2 Юҳанно 1 - Китоби Муқаддас 1992 1999Ростӣ ва муҳаббат ҷудонашавандаанд. 1 Пир — ба ҳотуни баргузида ва фарзандони вай, ки ман онҳоро дар ростӣ дӯст медорам, ва на танҳо ман, балки низ ҳамаи онҳое ки ростиро дарк кардаанд, 2 Ба хотири ростие ки дар мо сокин аст ва то абад бо мо хоҳад буд: 3 Файз, марҳамат ва осоиштагӣ аз ҷониби Худои Падар ва Исои Масеҳи Худованд, ки Писари Падар аст, дар ростӣ ва муҳаббат бо шумо бод. Калисо бояд дар ростӣ ва муҳаббат собит бимонад. 4 Ман бағоят хурсанд шудам, ки аз байни фарзандонат касонеро ёфтам, ки дар ростӣ рафтор мекунанд, ба ҳасби ҳукме ки мо аз Падар пазируфтаем. 5 Ва акнун аз ту, эй хотун, хоҳишмандам: на ҳамчун ҳукми тозае ба ту менависам, балки ҳамонро, ки мо аз ибтидо доштем, ки ба якдигар муҳаббат дошта бошем. 6 Ва муҳаббат аз он иборат аст, ки мо бар тибқи аҳкоми Ӯ рафтор кунем. Ин ҳамон ҳукмест, ки шумо аз ибтидо шунидаед, то ки бар тибқи он рафтор кунед. Огоҳонидан аз таълимоти козибона. 7 Зеро бисьёр фиребгарон дар дуньё пайдо шудаанд, ки Исои Масеҳи ба ҳасби ҷисм омадаро эътироф намекунанд: чунин шаҳс фиребгар ва зиддимасеҳ аст. 8 Аз худ бохабар бошед, ки мабодо он чиро, ки мо барояш меҳнат кардаем, барбод диҳед, балки мукофоти комил бигиред. 9 Ҳар ки аз таълимоти Масеҳ дур мешавад ва дар он сокин нест, Худо надорад; касе ки дар таълимоти Масеҳ сокин аст, ҳам Падарро дорад ва ҳам Писарро. 10 Касе ки назди шумо меояд ва ин таълимотро намеоварад, варо ба хонаи худ қабул накунед ва ба вай салом надиҳед; 11 Зеро касе ки ба вай салом диҳад, ба аъмоли шариронаи вай шарик мешавад. 12 Чизи бисьёре дорам, ки ба шумо бинависам, аммо намехоҳам ба коғаз бо сиёҳӣ бинависам, балки умедворам, ки назди шумо биёям ва даҳонакӣ бигӯям, то ки хурсандии мо комил бошад. 13 Фарзандони хоҳари баргузидаи ту ба ту салом мерасонанд. Омин. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden