Ададҳо 1 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЯКУМ Амр дар бораи саршумории қавм. 1 Ва дар рӯзи якуми моҳи дуюм, дар соли дуюми берун омаданашон аз замини Миср, Худованд ба Мусо дар биёбони Сино дар хаймаи ҷомеъ сухан ронда, гуфт: 2 «Саршумории тамоми ҷамоати банӣ‐Исроилро бар ҳасби қабилаҳо ва хонадонҳошон, мувофиқи адади номҳошон, — ҳамаи мардҳоро саросар ба амал оваред. 3 Аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки дар Исроил ба лашкар мераванд, — ту ва Ҳорун онҳоро бар тибқи фавҷҳошон дар шумор оваред. 4 Ва ҳамроҳи шумо як нафар аз ҳар сибт хоҳад буд, ки ҳар яке раиси хонадони худ бояд бошад. 5 Ва ин аст номҳои шахсоне ки ҳамроҳи шумо хоҳанд буд: аз Реубен — Элисур ибни Шадиур; 6 Аз Шимъӯн — Шалумиил ибни Суришаддой; 7 Аз Яҳудо — Наҳшӯн ибни Амминодоб; 8 Аз Иссокор — Натанъил ибни Суор; 9 Аз Забулун — Элиоб ибни Ҳилӯн; 10 Аз писарони Юсуф: аз Эфроим — Элишомоъ ибни Аммиҳуд; аз Менашше — Ҷамлиил ибни Фадоҳсур; 11 Аз Биньёмин — Абидон ибни Ҷидъӯнӣ; 12 Аз Дон — Аҳиозар ибни Аммишаддой; 13 Аз Ошер — Фаҷъиил ибни Окрон; 14 Аз Ҷод — Эльёсоф ибни Дауил; 15 Аз Нафтолӣ — Аҳираъ ибни Энон. 16 Ҳаминҳоянд даъватшудагони ҷамоат, раисони сибтҳои падаронашон, ки сарварони ҳазораҳои Исроил мебошанд». 17 Ва Мусо ва Ҳорун ин шахсонро, ки номҳошон зикр ёфт, гирифтанд. 18 Ва тамоми ҷамоатро дар рӯзи якуми моҳи дуюм ҷамъ карданд, ва онҳо насабномаҳои худро бар ҳасби қабилаҳо ва хонадонҳои худ, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар саросар эълон намуданд, 19 Чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд; ва ӯ онҳоро дар биёбони Сино дар шумор овард. 20 Ва банӣ‐Реубен, нахустзодаи Исроил, бар ҳасби насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳошон, саросар ҳамаи мардҳои аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, — 21 Дар шумор овардашудагон аз сибти Реубен чилу шаш ҳазору панҷсад нафар буданд. 22 Аз банӣ‐Шимъӯн бар ҳасби насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳои саросар дар шумор овардашудагон, ҳамаи мардҳои аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, — 23 Дар шумор овардашудагон аз сибти Шимъӯн панҷоҳу нӯҳ ҳазору сесад нафар буданд. 24 Аз банӣ‐Ҷод бар ҳасби насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳо аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, — 25 Дар шумор овардашудагон аз сибти Ҷод чилу панҷ ҳазору шашсаду панҷоҳ нафар буданд. 26 Аз банӣ‐Яҳудо бар ҳасби насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, — 27 Дар шумор овардашудагон аз сибти Яҳудо ҳафтоду чор ҳазору шашсад нафар буданд. 28 Аз банӣ‐Иссокор бар ҳасби насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, — 29 Дар шумор овардашудагон аз сибти Иссокор панҷоҳу чор ҳазору чорсад нафар буданд. 30 Аз банӣ‐Забулун бар ҳасби насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, — 31 Дар шумор овардашудагон аз сибти Забулун панҷоҳу ҳафт ҳазору чорсад нафар буданд. 32 Аз писарони Юсуф: аз банӣ‐Эфроим бар ҳасби насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, — 33 Дар шумор овардашудагон аз сибти Эфроим чил ҳазору панҷсад нафар буданд. 34 Аз банӣ‐Менашше бар ҳасби насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, — 35 Дар шумор овардашудагон аз сибти Менашше сию ду ҳазору дусад нафар буданд. 36 Аз банӣ‐Биньёмин бар ҳасби насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, — 37 Дар шумор овардашудагон аз сибти Биньёмин сию панҷ ҳазору чорсад нафар буданд. 38 Аз банӣ‐Дон бар ҳасби насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, — 39 Дар шумор овардашудагон аз сибти Дон шасту ду ҳазору ҳафтсад нафар буданд. 40 Аз банӣ‐Ошер бар ҳасби насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, — 41 Дар шумор овардашудагон аз сибти Ошер чилу як ҳазору панҷсад нафар буданд. 42 Аз банӣ‐Нафтолӣ бар ҳасби насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, — 43 Дар шумор овардашудагон аз сибти Нафтолӣ панҷоҳу се ҳазору чорсад нафар буданд. 44 Инҳоянд дар шумор овардашудагон, ки Мусо ва Ҳорун бо раисони Исроил дар шумор оварданд, — бо он дувоздаҳ нафар, ки ҳар яке аз як хонадони онҳо буданд. 45 Ва ҳамаи дар шумор овардашудагони банӣ‐Исроил бар ҳасби хонадонашон, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки дар Исроил ба лашкар мераванд, — 46 Ҳамаи дар шумор овардашудагон шашсаду се ҳазору панҷсаду панҷоҳ нафар буданд. 47 Валекин левизодагон бар ҳасби сибти падаронашон дар миёни онҳо дар шумор оварда нашуданд, 48 Зеро ки Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфта буд: 49 «Аммо сибти Левиро дар шумор наовар, ва саршумории онҳоро дар миёни банӣ‐Исроил ба амал наовар, 50 Балки левизодагонро бар маскани шаҳодат ва бар тамоми колои он ва бар ҳар чизе ки ба он тааллуқ дорад, таъин намо; бигзор онҳо маскан ва тамоми колои онро бардоранд ва хизмати онро ба ҷо оваранд, ва дар атрофи маскан хайма зананд; 51 Ва дар вақти кӯч кардани маскан левизодагон онро фурӯд оваранд, ва дар вақти ист кардани маскан левизодагон онро барқарор намоянд; ва шахси бегонае ки ба он наздик меояд, кушта хоҳад шуд. 52 Ва банӣ‐Исроил бояд ҳар яке дар ӯрдугоҳи худ ва ҳар яке назди байрақи худ бар ҳасби фавҷҳои худ хайма зананд. 53 Ва левизодагон дар атрофи маскани шаҳодат хайма хоҳанд зад, то ки ғазабе бар ҷамоати банӣ‐Исроил ба амал наояд; ва левизодагон посбонии маскани шаҳодатро ба ҷо хоҳанд овард». 54 Ва банӣ‐Исроил ба амал оварданд; чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд, ончунон ба амал оварданд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden