Айюб 14 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЧОРДАҲУМ Давоми он. 1 Одамизод, ки аз зан зоида мешавад, рӯзҳояш кам ва азобаш бисьёр аст: 2 Мисли гул месабзад ва пажмурда мешавад, ва мисли соя мегурезад ва боқӣ намемонад. 3 Оё бар чунин махлуқе чашмони Худро менигаронӣ, ва маро бо Худ ба мурофиа мебарӣ? 4 Кист, ки тавонад аз чизи наҷис чизи поке берун оварад? Як нафар ҳам нест. 5 Агар рӯзҳои вай муайян ва шумораи моҳҳои вай назди Ту бошад, ва ҳадде барояш гузошта бошӣ, ки аз он наметавонад бигзарад, — 6 Аз вай рӯй гардон, то ки дам гирад ва рӯзашро мисли муздуре ба анҷом расонад. 7 Яқинан барои дарахт умеде ҳаст: агар бурида шавад, боз хоҳад сабзид, ва навдаи он барҳам нахоҳад хӯрд; 8 Агар решаи он дар замин пир шуда, кундаи он дар хок бимирад, 9 Ҳамин ки бӯи об ба он бирасад, нашъунамо хоҳад ёфт, ва мисли ниҳоле ки нав шинонда шуда бошад, шохаҳо хоҳад расонид. 10 Валекин мард мемирад, — ва фано мешавад, ва одам ҷон медиҳад, — ва куҷост ӯ? 11 Чунон ки обҳо аз дарьё меравад, ва наҳр бе об монда, хушк мешавад, 12 Ончунон одамизод хобида, дигар намехезад; то даме ки осмон фано нашавад, бедор нахоҳанд шуд, ва аз хобашон сар нахоҳанд бардошт. 13 Кошки маро дар гӯр руст мекардӣ, то вақти фурӯ нишастани ғазабат пинҳон медоштӣ ва бароям мӯҳлате муайян намуда, пас аз он маро ба ёд меовардӣ! 14 Агар мард бимирад, оё боз зиндагӣ хоҳад кард? Дар тамоми рӯзҳои замони муайяни худ умедвор мешудам, то даме ки табдили ман фаро расад. 15 Маро даъват менамудӣ, ва ман ба Ту ҷавоб мегардондам; иштиёқманди амали дастҳои худ мегаштӣ, 16 Зеро ки он гоҳ қадамҳои маро дар шумор меовардӣ, ва хатои маро намепоидӣ; 17 Ҷинояти ман дар лӯлае сар ба мӯҳр мебуд, ва гуноҳи маро рӯпӯш мекардӣ. 18 Валекин, чунон ки кӯҳ афтода, гард‐гард мешавад, ва сахра аз ҷои худ меҷунбад; 19 Об сангҳоро месояд, ҷараёнҳояш хоки заминро шуста мебарад, ончунон Ту умеди инсонро несту нобуд мекунӣ. 20 Ӯро ба сурати абадӣ мағлуб менамоӣ, ва меравад; рӯи ӯро дигаргун месозӣ, ва ӯро мефиристонӣ. 21 Писаронаш бой мешаванд, ва ӯ намедонад; ва ё ба залолат меафтанд, ва ӯ вазъияти онҳоро пайхас намекунад. 22 Аммо ҷисми ӯ бар ӯ дард мекунад, ва ҷони ӯ андаруни ӯ мотам мегирад». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden