2 Тимотиюс* 2 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ДУЮМ Касе ки ба Исо имон дорад, бояд бо файз қавӣ бошад ва адолат, имон, муҳаббат ва осоиштагиро пайравӣ намояд. 1 Пас, эй фарзандам, бо файзе ки дар Исои Масеҳ аст, қавӣ бош. 2 Ва он чиро, ки аз ман дар ҳузури шоҳидони бисьёр шунидаӣ, ба одамони мӯътамаде бисупор, ки лаёқат дошта бошанд дигаронро низ таълим диҳанд. 3 Ҳамчун сарбози неки Исои Масеҳ ба уқубатҳо тоб овар. 4 Ҳеҷ сарбоз худро бо корҳои рӯзгор банд намекунад, то ки ба сипаҳсолор писанд афтад. 5 Ва агар касе мубориза кунад ҳам, соҳиби тоҷ намешавад, агар ғайриқонунӣ мубориза карда бошад. 6 Зироаткори меҳнаткаш бояд аввалин шахс бошад, ки аз ҳосил баҳра барад. 7 Он чи мегӯям, бифаҳм ва Худованд дар ҳама чиз ба ту фаҳм хоҳад дод. 8 Исои Масеҳро дар хотир нигоҳ дор, ки аз насли Довуд буд ва аз мурдагон эҳьё шуд, ба ҳасби башорати ман, 9 Ки барои он, мисли бадкоре, то ба дараҷаи занҷирҳо уқубат мекашам, аммо каломи Худо ба занҷирҳо банд нест. 10 Бинобар ин ман ба ҳар чиз ба хотири баргузидагон сабр мекунам, то ки онҳо низ ба наҷоте ки дар Исои Масеҳ аст, бо ҷалоли абадӣ ноил шаванд. 11 Дуруст аст ин суҳан: агар бо Ӯ мурда бошем, бо Ӯ зиндагӣ ҳам хоҳем кард; 12 Агар тоқат оварем, бо Ӯ салтанат ҳам хоҳем ронд; вале агар инкор кунем, Ӯ низ моро инкор хоҳад кард; 13 Агар мо бевафо бошем, Ӯ вафодор аст, зеро ки Худро инкор карда наметавонад. Огоҳонидан аз баҳсу мунозираи бефоида. 14 Ҳаминро хотиррасон карда, ба ҳузури Худованд ба онҳо дастур деҳ, ки ба баҳсу мунозира машғул нашаванд, ки он ҳеҷ фоида намебахшад, балки шунавандагонро парешонхотир месозад. 15 Саъю кӯшиш намо, ки худро ба Худо муносиб нишон диҳӣ, ҳамчун коркуне ки хиҷил намешавад ва каломи ростиро дуруст мавъиза мекунад. 16 Вале аз ёвагӯии ношоям канорагирӣ намо; зеро ки ин кор мардумро боз ҳам зиёдтар ба маъсият гирифтор хоҳад кард, 17 Ва суханашон, ҳамчун мараз, паҳн хоҳад шуд. Дар миёни онҳо Ҳумниюс ва Филитус ҳастанд, 18 Ки аз ростӣ дур шуда, мегӯянд, ки «эҳьё аллакай воқеъ шудааст», ва имони баъзеро хароб мекунанд. Калисои ҳақиқӣ устувор аст. 19 Аммо буньёди матини Худо қоим аст ва чунин мӯҳре дорад: «Худованд мансубони Худро мешиносад»; ва боз: «Ҳар кӣ исми Худовандро мехонад, бигзор аз шарорат канорагирӣ намояд». 20 Вале дар хонаи калон на танҳо зарфҳои тилло ва нуқра, балки чӯбин ва гилин ҳам ҳаст, ва аз онҳо баъзе барои истеъмоли иззатнок аст, ва баъзе барои истеъмоли зиллатнок. 21 Пас, ҳар кӣ худро аз инҳо пок кунад, зарфе барои истеъмоли иззатнок хоҳад буд, ки он муқаддас ва қобили истифодаи соҳибаш мебошад ва тайёр ба ҳар амали нек. Дар бораи рафтори дуруст. 22 Аз шаҳавоти ҷавонӣ бигрез ва бо ҳамаи онҳое ки Худовандро аз самими қалб мехонанд, аз паи адолат, имон, муҳаббат ва осоиштагӣ бирав. 23 Аз мубоҳисаҳои аблаҳона ва ҷоҳилона канорагирӣ намо, чун медонӣ, ки онҳо ҷанҷолҳоро ба вуҷуд меоваранд; 24 Лекин бандаи Худованд набояд ҷанҷол кунад, балки бо ҳама меҳрубон, омӯзгор ва сабур бошад, 25 Бо фурӯтанӣ мухолифонро насиҳат диҳад, ки шояд Худо ато фармояд, ки онҳо тавба карда, ба дониши ростӣ бирасанд 26 Ва аз доми иблис раҳоӣ ёбанд, ки вай онҳоро асири иродаи худ гардондааст. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden