабристон барои ман муҳайёст.

2 Ба ростӣ, тамасхуркунандагон гирдогирди мананд, ва чашми ман дар талхгӯиҳои онҳо сокин аст.

3 Гарав гузошта, ба ҳузури Худ ба ман зомин шав! Вагар на, кист, ки барои ман дасти паймон диҳад?

4 Зеро ки дили онҳоро аз хирад ниҳон доштаӣ, бинобар ин онҳоро баланд нахоҳӣ бардошт.

5 Касе ки ёронашро ба сони нахҷир таслим мекунад, чашмони бачагонаш сиёҳ меравад.

6 Худо маро вирди забони мардум гардондааст, ва ман касе шудаам, ки ҳама ба рӯяш туф мекунанд.

7 Ва чашми ман аз ғусса хаста шудааст, ва тамоми андомам мисли соя гардидааст.

8 Росткорон дар ин бора мутаҳайир хоҳанд шуд, ва бегуноҳ бар риёкор ба ғазаб хоҳад омад.

9 Вале одил дар роҳи худ устувор хоҳад буд, ва каси покизадаст боз ҳам қавӣ хоҳад шуд.

10 Валекин ҳамаатон метавонед бозгашта биёед, ва дар миёни шумо хирадманде нахоҳам ёфт.

11 Рӯзҳоям гузаштааст, андешаҳоям, — орзуҳои дилам, — барбод рафтааст.

12 Шабро мехоҳанд ба рӯз мубаддал кунанд, нурро ба торикӣ наздик оваранд.

13 Агар умед кунам, ки дӯзах хонаи ман аст, ва дар торикӣ бистари худро андозам,

14 Агар ба гӯр гӯям: „Ту падари ман ҳастӣ“, ва ба кирм гӯям: „Ту модар ва хоҳари ман ҳастӣ“, —

15 Пас, умеди ман куҷост? Ва кист, ки умеди маро дида бошад?

16 Он ба дарвозаи дӯзах фурӯ хоҳад рафт, вақте ки якҷоя дар хок фурӯд оем».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan