3 Подшоҳон 4 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЧОРУМ Сарварони Исроил, ки назди Сулаймон буданд. 1 Ва подшоҳ Сулаймон бар тамоми Исроил подшоҳ буд. 2 Ва сарвароне ки назди ӯ буданд, инҳоянд: Азарьё ибни Содӯқи коҳин; 3 Элиҳӯреф ва Аҳиёд, писарони Шишо, котибон; Еҳӯшофот ибни Аҳилуд, вақоеънавис. 4 Ва Баноё ибни Еҳӯёдоъ, сарлашкар; ва Содӯқ ва Абьётор, коҳинон. 5 Ва Азарьё ибни Нотон, сардори волиён; ва Зобуд ибни Нотони коҳин, дӯсти подшоҳ. 6 Ва Аҳишор, нозири хона; ва Адӯниром ибни Абдо, сардори боҷу хироҷ. 7 Ва Сулаймон дувоздаҳ волӣ бар тамоми Исроил дошт, ва онҳо подшоҳ ва хонадонашро бо хӯрокворӣ таъмин мекарданд: ҳар яке мебоист соле як моҳ бо хӯрокворӣ таъмин мекард. 8 Ва ин аст номҳои онҳо: ибни Ҳур — бар кӯҳи Эфроим; 9 Ибни Доқар — дар Моқас ва Шаалбим ва Байт‐Шемеш ва Эйлӯни Байт‐Ҳонон; 10 Ибни Ҳосад — дар Аруббӯт; Сукӯҳ ва тамоми замини Ҳофар ба ӯ тааллуқ дошт; 11 Ибни Абинодоб — дар тамоми Нофат‐Дӯр; Тофат бинти Сулаймон завҷаи ӯ буд. 12 Баано ибни Аҳилуд — дар Таънок ва Маҷиддӯ ва тамоми Байт‐Шеон, ки дар наздикии Сортано, поёнтари Изреъил аст, аз Байт‐Шеон то Обил‐Маҳӯло, то он тарафи Ёқемъом; 13 Ибни Ҷобар — дар Ромӯт‐Ҷилъод; деҳоти Ёир ибни Менашше, ки дар Ҷилъод аст, ва ноҳияи Арҷуб, ки дар Бошон аст, ба ӯ тааллуқ дошт, яъне шаст шаҳри калону ҳисордор бо ғалақаҳои мисин; 14 Аҳинодоб ибни Иддӯ — дар Маҳаноим; 15 Аҳимаас — дар Нафтолӣ; ӯ Босмат бинти Сулаймонро ба занӣ гирифта буд; 16 Баано ибни Ҳушой — дар Ошер ва Баолӯт; 17 Еҳӯшофот ибни Форуаҳ — дар Иссокор; 18 Шимъӣ ибни Эло — дар Биньёмин; 19 Ҷобар ибни Урӣ — дар замини Ҷилъод, ки замини Сиҳӯн, подшоҳи амӯриён, ва Ӯҷ, подшоҳи Бошон буд; ва ӯ ба танҳоӣ волӣ дар он замин буд. 20 Яҳудо ва Исроил, ки мисли реги канори дарьё сершумор буданд, мехӯрданд ва менӯшиданд ва хурсандӣ мекарданд. 21 Ва Сулаймон дар тамоми мамлакатҳо, аз наҳри Фурот то замини фалиштиён, яъне, то сарҳади Миср салтанат меронд; онҳо ҳадияҳо оварда ба Сулаймон тамоми айёми ҳаёти ӯ хизмат мекарданд. 22 Ва хӯроквории Сулаймон барои ҳар рӯз ба миқдори зерин буд: сӣ кӯр гули орди гандум ва шаст кӯр орди дурушт; 23 Даҳ гови парворӣ, ва бист гов аз чарогоҳ, ва сад гӯсфанд, ба ғайр аз ғизолҳо ва оҳуҳо ва гавазнҳо ва мурғҳои фарбеҳ. 24 Зеро ки ӯ бар тамоми замини он тарафи наҳр, аз Тифсаҳ то Ғазза, бар ҳамаи подшоҳони он тарафи наҳр ҳукмронӣ мекард; ва барои ӯ гирдогирд, аз тамоми атрофаш сулҳу осоиштагӣ буд. 25 Ва Яҳудо ва Исроил, ҳар кас зери токи ангури худ ва зери дарахти анҷири худ, аз Дон то Беэр‐Шобаъ, дар тамоми айёми Сулаймон дар амният менишастанд. 26 Ва Сулаймон чил ҳазор охури асп барои аробаҳояш, ва дувоздаҳ ҳазор савора дошт. 27 Ва он волиён подшоҳ Сулаймон ва ҳамаи онҳоеро, ки ба суфраи подшоҳ Сулаймон тааллуқ доштанд, ҳар яке дар моҳи худ бо хӯрокворӣ таъмин менамуданд, ва намегузоштанд, ки чизе камӣ кунад. 28 Ва ҷав ва коҳ барои аспон ва хачирон ба маконе ки онҳо буданд, ҳар яке мувофиқи ӯҳдадории худ, меоварданд. 29 Ва Худо ба Сулаймон ҳикмат ва хирадмандии бағоят зиёде ато намуда буд, ва фаровонии дониши ӯ мисли реги канори дарьё буд. 30 Ва ҳикмати Сулаймон аз ҳикмати тамоми мардуми Шарқ, ва аз тамоми ҳикмати Миср зиёд буд. 31 Ва ӯ аз ҳамаи одамон, аз Эйтони эзроҳӣ ва аз писарони Моҳӯл — Ҳеймон ва Калкул ва Дардаъ — бохирадтар буд, ва номи ӯ дар миёни ҳамаи халқҳои гирду атроф шӯҳрат дошт. 32 Ва ӯ се ҳазор масал гуфтааст, ва ғазалҳояш ҳазор ва панҷто буд. 33 Ва ӯ дар бораи дарахтон сухан рондааст, — аз арзе ки дар Лубнон аст, то зуфое ки бар деворҳо мерӯяд; ва дар бораи чорпоён ва мурғон ва ҳашарот ва моҳиён сухан рондааст. 34 Ва аз ҳамаи қавмҳо барои шунидани ҳикмати Сулаймон меомаданд, — аз ҷониби ҳамаи подшоҳони замин, ки овозаи ҳикмати ӯ ба гӯшашон расида буд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden