Ададҳо 32 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ СИЮ ДУЮМ Тақсимоти замин дар он тарафи Урдун. 1 Ва банӣ‐Реубен ва банӣ‐Ҷод чорвои зиёде доштанд, ки бағоят сершумор буд; ва онҳо замини Яъзир ва замини Ҷилъодро диданд, ва инак, ин макон маконест барои чаридани чорво. 2 Ва банӣ‐Ҷод ва банӣ‐Реубен назди Мусо ва Элъозори коҳин ва раисони ҷамоат омада, гуфтанд: 3 «Аторӯт ва Дибӯн, ва Яъзир ва Нимра, ва Ҳешбӯн ва Элъоле, ва Сабом ва Набӯ, ва Баӯн, 4 Замине ки Худованд пеши ҷамоати Исроил мағлуб гардонидааст, заминест барои чаридани чорво, ва бандагонат чорводор ҳастем». 5 Ва гуфтанд: «Агар мо дар назари ту илтифот ёфта бошем, бигзор ин замин ба бандагонат ҳамчун моликият дода шавад; моро аз Урдун нагузарон». 6 Ва Мусо ба банӣ‐Ҷод ва банӣ‐Реубен гуфт: «Наход ки бародаронатон ба ҷанг раванд, вале шумо дар ин ҷо хоҳед нишаст? 7 Ва чаро дили банӣ‐Исроилро аз гузаштан ба замине ки Худованд ба онҳо додааст, хунук мекунед? 8 Падарони шумо ҳамин тавр амал карданд, вақте ки онҳоро аз Қодеш‐Барнеа барои дидани замин фиристодам: 9 Онҳо ба водии Эшкӯл расида, заминро диданд, ва дили банӣ‐Исроилро аз омадан ба замине ки Худованд ба онҳо додааст, хунук карданд. 10 Ва хашми Худованд дар он рӯз аланга зад, ва Ӯ қасам хӯрда гуфт: 11 „Ин одамоне ки аз Миср баромадаанд, аз бистола ва болотар, заминеро, ки Ман дар бораи он ба Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб қасам хӯрдаам, нахоҳанд дид, зеро ки онҳо Маро пайравӣ накарданд, 12 Ғайр аз Колеб ибни Ефуннеи қаниззӣ ва Еҳушаъ ибни Нун, чунки онҳо Худовандро пайравӣ карданд“. 13 Ва хашми Худованд бар Исроил аланга зад, ва Ӯ онҳоро чил сол дар биёбон овора гардонид, то даме ки тамоми он насле ки дар назари Худованд бадӣ карда буданд, ба ҳалокат расиданд. 14 Ва инак шумо, дастпарвардагони мардуми хатокор, ба чои падарони худ бархостаед, то ки шиддати хашми Худовандро бар Исроил пурзӯр созед. 15 Агар шумо аз пайравии Ӯ даст кашед, Ӯ боз онҳоро дар биёбон хоҳад мононид, ва шумо тамоми ин қавмро ба ҳалокат хоҳед расонид». 16 Ва онҳо ба ӯ наздик омада, гуфтанд: «Мо дар ин ҷо оғилҳо барои чорвои худ ва шаҳрҳо барои кӯдакони худ бино хоҳем кард; 17 Ва худамон зуд мусаллаҳ шуда, пешопеши банӣ‐Исроил хоҳем рафт, то даме ки онҳоро ба маконашон бирасонем; ва кӯдакони мо бигзор дар шаҳрҳои ҳисордор аз сокинони замин маҳфуз бошанд; 18 Мо ба хонаҳои худ нахоҳем баргашт, то даме ки банӣ‐Исроил ҳар яке дар мулки худ ҷойгир шаванд; 19 Зеро ки мо бо онҳо дар он тарафи Урдун ва соҳили он ҳеҷ мулке нахоҳем гирифт, чунки мулки мо аз ин тарафи Урдун, аз соҳили шарқии он насиби мо гардидааст». 20 Ва Мусо ба онҳо гуфт: «Агар шумо ин корро бикунед, агар мусаллаҳ шуда, ба ҳузури Худованд ба ҷанг биравед, 21 Ва ҳар яке аз шумо мусаллаҳ шуда ба ҳузури Худованд аз Урдун убур намояд, то даме ки Ӯ душманонашро аз пеши Худ бадар ронад, 22 Ва замин ба ҳузури Худованд забт карда шавад, ва баъд аз он баргардед, — он гоҳ ба ҳузури Худованд ва ба ҳузури Исроил бегуноҳ хоҳед буд, ва ин замин ба ҳузури Худованд мулки шумо хоҳад шуд. 23 Валекин агар чунин накунед, ба ҳузури Худованд гуноҳкор хоҳед шуд, ва барои ин гуноҳатон ҷазо хоҳед ёфт. 24 Пас, шаҳрҳо барои кӯдакони худ ва оғилҳо барои гӯсфандони худ бино кунед; ва он чиро, ки аз даҳонатон баромадааст, ба амал оваред». 25 Ва банӣ‐Ҷод ва банӣ‐Реубен ба Мусо сухан ронда, гуфтанд: «Бандагонат ончунон ки оғои мо амр фармудааст, амал хоҳем кард: 26 Кӯдакони мо, занони мо, чорвои мо ва тамоми ҳайвоноти мо ин ҷо, дар шаҳрҳои Ҷилъод хоҳанд монд; 27 Ва бандагонат саросар ҳамчун ҷанговарон мусаллаҳ шуда, ба ҳузури Худованд барои ҷанг убур хоҳем кард, чунон ки оғои мо мегӯяд». 28 Ва Мусо дар бораи онҳо ба Элъозори кохин, Еҳушаъ ибни Нун ва сардорони хонаводаҳои сибтҳои банӣ‐Исроил амр фармуд; 29 Ва Мусо ба онҳо гуфт: «Агар банӣ‐Ҷод ва банӣ‐Реубен саросар барои чанг мусаллаҳ шуда, ҳамроҳи шумо ба ҳузури Худованд аз Урдун убур кунанд, ва замин пеши шумо мағлуб гардад, он гоҳ замини Ҷилъодро ба онҳо барои моликият бидиҳед; 30 Валекин агар онҳо мусаллаҳ шуда ҳамроҳи шумо убур накунанд, он гоҳ дар миёни шумо дар замини Канъон мулк хоҳанд гирифт». 31 Ва банӣ‐Ҷод ва банӣ‐Реубен ҷавоб гардонида, гуфтанд: «Чунон ки Худованд ба бандагонат гуфтааст, ончунон хоҳем кард; 32 Мо мусаллаҳ шуда ба ҳузури Худованд ба замини Канъон убур хоҳем кард, агар мулки насиби мо дар ин тарафи Урдун дода шавад». 33 Ва Мусо ба онҳо, яъне ба банӣ‐Ҷод ва банӣ‐Реубен ва нисфи сибти Менашше ибни Юсуф, мамлакати Сиҳӯн, подшоҳи амӯриён, ва мамлакати Ӯҷ, подшоҳи Бошонро дод, яъне заминро бо шаҳрҳое ки дар ҳудуди он буд, — бо шаҳрҳои гирду атрофи он. 34 Ва банӣ‐Ҷод Дибӯн, ва Аторӯт, ва Арӯэр, 35 Ва Атрӯт‐Шӯфон, ва Яъзир, ва Ёҷбеҳо, 36 Ва Байт‐Нимра, ва Байт‐Ҳоронро бино карданд, ки шаҳрҳои ҳисордор буд, ва оғилҳо барои гӯсфандон дошт. 37 Ва банӣ‐Реубен Ҳешбӯн ва Элъоле, ва Қирьётоим, 38 Ва Набӯ, ва Баал‐Маӯн, ки номи ин ду шаҳрро тағьир доданд, ва Сибморо бино карданд; ва ба шаҳрҳое ки бино карданд, ном ниҳоданд. 39 Ва банӣ‐Мокир ибни Менашше ба Ҷилъод рафта, онро забт карданд, ва амӯриёнро, ки дар он буданд, бадар ронданд. 40 Ва Мусо Ҷилъодро ба Мокир ибни Менашше дод, ва ӯ дар он сокин шуд. 41 Ва Ёир ибни Менашше рафта, қасабаҳои онҳоро забт кард, ва ба онҳо деҳоти Ёир ном монд. 42 Ва Нӯбаҳ рафта, Қанот ва деҳоташро забт кард; ва онро ба номи худ Нӯбаҳ ном монд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden