Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Айюб 12 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ДУВОЗДАҲУМ Айюб ба ҳар сеи онҳо ҷавоб мегардонад; ӯ ҳикмати худбоваронаи онҳоро рад мекунад.

1 Ва Айюб ҷавоб гардонда, гуфт:

2 «Яқин аст, ки шумо гузини қавм ҳастед, ва ҳикмат бо шумо хоҳад мурд.

3 Ман низ мисли шумо соҳибдил ҳастам; аз шумо камтар нестам; ва кист, ки чунин чизҳоро надонад?

4 Ман барои ёрони худ хандахариш шудаам, — агарчи Худоро мехонам, ва Ӯ маро иҷобат менамояд, — оре, хандахариш шудаам, агарчи одил ва беайб ҳастам.

5 Ба фикри лоубол, тамасхур барои мусибатзада аст, ва зарба барои касонест, ки пояшон лағҷидааст.

6 Хаймаҳои тороҷгарон ором аст, ва онҳое ки Худоро ба ғазаб меоваранд, дар амният мебошанд, ки ҳар яке худои худро дар дасти худ доранд.

7 Валекин аз чорпоён бипурс, ва туро таълим хоҳанд дод, ва аз мурғони ҳаво бипурс, ва ба ту хабар хоҳанд дод;

8 Ё бо замин мусоҳиба намо, ва туро таълим хоҳад дод, ва моҳиёни баҳр ба ту ҳикоят хоҳанд кард.

9 Кист аз ҳамаи онҳо, ки надонад, ки дасти Худованд инро ба вуҷуд овардааст?

10 Ҷони тамоми мавҷудот ва рӯҳи тамоми навъи башар дар дасти Ӯст.

11 Оё гӯш суханонро намесанҷад, чунон ки ком таъми хӯрокро фарқ мекунад?

12 Ҳикмат дар пирон аст, ва хирад дар умри дароз.

13 Ҳикмат ва қудрат дар Ӯст, машварат ва хирад аз они Ӯст.

14 Инак, Ӯ хароб мекунад, ва он чиз аз нав бино нахоҳад ёфт; касеро бандӣ мекунад, ва банди он кас кушода нахоҳад шуд.

15 Инак, обҳоро бозмедорад, ва хушк мешаванд, ва онҳоро сар медиҳад, ва заминро чаппаву роста мекунанд.

16 Қудрат ва ҳикмат аз они Ӯст, ғалаткунанда ва чапғалатдиҳанда назди Ӯст.

17 Ӯ мушовиронро бемулоҳиза мегардонад, ва доваронро саргаранг мекунад;

18 Бандҳои подшоҳонро мекушояд, ва бар камарҳошон миёнбанд мебандад;

19 Коҳинонро урьён мегардонад, ва зӯроваронро вожгун мекунад;

20 Суханваронро аз забон маҳрум менамояд, ва зеҳни пиронро мерабояд;

21 Забуниро бар мирон фурӯ мерезад, ва камарбанди тавонгаронро суст мекунад;

22 Умқҳоро аз даруни торикӣ ошкор месозад, ва зулмотро ба рӯшноӣ мебарорад;

23 Халқҳоро афзун мегардонад, ва онҳоро маҳв менамояд; халқҳоро вусъат медиҳад, ва онҳоро тарк мекунад;

24 Сарварони қавми заминро аз ақл маҳрум менамояд, ва онҳоро дар бодияи бероҳа сарсону саргардон мекунад:

25 Дар торикӣ даст‐дасткунон роҳ мераванд, ва рӯшноӣ нест; ва онҳоро мисли мастон сарсону саргардон мекунад.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan