Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

2 Тимотиюс* 4 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ЧОРУМ Насиҳати охирин дар бораи вафодорӣ ба мавъиза. Павлус ба зудӣ вафот карданашро нигарон аст.

1 Пас, туро ба ҳузури Худо ва Исои Масеҳи Худованд, ки зиндагон ва мурдагонро доварӣ хоҳад кард, ва ба зуҳури Ӯ ва ба Малакути Ӯ қасам медиҳам,

2 Ки каломро мавъиза кунӣ ва дар вақти муносиб ё номуносиб омода бошӣ, бо тамоми пурсабрӣ омӯзгорӣ ва мазаммат, манъ ва насиҳат кунӣ.

3 Зеро замоне фаро ҳоҳад расид, ки таълимоти солимро қабул нахоҳанд кард, балки бар тибқи ҳавасҳои худ барои худ муаллимоне хоҳанд баргузид, ки нутқашон ба гӯшҳо хуш ояд;

4 Ва гӯшҳои худро аз ростӣ гардонда, ба қиссаҳо рӯ хоҳанд овард.

5 Аммо ту дар ҳама чиз ҳушьёр бош ва уқубат кашида, кори башоратдиҳандаро ба ҷо овар ва хизмати ҳудро иҷро намо.

6 Зеро ки ман акнун қурбонии рехтанӣ мешавам, ва замони риҳлатам фаро расидааст.

7 Дар кашмакаши неке талош кардам, давишро анҷом додам, имонро нигоҳ доштам;

8 Ва акнун барои ман тоҷи адолат муҳайё гардидааст, ки онро Худованд, Довари одил, дар он рӯз ба ман хоҳад дод; ва на танҳо ба ман, балки низ ба ҳамаи онҳое ки зуҳури Ӯро дӯст доштаанд.


Ахборот. Дар мурофиа Павлус аз ҷониби Худо тақвият ёфт.

9 Саъю кӯшиш намо, ки ба зудӣ назди ман биёӣ.

10 Зеро ки Димос ин дуньёро дӯст дошта, маро тарк кард ва ба Таслӯникӣ равона шуд; Крисқис ба Ғалотия рафт, ва Титус — ба Далмотия; танҳо Луқос бо ман аст.

11 Марқӯсро гирифта ҳамроҳат биёр, зеро ки ба ман барои хизматам муфид аст.

12 Ман Тӯхиқӯсро ба Эфсӯс фиристодам.

13 Ҳангоми омаданат ридоеро, ки ман дар Трӯас назди Қарпӯс мондаам, биёр, китобҳоро низ, алалхусус онҳоеро, ки ба коғази пӯстӣ навишта шудаанд.

14 Искандари мисгар ба ман бисьёр бадӣ кард. Худованд мувофиқи аъмолаш подоше ба ӯ ҳоҳад дод.

15 Ту низ аз ӯ эҳтиёт шав, зеро ки ӯ ба паёми мо сахт муқобилият кард.

16 Дар муҳокимаи аввалинам ҳеҷ кас тарафи маро нагирифт, балки ҳама маро тарк карданд. Бигзор ин барояшон гуноҳ ҳисоб нашавад!

17 Аммо Худованд ёри ман буд ва маро қавӣ кард, то ки ба воситаи ман башорат тамоман эълон гардад, ва ҳамаи халқҳо онро бишнаванд; ва ман аз даҳони шер раҳо шудам.

18 Ва Худованд маро аз ҳар амали бад халосӣ дода, барои Малакути Осмонии Худ маҳфуз хоҳад дошт. Ӯро то абад ҷалол бод. Омин.


Саломҳо.

19 Ба Прискила ва Акило ва аҳли хонаи Анисифӯрус салом расон.

20 Арастус дар Қӯринтӯс монд; ва Трофимӯсро дар Милитус бемор вогузоштам.

21 Саъю кӯшиш намо, ки пеш аз зимистон биёӣ. Ӯвулӯс ва Пудис, ва Линӯс ва Клавдиюс, ва ҳамаи бародарон ба ту салом мерасонанд.

22 Исои Масеҳи Худованд бо рӯҳи ту бод. Файз бо шумо бод. Омин.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan