Айюб 16 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ШОНЗДАҲУМ Ҷавоби чоруми Айюб. Ӯ ба Худо аз дӯстони худ, ки дар иштибоҳ афтодаанд, шикоят мекунад. 1 Ва Айюб ҷавоб гардонда, гуфт: 2 «Чунин чизҳоро аз ҳад зиёд шунидаам; ҳамаатон тасаллидиҳандагони ғамовар ҳастед. 3 Оё суханони пуч хотима хоҳад ёфт? Ва чист, ки туро ба ҷавоб гардондан водор менамояд? 4 Ман низ мисли шумо сухан мерондам, агар ҷони шумо ба ҷои ҷони ман мебуд; барои шумо суханон иншо мекардам, ва сари худро ба шумо меҷунбондам; 5 Бо даҳони худ шуморо далер менамудам, ва тасаллии лабҳоям дарди шуморо сабук мекард. 6 Агар сухан ронам, дардам сабук намешавад, ва агар хомӯш монам, чӣ дарде аз ман дур мешавад? 7 Аммо акнун Ӯ маро бетоқат кардааст. Тамоми хонадони маро Ту маҳв намудаӣ, 8 Ва ҷисми маро пурчин кардаӣ, ки ин бар зидди ман шоҳид шудааст; ва лоғарии ман бар ман қиём намуда, дар пеши ман гувоҳӣ медиҳад. 9 Ғазаби Ӯ маро медарад ва бо ман адоват дорад; дандонҳои Худро бар ман ғиҷиррос мезанонад. Душманам чашмонашро ба ман ало мекунад. 10 Мардон даҳони худро бар ман воз кардаанд, бо суханони нангин рухсорҳоямро мезананд; бар қасди ман забон як кардаанд. 11 Худо маро ба ноинсофон таслим намудааст, ва ба дасти шарирон маро супурдааст. 12 Ором будам, ва Ӯ маро пора‐пора кардааст, ва аз гарданам дошта, маро шикастааст, ва маро барои Худ ҳадаф қарор додааст. 13 Камонандозони Ӯ маро иҳота кардаанд. Гурдаҳоямро реш мекунанд, ва раҳмаш намеояд; заҳраи маро бар замин мерезад; 14 Маро рахна бар рахна мекушояд, мисли баҳодуре бар ман тохт меоварад. 15 Бар пӯсти худ палос дӯхтаам, ва шохи худро дар хок гузоштаам. 16 Рӯи ман аз гирья суп‐сурх шудааст, ва бар мижгони ман зулмот аст, 17 Гарчанде ки ҳеҷ ситаме дар дасти ман нест, ва дуои ман нок аст. 18 Эй замин! Хуни маро рӯпӯш накун, ва бигзор дар умқи ту барои фиғони ман ҷое набошад. 19 Инак, алҳол низ Гувоҳи ман дар осмон аст, ва Шоҳиди ман дар арши аъло! 20 Маро тамасхур мекунед, эй дӯстонам! Чашми ман сӯи Худо ашк мерезад, 21 То ки Ӯ байни мард ва Худо доварӣ намояд, чунон ки байни одамизод ва ёри вай аст. 22 Зеро ки солҳои андак ба охир мерасад, ва ман ба роҳи бебозгашт хоҳам рафт. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden