Ададҳо 8 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ҲАШТУМ Дар бораи чароғдонҳо ва чароғҳо. 1 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт: 2 «Ба Ҳорун сухан ронда, ба вай бигӯ: вақте ки чароғҳоро дармегиронӣ, бигзор ин ҳафт чароғ ба тарафи пеши чароғдон рӯшноӣ диҳад». 3 Ва Ҳорун чунин кард: ба тарафи пеши чароғдон чароғҳои онро даргиронид, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд. 4 Ва ин аст сохти чароғдон: тиллои яклухти мазруб, пояаш то гулҳояш яклухти мазруб; мувофиқи намунае ки Худованд ба Мусо нишон дода буд, ӯ чароғдонро ҳамин тавр сохт. Татҳири левизодагон. 5 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт: 6 «Левизодагонро аз миёни банӣ‐Исроил бигир ва онҳоро татҳир намо. 7 Ва барои татҳирашон ба онҳо чунин амал намо: оби татҳири гуноҳро бар онҳо бипош, ва бигзор онҳо тамоми бадани худро бо поку битарошанд, ва либосҳои худро бишӯянд, ва пок хоҳанд шуд; 8 Ва наргови ҷавонеро бо ҳадияи ордии он, ки орди маҳини омехта бо равған бошад, бигиранд, ва ту наргови ҷавони дуюмро барои қурбонии гуноҳ бигир. 9 Ва левизодагонро назди хаймаи ҷомеъ биёр, ва тамоми ҷамоати банӣ‐Исроилро ҷамъ намо. 10 Ва левизодагонро ба ҳузури Худованд наздик овар, ва бигзор банӣ‐Исроил дастҳои худро бар левизодагон бимонанд. 11 Ва бигзор Ҳорун левизодагонро ба ҳузури Худованд аз ҷониби банӣ‐Исроил ҳамчун инъоми ҷунбониданӣ ба ҷунбиш оварад, то ки онҳо барои иҷрои хизмати Худованд тақдис ёбанд. 12 Ва бигзор левизодагон дастҳои худро бар сари нарговон бимонанд; ва ту якеро ҳамчун қурбонии гуноҳ, ва дигареро ҳамчун қурбонии сӯхтанӣ ба Худованд, барои кафорати левизодагон, тақдим намо. 13 Ва левизодагонро пеши Ҳорун ва писаронаш истонида, онҳоро ҳамчун инъоми ҷунбониданӣ барои Худованд ба ҷунбиш овар. 14 Ва левизодагонро аз миёни банӣ‐Исроил ҷудо намо, ва левизодагон аз они Ман хоҳанд буд. 15 Ва баъд аз ин, левизодагон барои иҷрои хизмати хаймаи ҷомеъ хоҳанд омад, ва ту онҳоро татҳир намо, ва онҳоро ҳамчун инъоми ҷунбониданӣ ба ҷунбиш овар. 16 Зеро ки онҳо аз миёни банӣ‐Исроил комилан ба Ман дода шудаанд; дар ивази ҳар раҳимкушо, яъне ҳар нахустзода аз банӣ‐Исроил, Ман онҳоро барои худ гирифтаам. 17 Зеро ки ҳар нахустзодаи банӣ‐Исроил, аз одамон то чорпоён, аз они Ман аст: дар рӯзе ки Ман ҳар нахустзодаро дар замини Миср зарба задам, инҳоро барои Худ тақдис намудам. 18 Ва левизодагонро дар ивази ҳамаи нахустзодагони банӣ‐Исроил гирифтам. 19 Ва левизодагонро аз миёни банӣ‐Исроил дода, ба Ҳорун ва писаронаш тобеъ кардам, то ки хизмати банӣ‐Исроилро дар хаймаи ҷомеъ ба ҷо оваранд ва банӣ‐Исроилро кафорат намоянд, ва ҳангоме ки банӣ‐Исроил ба қудс наздик оянд, осебе ба банӣ‐Исроил нарасад». 20 Ва Мусо ва Ҳорун ва тамоми ҷамоати банӣ‐Исроил ба левизодагон чунин амал карданд: мувофиқи ҳар он чи Худованд ба Мусо дар бораи левизодагон амр фармуда буд, банӣ‐Исроил ба онҳо ҳамон тавр амал карданд. 21 Ва левизодагон бо оби татҳири гуноҳ пок шуданд, ва либосҳои худро шустанд; ва Хорун онҳоро ҳамчун инъоми ҷунбониданӣ ба ҳузури Худованд ба ҷунбиш овард, ва Ҳорун онҳоро, барои пок шуданашон, кафорат намуд. 22 Ва баъд аз ин, левизодагон даромаданд, то ки хизмати худро дар хаймаи ҷомеъ пеши Ҳорун ва писаронаш ба ҷо оваранд; чунон ки Худованд ба Мусо дар бораи левизодагон амр фармуда буд, ончунон ба онҳо амал карданд. 23 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт: 24 «Ин аст дастур дар бораи левизодагон: аз синни бисту панҷсола ва болотар онҳо бояд ба хизмат дохил шаванд, то ки корҳои хаймаи ҷомеъро ба ҷо оваранд. 25 Ва аз синни панҷоҳсолагӣ аз хизмат фориғ шуда, дигар кор накунанд. 26 Вале ба бародарони худ дар хаймаи ҷомеъ барои навбатдорӣ кӯмак расонанд, аммо кор накунанд; ба левизодагон оид ба иҷрои вазифаҳошон чунин амал намо». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden