Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Айюб 10 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ДАҲУМ Давоми нутқи Айюб.

1 Ҷони ман аз зиндагии ман безор шудааст; ба андӯҳи худ дода мешавам; аз талхии ҷони худ сухан меронам.

2 Ба Худо мегӯям: „Маро айбдор накун; ба ман бифаҳмон, ки аз барои чӣ бо ман мубориза мекунӣ?

3 Оё барои Ту хуб аст, вақте ки ситам мекунӣ, вақте ки аз амали дастҳои Худ нафрат менамоӣ, ва бар машварати шарирон нурафкан мешавӣ?

4 Оё Туро чашмони башар аст? Оё дидани Ту мисли дидани инсон аст?

5 Оё рӯзҳои Ту мисли рӯзҳои инсон аст? Оё солҳои Ту мисли рӯзҳои мард аст,

6 Ки гуноҳи маро ҷустуҷӯ менамоӣ ва хатои маро кофтуков мекунӣ,

7 Агарчи медонӣ, ки айбдор нестам, ва аз дасти Ту халоскунандае нест?

8 Дастҳои Ту сурати маро сохта, ҳаматарафа мукаммал намудааст ва маро офаридааст, — ва маро нобуд мекунӣ?

9 Ба ёд овар, ки маро мисли сафол сириштаӣ, — ва маро ба хок бармегардонӣ?

10 Ту, охир, маро мисли шир рехтаӣ, ва маро мисли панир ба қиём овардаӣ.

11 Маро пӯст ва гӯшт пӯшондаӣ, ва маро бо устухонҳо ва пайҳо пайвастаӣ.

12 Ҳаёт ва эҳсон ба ман ато кардаӣ, ва тафаққуди Ту рӯҳи маро нигаҳбонӣ намудааст.

13 Вале ин чизҳоро низ дар дили худ пинҳон доштаӣ, — медонам, ки ин андаруни Ту буд, —

14 Ки агар хатое кунам, Ту бар ман камин хоҳӣ кард, ва аз гуноҳи ман нахоҳӣ гузашт.

15 Агар айбдор бошам, вой бар ман! Ва агар ҳақ ба ҷониби ман бошад, ҷуръат надорам сари худро бардорам: аз нанг сер шудаам ва доим залолати худро мебинам.

16 Ва агар як лаҳза сар бардорам, Ту мисли шер маро сайд хоҳӣ кард, ва боз корҳои аҷоиби Худро ба ман нишон хоҳӣ дод.

17 Шоҳидони нави Худро ба муқобили ман хоҳӣ овард, ва ғазаби Худро бар ман пурзӯр хоҳӣ кард, ва фавҷҳои азобу уқубат пай дар ҳам ба сари ман хоҳанд омад.

18 Пас чаро маро аз батн берун овардӣ? Кошки ҳамон вақт мемурдам, ва чашме маро намедид,

19 Ки он вақт ба чизи номавҷуде монанд мебудам, ва аз батн рост ба қабр бурда мешудам!

20 Рӯзҳои ман, охир, ҳанӯз кам аст, пас маро тарк намо, ва аз ман даст каш, то ки каме кушодарӯй гардам,

21 Пеш аз он ки бебозгашт биравам, ба кишвари торикӣ ва зулмот,

22 Ба кишвари тирагӣ, ки мисли торикист, ба кишвари зулмот, ки тартиботе надорад, ва тирагии он мисли торикист“».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan