Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Айюб 11 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ЁЗДАҲУМ Нутқи якуми Сӯфор. Ӯ Айюбро дурӯғгӯй ва риёкор мешуморад.

1 Ва Сӯфори Наъмотӣ ҷавоб гардонда, гуфт:

2 «Оё ба суханони бисьёр ҷавоб додан мумкин нест? Ва оё ҳақ ба ҷониби марди сухандон аст?

3 Оё ҳарзагӯии ту мардумро хомӯш мекунад, ва ту таҳқир менамоӣ, ва касе туро хиҷолат намедиҳад?

4 Ва ту мегӯӣ: „Сабақи ман пок аст, ва ман дар чашмони Ту беайб ҳастам“.

5 Валекин кошки Худо сухан биронад, ва лабҳои Худро бар ту бикушояд,

6 Ва асрори ҳикматро ба ту бифаҳмонад, зеро ки асли моҳияти он дучандон аст! Пас бидон, ки Худо баъзе аз гуноҳҳоятро барои ту фаромӯш хоҳад кард.

7 Оё беинтиҳоии Худоро метавонӣ дарьёбӣ? Оё то ба ақсои умқи Қодир метавонӣ бирасӣ?

8 Он мисли баландиҳои осмон аст, — чӣ метавонӣ бикунӣ? Аз қаъри дӯзах чуқуртар аст, — чӣ метавонӣ бидонӣ?

9 Андозаи он аз замин дарозтар ва аз баҳр фарохтар аст.

10 Агар Ӯ бодвор гузашта равад, ва касеро бандӣ кунад, ва мардумро барои ҷазои вай ҷамъ оварад, — кист, ки Ӯро боздорад?

11 Зеро ки Ӯ риёкоронро медонад, ва чун талбисро мебинад, оё ба он диққат намекунад?

12 Ва шахси ҷоҳил соҳибдил хоҳад шуд, ва мисли харкурраи ваҳшӣ бошад ҳам, одами дуруст хоҳад гардид.

13 Агар ту дили худро рост кунӣ, ва дастҳои худро сӯи Ӯ дароз кунӣ,

14 Агар ҷафоеро, ки дар дасти туст, дур кунӣ, ва ноинсофиро дар хаймаҳои худ ҷойгир накунӣ,

15 Яқин аст, ки он гоҳ чеҳраи худро хоҳӣ бардошт, бе он ки айбе дошта бошӣ, ва матин хоҳӣ буд ва нахоҳӣ тарсид.

16 Зеро ки ту азияти худро фаромӯш хоҳӣ кард, онро мисли обе ки гузашта рафтааст, ба ёд хоҳӣ овард.

17 Ва умри ту аз пешингоҳ равшантар хоҳад шуд; баъзан тира шавад ҳам, мисли субҳ хоҳад гардид.

18 Ва дилпур хоҳӣ буд, зеро ки умеде ҳаст, ва гирду пешро аз назар гузаронда, дилпурона хоҳӣ хобид.

19 Ва ором хоҳӣ хобид, ва чизе туро нахоҳад тарсонид, ва бисьёр касон ба ту хушомад хоҳанд кард.

20 Вале чашмони шарирон хира хоҳад шуд, ва паноҳгоҳ аз онҳо дур хоҳад шуд, ва умедашон фақат ҷон додан аст».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan