Айюб 13 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ СЕЗДАҲУМ Давоми нутқи Айюб. 1 Инак, ҳамаашро чашми ман дидааст, ва гӯши ман шунида, дарк намудааст. 2 Он қадар, ки шумо медонед, ман низ медонам; аз шумо камтар нестам. 3 Аммо ман мехоҳам ба Қодир сухан ронам, ва орзу дорам ба Худо исбот намоям. 4 Валекин шумо дурӯғ мебофед, ҳамаатон табибони афсунгар ҳастед. 5 Кошки тамоман хомӯш менишастед! Ин барои шумо ҳикмат ҳисоб меёфт. 6 Пас, мазаммати маро бишнавед, ва ба эродҳои лабҳоям гӯш андозед. 7 Оё ба хотири Худо ноинсофона сухан меронед? Ва аз барои Ӯ фиребгарона гап мезанед? 8 Оё ба Ӯ рӯйбинӣ мекунед? Оё барои Худо муддаӣ мешавед? 9 Оё хуб мешавад, ки Ӯ шуморо таҳқиқ намояд? Оё Ӯро фиреб мекунед, чунон ки инсонро фиреб мекунанд? 10 Шуморо сахт ҷазо хоҳад дод, агар рустӣ рӯйбинӣ кунед. 11 Кибриёи Ӯ, охир, шуморо дар даҳшат хоҳад андохт, ва тарси Ӯ шуморо фаро хоҳад гирифт. 12 Ёдовариҳои шумо мисли хокистар аст; ҳисорҳои шумо ҳисорҳои гилин аст. 13 Назди ман хомӯш бошед, ва ман сухан хоҳам ронд, ва ҳар чи бар сарам ояд — ояд. 14 Барои чӣ гӯшти худро бо дандони худ бигазам ва ҷони худро ба кафи худ бигирам? 15 Инак, маро қатл кунад ҳам, ба Ӯ умед хоҳам баст, аммо беайбии роҳҳои худро ба ҳузури Ӯ исбот хоҳам кард. 16 Ин низ барои ман наҷот хоҳад буд, зеро ки риёкор ба хузури Ӯ нахоҳад омад. 17 Сухани маро бодиққат бишнавед, ва фикри ман ба гӯшҳотон хоҳад расид. 18 Инак, ба мурофиа оғоз намудаам; медонам, ки сафед хоҳам шуд. 19 Кист, ки тавонад ба ман мухолифат кунад? Дар он сурат ҳоло хомӯш шуда, ҷон медодам. 20 Фақат ду чизро ба ман накун, он гоҳ аз ҳузури Ту пинҳон нахоҳам шуд: 21 Дасти Худро аз ман дур кун, ва бигзор бими Ту маро дар даҳшат наандозад. 22 Ва даъват намо, ва ман ҷавоб хоҳам дод, ё ки сухан ронам, ва ба ман ҷавоб гардон. 23 Гуноҳҳо ва хатоҳои ман чӣ қадар аст? Ҷиноят ва хатои маро ба ман маълум намо. 24 Чаро рӯи Худро пинҳон медорӣ, ва маро душмани Худ ҳисоб мекунӣ? 25 Оё барги пажмурдаро ба ҳарос меандозӣ, ва хаси хушкидаро таъқиб менамоӣ? 26 Зеро ки талхиҳоро бар ман менависӣ, ва хатоҳои ҷавониамро ба ман нисбат медиҳӣ, 27 Ва пойҳои маро дар ишкел меандозӣ, ва ҳамаи роҳҳои маро мепоӣ — кафи пойҳои маро пайгирӣ мекунӣ. 28 Ва ин бечора мисли чизи пӯсида аз ҳам ҷудо мешавад, мисли либосе ки куя зада бошад. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden